АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
БАРНОМАИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА СОЛИМГАРДОНИИ МАҲФУЗГОҲҲОИ ПАРТОВҲОИ КОРКАРДИ МАЪДАНИ УРАН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2024
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" июли соли 2016, № 329 тасдиқ шудааст.
ШИНОСНОМАИ Барномаи татбиқи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран
БАРНОМА
Номгӯи Барнома |
барои солҳои 2016 – 2024
|
Мӯҳлати татбиқи Барнома |
Солҳои 2016 – 2024 |
Асоси таҳияи Барнома |
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ", Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2014, № 505 "Дар бораи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран 2014 – 2024" |
Таҳиягарони Барнома |
Вазорати саноат ва технологияҳои нав, КВД "Фулузоти нодири Тоҷикистон", Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Ҳадафҳои асосии Барнома |
1. Таъмин намудани амнияти зисти аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист дар минтақаи таъсири объектҳои мероси саноати уранӣ. 2. Муҳайё намудани шароитҳои рушди устувори иқтисодии маҳалҳои ҷойгиршавии объектҳои мероси уранӣ. |
Вазифаҳои асосӣ |
1. Такмил ва ҳамоҳангсозии заминаи қонунгузорӣ ва меъёрии идоракунии амният ва солимгардонии объектҳои мероси уранӣ, аз ҷумла: - муносибгардонӣ ва муқарарсозии меъёрҳои миллии таъмини бехатарӣ ва амалигардонии самарабахши чорабиниҳои солимгардонӣ; - таҳияи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ; - ҷорӣ кардани қоидаҳои гузаронидани экспертизаи байнадмилалӣ; - такмили расмиёти арзёбии самарабахшиии чорабиниҳои иҷрошаванда; - идоракунии маълумотҳои мониторингӣ, назоратӣ ва ғайра. 2. Ба вуҷуд овардани низоми самараноки назорати бехатарии муомилот бо партовҳои коркарди маъданҳои уранӣ ва идоракунии дарозмуддати бехатари майдонҳои объектҳои мероси уранӣ, аз ҷумла: - арзёбии вазъ дар асоси гузаронидани барӯйхатгирӣ ва шиносномакунонии объектҳои мероси уранӣ; - таҳия ва татбиқи барномаҳои дастгирии низоми иншоотии мониторинг ва назорати техникӣ; - таъмини барномаи мониторинги инфиродии ҳайати кормандон ва пешбурди феҳристи бақайдгирии шуоъгирӣ; - таҳияи нақшаҳои муҳофизати радиатсионӣ зимни иҷрои чорабиниҳо ва барномаҳои назорати институсионалӣ дар давраи баъд аз анҷомёбии фаъолияти солимгардонӣ. 3. Рушди инфрасохтори техникии зерсохторҳо ва иқтидори кадрии оператору танзимгар ҷиҳати амалигардонии самарабахши вазифаҳояшон. 4. Беҳтаргардонии шароитҳои иҷтимоиву иқтисодии зисти аҳолӣ дар ҳудуди минтақаҳои таъсири объектҳои собиқ истеҳсолоти уранӣ. 5. Ташкил кардани шароитҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ барои дастгирии барномаҳои фаъолияти солимгардонӣ. |
Маблағҳои зарурӣ ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ |
Татбиқи Барнома аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла маблағҳои Буҷети давлатӣ, ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва кӯмакҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад. Барои амалӣ намудани як қатор вазифаҳои Барнома таъмини мониторинги радиоэкологӣ ва назорати техникӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ трансфертҳои мақсаднок пешбинӣ гардидаанд (дар соли 2015 – 500, 0 ҳазор сомонӣ). Дар назар аст, ки маблағгузорӣ дар ин самт минбаъд низ идома меёбад, ҳамчунин мувофиқи рӯйхати пешниҳодшавандаи чорабиниҳои аввалиндараҷа афзун мегардад. Маблағгузории корҳо оид ба иҷрои вазифаҳои алоҳидаи Барнома бо лоиҳаҳои мушаххас оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамчунин дар доираи маблағгузории буҷетӣ барои иҷрои вазифаи оператори майдонҳои мероси уранӣ тибқи рӯйхати пешниҳодшудаи чорабиниҳои аввалиндараҷаи Барномаи мазкур, муайян карда хоҳад шуд. Ҳаҷми мамблағгузории ҳарсолаи Барнома ҳангоми ташаккули буҷет барои соли молиявии дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар назар аст, ки маблағгузории зарурӣ барои ҷиҳозонидани озмоишгоҳҳои ташхисӣ ва таъминоти моддиву техникии фаъолияти ташкилоти оператор (Корхонаи махсусгардонидашудаи КВД "Фулузоти нодири Тоҷикистон") ва озмоишгоҳҳои мақоми тазимкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин омӯзиши мутахассисон асосан аз ҳисоби лоиҳаҳои кӯмаки байналмилалии техникӣ, аз ҷумла дар доираи лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ ва дигар барномаҳо иҷро карда мешавад. Хароҷоти амалиётии озмоишгоҳҳо ва гурӯҳҳои назорати санҷишӣ аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи мазкур, мисли дигар чорабиниҳои дар замима дарҷгардида, иҷро карда мешаванд. Дар назар аст, ки корҳо оид ба баҳодиҳии бехатарӣ ва таҳияи асосноккунии техникиву иқтисодии (АТИ) чорабиниҳо, хусусан, барои объектҳои шаҳри Истиқлол, Деҳмой ва чанде дигар, ҳамчунин маблағгузории як қатор чорабиниҳои муҳандисӣ дар доираи барномаҳои комплексии кӯмаки техникии Комиссияи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба истифодаи энергияи атом бо мақсадҳои осоишта ва лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо иҷро карда мешаванд. Ҳамчунин дар назар аст, ки соли 2017 фонди кишварҳои донор таъсис гардида, имкони иҷрои корҳоро барои ба ҳолати бехатар овардани якчанд майдонҳои меросии истеҳсолоти ураниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад. Корҳо оид ба таъмини назорати танзимӣ ва техникии ин лоиҳаҳо дар доираи буҷети Барномаи мазкур маблағгузорӣ мегарданд.
