АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
Рушди илм ва пайвасти он ба амнияти кишвар: Бардошт аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар низоми давлатдории муосир, Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтару хубтари зиндагӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани нуфузи Ватани азизамон – Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят муҳим доранд.
Тавре ҳамагон огоҳ ҳастанд 28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки он фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон буд. Ба ибораи дигар Паём аз нигоҳи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, таҳлили равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, дастуру супоришҳо барои оянда амалӣ намудани вазифаҳои стратегӣ ва рушди минбаъдаи мамлакат, воқеаи муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишвар ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки Паёмро сухани самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҳамватан, пайғоми пурнишот барои насли имрӯзу фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон арзёбӣ мекунанд.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар мавзуоти муҳими рӯз, боз ҳам ба масъалаи таъмини амнияти давлат ва ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд: «Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб ва «ҷанги сард» … моро водор месозанд, ки тадбирҳои саривақтӣ андешем».
Воқеан дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ бинобар манфиатҳои геопалитикии як қатор давлатҳо муноқишаҳои сиёсӣ шиддат мегиранд. Кӯшишҳои аз нав тақсимкунии ҷаҳон миёни давлатҳои қудратманд яке аз ҳадафҳои асосии гурӯҳҳои манфитдор маҳсуб ёфта, ин раванд бо усулҳои нав ва сенарияҳои гуногун авҷ гирифта, ҷаҳони муосирро ба як буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ табдил додааст, ки баъзан бо анҷом ёфтани террору ҷангҳои хунини қавмӣ ва динӣ-мазҳабӣ сурат мегирад.
Дар робита бо ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки: «Таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти марбута дар ин самт тамоми чораҳоро меандешанд. Аз ҷумла ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад. Дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст».
Дар баробари ин ҳама, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони имрӯз бо эътимоду боварии хос баҳои мусбат дода, таъкид намуданд, ки онҳо нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.
Аз ин лиҳоз дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад. Ҷавонон бояд соҳибилму донишманд бошанд ва дар рушди илму технологияи муосир саҳми арзишманд гузоранд. Зеро ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир, аз ҳар як ҷавонони кишвар тақозо мекунад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. Чунки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ намудан дар таълиму тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ, фароҳам наовардани муҳити мусоид барои насли ҷавон ҷиҳати андӯхтани илму ҳунар ва сайқал додани касбу ихтисос мебошад.
Дар ин самт Агентии амнияти химиявӣ,биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Аакадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҷиҳати татбиқи банҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид тавассути Маркази омӯзишии минтақавии худ оид ба масъалаҳои пешгирии паҳншавии силоҳи қатли ом ва назорати содиротӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон барои мутахассисони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ давраҳои омӯзишӣ баргузор намуда, савияи дониши онҳоро дар самти пешгирии паҳнашавии силоҳи қатли ом баланд мебардорад.
Яке аз дастовардҳои назаррас дар самти таъмини амният ва рушди маориф ин ифтитоҳи бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки таҳти ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёд ва таърихи 29 октябри соли 2024 ба истифода дода шуд, ки идомаи мантиқии сиёсати маорифпарварона ва таваҷҷуҳ ба аҳли зиёи мамлакат арзёбӣ мегардад.
Маркази минтақавии мазкур на танҳо барои таҳлили корҳои илмию таҳқиқотии босифат, балки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба амнияти кишвар ва кӯмак барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имконият медиҳад. Марказ ба ҳайси платформа барои табодули таҷриба, гузаронидани конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ дар оянда хидмат намуда, барои ташаккули ҷомеаи илмӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои амнияти ҷисмонӣ ва пешгирии паҳншавии маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ равона шудааст, саҳм мегузорад.
Дар ин ҷода, ифтитоҳи Маркази мазкур афзалиятҳои стратегӣ ва дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими амният ва рушди илм дар минтақа инъикос намуда, инчунин садоқати кишварамонро ба ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи паҳн накардани аслиҳа ва мубориза бо терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом тасдиқ мекунад.
Дар воқеъ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам роҳанмои фаъолияти самарабахш ва сарчашмаи ҳама дастовардҳои арзанда, аз ҷумла рушди соҳаи илму маориф, таъмини амният дар даврони соҳибистиқлолӣ буда, ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони азизро таҷассум менамояд.
Матин Ахмедов, Бахтиёр Баротов, –
муовинони директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Почтаи электронӣ:
info@cbrn.tj