CАДА ЧУН ДИГАР ҶАШНҲОИ БОСТОНӢ, ДОРОИ АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ ВА ФАРҲАНГИСТ
Бо гузашти замон ва таҳавулотӣ иҷтимоӣ таҷлили ҷашни сунатии мардуми ориётабор аз ҷумла тоҷикон арзишҳои маънавии худро пайдо мекунад. Ҷашни сада низ ба монанди дигар ҷашнҳои бостонӣ ҳамчун як ҷузъи муҳим ва рамзи шукӯҳу шодмонӣ, дорои арзишҳои маънавӣ ва фарҳангӣ аст.
Ин ҷашн пайғоми ҳамрайъӣ руҳбаландӣ ва иртиботи инсон бо табиат мебошад.Ҷашни сада реша дар фарҳанги бостонӣ ориёӣ ва оини зардуштӣ дорад. Дар фалсафаи зардушти оташ рамзи равшанӣ, покӣ ва нерӯи созандагӣ мебошад. Бинобар ин ривоятҳо, асосан дар байни мардум ва дар осори бостонӣ, чун «Шоҳнома» гувоҳи он аст, ки аввалин маротиба Ҳушанг шоҳи афсонавӣ оташро кашф намуд ва онро ҳамчун рамзи равшанӣ, покӣ ва гармӣ шодгузорӣ кард.
Дар дигар ривоятҳо сада ҳамчун ҷашни омодагӣ ба истиқболи Наврӯз, баҳор, рамзи эҳёи табиат ва идомаи зиндагии нав мебошад.
Ҷойгоҳи ҷанши сада дар фарҳанг
Сада яке аз ҷашнҳои бостонии ориёист, ки ҷойгоҳи баланд дар фарҳанги тоҷикон ва форсизабонон дорад. Ин ҷашн, ки бо оташ афрӯхтан ва таҷлили рӯшноӣ шинохта мешавад, рамзи илму тамаддун ва нерӯи инсон бар табиат мебошад.
Имрӯзҳо дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои форсизабон сада бо риояи суннатҳои қадима, таҷлил мешавад. Ҳамаи ин ҷашнҳо аз ҷумла, сада, ки решаҳои амиқи таърихӣ - фарҳангӣ доранд ва дар ҳифзи ҳуввияти миллии мардуми тоҷик нақши бузург дорад.
Сад шаб бимонад то наврӯз,
Баҳор ояд бо руи рӯз.
Сада расми дерин, ёди ниё,
Рамзи ҳаёт асту бахти наку.
Тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои ориёӣ мебошанд, ки дар ташаккули тамаддуни башарият, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои форсзабон нақши калидӣ доштанд ва бунёдгузори яке аз қадимтарин давлатҳои ҷаҳон ва меросбари фарҳанги бостонӣ ориёӣ мебошанд. Хулоса, сада натанҳо ҷашни фаслҳо, балкӣ рамзи ҳамбастагии ҷомеа низ, унвон мегардад.