Дар ҳудуди Тоҷикистон пиряхҳо дар мавзеи кӯҳҳои баланд, дар он ҷойҳое, ки ҳарорати ҳаво доимо аз 0° паст аст, пайдо шудаанд. Аз сабаби он, ки 93%-и ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол кардаанд ва қариб 50%-и онҳо зиёда аз 3000 метр баландӣ доранд. Кӯҳҳои Тоҷикистон яке аз калонтарин марказҳои яхбандии доимӣ мебошанд. Марказҳои асосии яхбандии ҳудуди Тоҷикистон – силсилакӯҳҳои Помир, Ҳисору Олой, Туркистону Зарафшон мебошанд.
Пиряхҳо аз се як ҳиссаи оби солона ва қариб 50%-и сарчашмаҳои тобистонаи оби дарёҳоро ташкил медиҳанд. Мутаассифона, ҳаҷми захираи ях ва масоҳати онҳо доимӣ набуда, вобаста ба тағйир ёфтани иқлим ҳаҷман кам ва масоҳаташон маҳдуд мешавад. Мувофиқи мушоҳидаҳо, ин ҳодиса дар ҳар 12–15 сол ва тақрибан 30–70 сол дар натиҷаи тағйири иқлим ба вуҷуд меоянд. Омӯзиши пирях нишон дод, ки масоҳати онҳо сол аз сол хурд шуда истодааст.
Дар шароити имрӯза гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушк шудани чашмаву дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар пайомадҳои офатҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалӣ мубаддал гашта, ба иқтисодиёт ва ҳаёти мардуми осоиштаи дунё рӯз ба рӯз таъсири манфӣ мерасонанд.
Имрӯзҳо захираҳои об зери таъсири хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус, ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди «неруи сабз» ва пойдории табиат таъсир мегузорад. Бино ба хулосаи коршиносон, имрӯз дар олам зиёда аз 2 миллиард нафар аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашад.
Албата ин гуна суханрониҳо диққати ҷаҳониёнро басо рангин месозад. Бояд дар ин раванд мо бикӯшем то ки обро неъмати бебаҳо дониста онро тозаву озода ва покиза нигаҳ дорем. Бе об, мо ҳаёт ба сар бурда наметавонем, чунки об ин манъбаи ҳаёт мебошад. Об ин нерӯдиҳандаи инсон ба шумор рафта, 80% узви бадани инсонро об ташкил медиҳад. Агар инсон аз об танқисӣ кашад, пас он зиндагонӣ карда наметавонад.