АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
Ҳамкории байналмиллалӣ
Яке аз самтҳои асосӣ дар фаъолияти Агентӣ - ин ҳамоҳангсозии корҳо бо ташкилоти байналмилалӣ ба шумор меравад. Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ бо як қатор ташкилоти байналмилалӣ ҳамкории зич дорад, аз он ҷумла:
ҲАМКОРӢ БО АБНА
Пас аз он, ки дар соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Агентии байналмиллалӣ оид ба энергияи атом (АБНА) гардид, зиёда аз 20 лоиҳаҳои миллӣ дар кишвар татбиқ карда шу два 3 лоиҳа барои солҳои 2018-2019 пешниҳод карда шудааст. Ҳашт лоиҳаҳо ба итмом расида, лоиҳаҳои дигар дар марҳилаи охир қарор доранд. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиёда аз 40 лоиҳаҳои минтақавӣ иштирок менамояд, ки 20-тои онҳо ба итмом расидаанд ва боқимонда бошад татбиқ гардида истодаанд.
Истифодабарандагони лоиҳаҳои миллӣ ва минтақавӣ дар Тоҷикистон муассисаҳои тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ғайра мебошанд.
ҲАМКОРӢ БО ФЕДЕРАТСИЯИ РУССИЯ ВА ДИГАР ДАВЛАТҲОИ СДМ
Агентӣ ҳамкории хубро бо Федератсияи Руссия ва дигар давлатҳои СДМ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ба роҳ мондааст.
Дар доираи амалишавии Барномаи чорчӯбавии ҳамкорӣ бо аъзо-давлатҳои СДМ дар соҳаи истифодабарии энергияи атом бо мақсадҳои осоишта то солҳои 2020 «ҲАМКОРИИ «АТОМ-СДМ» ва бо назардошти масъалаи муҳими солимгардонии партовгоҳҳои саноати урании Шимоли Тоҷикистон, ҳамкорони мо дар амалишавии Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ «Солимгардонии ҳудудҳое, ки аз саноати истеҳсоли уран осеб дидаанд», иштироки фаъол меварзанд.
Мутахассисони зиёди ҷавон аз муассисаҳои гуногун мунтазам давраҳои омӯзишӣ оид ба омодагии касбӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ихтисос дар соҳаи истифодабарии энергияи атом бо мақсадҳои осоишта барои аъзо-давлатҳои СДМ дар ДМҲТ МИФИ, ҷараёни байналмиллалии маориф дар форумҳои ҳарсолаи байналмиллалии «ФОРСАЖ» ва инчунин дар соҳаи физикаи радиатсионӣ барои физикҳои тиббӣ, саратоншиносони радиатсионӣ ва рентгенологҳо дар маркази илмии саратоншиносии Руссия ба номи Н.Н.Блохина дар асоси лоиҳаҳои омӮзишӣ, иштирок меварзанд. Инчунин мутахассисони ҷавони мо, олимон ва аспирантҳо дар мактаб-интернет, ки ташкилкунандаи он Копоратсияи давлатии «РОСАТОМ» ва донишгоҳи миллии ҳастаии тадқикотӣ «МИФИ» мебошад, таҳсил мекунанд.
Зиёда аз 18 мутахассисони ҷавони Агентии мо дар магистратураи Донишгоҳи байналмиллалии экологӣ ба номи А.Д.Сахаров дар шаҳри Мински Беларус таҳсил намудаанд. Айни замон низ (сс.2016-2017) ду корманди мо дар магистратураи дар боло номбурдашуда таҳсил карда истодаанд.
Агентии мо дар соҳаи таҳияи санадҳои меъёрию-ҳуқукӣ ва меъёрию-техникӣ ва ҳамоҳангкунии онҳо бо стандартҳои байналмилалӣ, дар баробари ҳамкории худ бо АБНА, инчунин ҳамкории хубро бо Мақомотҳои танзимгари аъзо-давлатҳои СМД ба роҳондааст.
ҲАМКОРИҲО БО ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО
Комиссияи танзимкунии ядроӣ
Ду лоиҳа амалӣ гаштааст. Лоиҳа оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, бо мақсади такмил додан ва ҳамоҳангсозӣ он бо стандартҳои байналмиллалии АБНА дар ин соҳа.
Лоиҳа оид ба гузаронидани бақайдгирии ҳамаи манбаъҳои афканишоти ионофар ва моддаҳои радиоактив дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷамъ овардани маълумот оиди мавҷудияти кулли манбаъҳои радиоактивӣ дар ҷумҳурӣ. Базаи маълумотии RASOD (Regulatory Authority Software Database) таъсис дода шудааст, ки ба он ҳамаи маълумотҳои аз 4 минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварда ҷой карда шудааст.
ДЕПАРТАМЕНТИ ЭНЕРГЕТИКА
Лоиҳаҳои зерин амалӣ гаштаанд:
Почтаи электронӣ:
info@cbrn.tj