|
Натиҷаҳои пешбинишаванда |
Дар натиҷаи амалӣ шудани Барномаи мазкур натиҷаҳои пешбинишавандаи зерин ба даст оварда мешаванд: 1. Стандартҳои миллӣ (меъёрҳо ва қоидаҳо), банақшагирӣ ва иҷрокунии чорабиниҳои солимгардонии объектҳои мероси уранӣ мувофиқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ мукаммал гардонида мешаванд. 2. Барномаи иншоотии мониторинг ва назорати техникӣ, ҳамчунин барномаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар майдонҳои меросӣ, чун воситаи дастгирӣ ва таъмини назорати радиатсионӣ, ҳамчунин барои арзёбии самарабахшии иҷрои чорабиниҳои солимгардонӣ таҳия ва муносиб гардонидашуда, мунтазам иҷро карда хоҳанд шуд. 3. Ташкилотҳои (операторҳои) майдонҳои меросии истеҳсолоти уранӣ беҳтар омода мешаванд ва метавонанд самараноктар вазифаҳои назорати бехатарии майдонҳои меросиро иҷро намуда, дар ҳолатҳои садамавӣ сари вақт эътино намоянд, ҳамчунин иттилоотонии мақомоти маҳаллии ҳокимият ва аҳолиро дар масоили банақшагирӣ ва амалисозии лоиҳаҳои фаъолияти солимгардонӣ иҷро намоянд. 4. Дар яқҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ барномаҳои комплексии банақшагирии марҳилавӣ ва амалисозии чорабиниҳои солимгаррдонӣ бо истифода аз фондҳои кӯмакҳои байналмилалӣ, ҳамчунин фондҳои миллӣ таҳия ва тайёр карда мешаванд. Маблағгузории чорабиниҳои назорати танзимӣ ва техникӣ дар доираи Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки самарабахшии иҷро ва устувории натиҷаҳои амалисозии лоиҳаҳои кӯмаки байналмилалӣ таъмин карда шаванд. 5. Низоми такмили тахассус ва омодагардонии кадрҳои миллӣ дар соҳаи банақшагирӣ, амалисозии фаъолияти солимгардонӣ, амнияти радиатсионӣ, муомилот бо партовҳо, дастгирии таҳлилии барномаи мониторинг ва назорати техникӣ ташкил карда мешавад. 6. Низоми иттилоотию таҳлилӣ ва маҳзани маълумот оид ба ҳолати объектҳои мероси уранӣ, маълумотҳои мониторинг ва чорабиниҳои рекултиватсионии амалишаванда (шиносноманоккунонии объектҳои мероси уранӣ) ташкил карда мешавад. 7. Бар асари амалӣ гардидани чорабиниҳо дар доираи Барномаи мазкур дар объектҳои мероси уранӣ идорашавандагии майдонҳои мазкур таъмин хоҳад шуд, ки барои ҷалби маблағҳо ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои солимгардонӣ мусоидат менамояд. Шароитҳои иҷтимоию иқтисодии рушди минтақаҳои аз таъсири объектҳои мероси уранӣ осебдида беҳтаргардида, ҷолибияти сармоягузорӣ барои эҳёи ҳудудҳои ҷойгиршудаи объектҳои мероси уранӣ баланд мегардад, ҳамчунин хавфи таъсироти манфии объектҳои мероси уранӣ ба саломатии одамон ва муҳити зист кам мегардад.
