Маҷлисҳо ва чорабиниҳои Клуб на камтар аз як маротиба дар як моҳ гузаронида мешаванд. Нақшаи корӣ ҳамасола, на дертар аз 15 январ тартиб дода мешавад. Қарори маҷлиси Клуб салоҳиятнок ҳисобида мешавад, агар дар он на камтар аз 2/3 аъзои он иштирок кунанд.
Шакли асосии кор, маҷлис мебошад.
Қарорҳои Клуб характери тавсиявӣ доранд.
Дар ҷаласаи Клуб протоколҳо нигоҳ дошта мешаванд, ки онро раис имзо мекунад. Бо мақсади банақшагирӣ ва ташкили чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, нусхаи протокол дар муддати се рӯз ба маъмурияти Агентӣ фиристода мешавад.