|
МУҚАДДИМА
- ҳамоҳангсозии стандартҳои миллӣ бо стандартҳои асосии Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (АБЭА) ва беҳтарин таҷрибаҳои ҷаҳонӣ, муносибгардонӣ ва муқаррарнамоии талаботи самараноки танзимӣ, меъёрҳои таъмини бехатарӣ, меъёрҳо, қоидаҳои омодасозӣ ва гузаронидани чорабиниҳои солимгардонӣ;
- иштирок намудани кадрҳои миллӣ дар тайёр намудани лоиҳаҳо, экспертиза, иштирок дар иҷрои чорабиниҳои муҳандисӣ ва таъмин намудани назорат аз бехатарӣ ва самаранокии гузаронидани чунин лоиҳаҳо;
- иҷро намудани барномаи мониторинг ва назорати техникӣ дар объектҳои меросӣ мувофиқи талаботҳои танзимӣ;
- таҳия ва иҷрои барномаи дарозмуддати идоракунии майдонҳои меросӣ (бозбинии институтсионалӣ) баъди овардани онҳо ба ҳолати бехатар (аз ҷумла, онҳое, ки давлатҳо-донорҳо ё аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мегарданд).
Таъмини санҷиши бехтарии истиқомат дар паҳлуи чунин объектҳо, идоракунӣ ва хизматрасонии майдонҳои мероси уранӣ, хизматрасонии объектҳои муҳандисӣ ва дигар вазифаҳои муҳими таъминкунандаи устувории чорабиниҳо барои давраҳои тулонӣ вазифаҳое мебошанд, ки бояд аз ҷониби кадрҳои миллӣ ҳал гарданд ва дар доираи барномаҳои миллӣ маблағгузорӣ шаванд. Дар доираи Барномаи миллӣ муҳим аст якчанд чорабиниҳо амалӣ шаванд, ки имкони мутобиқкунонии стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёриро медиҳанд, ҳамчунин иқтидорҳои кадриро дар ҷумҳурӣ барои иштирок дар барномаҳои дарозмуддати фаъолияти солимгардонӣ ҳавасманд мегардонанд. Самтҳои асосии тайёр намудани кадрҳо дар доираи иҷрои Барномаи мазкур бояд чунин бошанд: санҷиши экологӣ ва радиатсионӣ, муҳофизати радиатсионӣ аз шуоъхўрии ионзо, масоили мониторинг ва назорат, технология ва усулҳои муҳандисии идоракунии бехатарии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва партовҳои меросии истеҳсолоти уран ва ҷалби аҳолӣ барои қабул намудани қарор.
1. ҲОЛАТИ КУНУНИИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСӣ ВА МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБ
- марҳилаи аввал солҳои 2013-2016;
- марҳилаи дуюм солҳои 2017-2018.
- таъмин намудани зиндагии бехатари аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист дар ҷойҳои ҷойгиронии объектҳои мероси уранӣ;
- муҳайё намудани шароитҳои рушди устувори маҳалҳои ҷойгиршавии объектҳои мероси уранӣ дар натиҷаи ба ҳолати бехатар овардани онҳо.
- такмили заминаи қонунгузорӣ ва меъёрии идоракунии бехатарӣ ва солимгардонии объектҳои мероси уранӣ, аз ҷумла муносибгардонӣ ва муқаррар намудани меъёрҳои миллии таъмини бехатарӣ ва амалигардонии самараноки чорабиниҳои солимгардонӣ;
- ташкили низоми самараноки назорати бехатарии муомилот бо партовҳои коркарди маъданҳои уранӣ ва идоракунии дарозмуддати бехатарии майдонҳои ҷойгиршавии объектҳои меросии уранӣ, аз ҷумла: таҳия ва татбиқи барномаҳои дастгирии низоми иншоотии мониторинг ва назорати техникӣ; нақшаҳои муҳофизати радиатсионӣ зимни амалисозии чорабиниҳо ва барномаҳои назорати институтсионалӣ дар давраи баъд аз анҷомёбии фаъолияти солимгардонӣ;
- такмилдиҳии инфрасохтори техникии зерсохторҳо ва иқтидорҳои кадрии оператор ва регулятори объектҳои мароси уранӣ барои самаранок иҷро намудани вазифаҳояшон;
- такмили шароитҳои иҷтимоиву иқтисодии истиқомати аҳолӣ дар ҳудудҳои минтақаҳои таъсири объектҳои собиқ истеҳсолоти уранӣ;
- фароҳам овардани шароитҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузории баймилалии дастгирии барномаҳои фаъолияти солимгардонӣ.
- якҷоя бо оператор стратегия ва барномаи (нақшаи) гузаронидани чорабиниҳои солимгардониро таҳия менамояд;
- мутобиқати стратегияи пешниҳодшударо бо меъёрҳои қонунгузорӣ ва танзимии амалкунанда арзёбӣ менамояд, ҳангоми зарурат мувофиқа мекунад ё ҳуҷҷатро барои такмилдиҳӣ мефиристад;
- меъёрҳои ҳолати охирони майдон - радиологӣ ва экологӣ (маҳдудиятҳои дозавӣ, дараҷаи санҷиши ифлосшавӣ, озод шудан аз санҷиши танзимӣ ва ғайра), ҳамчунин меъёрҳои бехатарии истифодаи заминро баъди анҷоми чорабиниҳо муқаррар менамояд; - шароити иҷозатномадиҳиро барои иҷрои самараноки чорабиниҳо, аз ҷумла талабот оид ба таъмини бехатарӣ, мониторинги муҳити зист, иазорати ҳолати объектҳо ва сифати корҳо таҳия менамояд;
- назорати танзимии натиҷаҳо ва самаранокии иҷрои Барномаро таъмин менамояд;
- нақшаҳои назорати техникии дарозмуддат ва институтсионалиро (аз ҷумла танзимиро) мувофиқа ва тасҳеҳ менамояд.
- таъмин намудани санҷиш ва мониторинги ҳолати объектҳои мероси уранӣ ва мунтазам гузаронидани баҳодиҳии таъсири онҳо ба муҳити зист, муайянсозии объектҳои меросӣ, ки мувофиқи талаботи танзимӣ ва меъёрҳои бехатарӣ чорабиниҳои муҳофизатиро талаб менамоянд;
- гузаронидани назорати техникӣ, ташкил ва ҳамроҳии чорабиниҳои техникӣ дар марҳилаи омодасозӣ, амалисозӣ ва пас аз анҷомёбии чорабиниҳои солимгардонӣ (санҷиши институтсионалӣ);
- таъмин намудани нигоҳдорӣ ва идоракунии ҳамаи маълумотҳои дастрас оид ба ҳолати майдонҳо, натиҷаҳои баҳисобгирӣ, мониторинг ва чорабиниҳо, ки ягон вақт иҷро гаштаанд ё дар майдонҳои мероси уранӣ иҷро мешаванд, муайянсозии объектҳои меросӣ барои гузаронидани чорабиниҳои аввалиндараҷа, мусоидат намудан ба иҷрои самараноки баҳодиҳии бехатарӣ ва дар омодасозии чорабиниҳои солимгардонӣ; - иштирок намудан дар таҳияи стратегия ва барномаҳои чорабиниҳои солимгардонӣ дар объектҳо (дар ин маврид якҷоя бо Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони байналмилалӣ). Гузаронидани мурофиаи ҷамъиятӣ ва мувофиқа намудани нақшаи чорабиниҳо бо аҳолии маҳаллӣ, ташкилотҳои манфиатдор, ҳамчунин стратегияи дарозмуддати истифодаи чунин майдонҳо пас аз анҷоми Барнома мувофиқи меъёрҳои вазъи ниҳоӣ, ки дар Стратегияи миллӣ муқаррар гардидааст;
- гирифтани иҷозатнома бораи иҷрои корҳо, муайян намудани пудратчии мутасаддӣ, таҳия намудани барномаи кор ва ҷадвали муфассали иҷро намудани вазифаҳо ва марҳилаҳои мустақиман ё дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои лоиҳавии шарикӣ дар доираи лоиҳаҳои миллӣ ва байналмилалӣ;
- ташкил намудани тендер ва тартиби санҷиши иҷро ва сифати корҳо барои иҷрокунандагони Барнома;
- мустақиман ё дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои лоиҳавӣ иштирок намудан дар таҳия намудани лоиҳаи консептуалии (тарҳи) чорабиниҳо, асосноккунии техникиву иқтисодӣ, тайёр намудани ҳисобот дар бораи бехатарӣ ва арзёбиӣ таъсир ба муҳити зист, таҳлил ва гузаронидани чорабиниҳои экспертии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ҳамчунин мустақиман ё дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои пудратӣ таъмин намудани чорабиниҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии иншооти муҳандисӣ;
- арзёбии таъсир ба муҳити зист, ҳалли лоиҳавӣ, чорабиниҳои муҳандисӣ, барномаи мониторинги иншоотӣ мувофиқи роҳҳои афзалиятноки шуъохўрӣ ва таъсир ба муҳити зист;
- тайёр намудани ҳисобот ва маълумот барои мақоми танзимгар ва мақомоти идоракунии давлатӣ оид ба ҳолати объектҳо, рафти иҷрои корҳо, ҳамчунин оид ба ягон ҳолати хусусияти фавқулоддадошта ё мухолифати иҷрои фаъолият ба расмиёти муқарраргардида, талабот ё шартҳои иҷозатномавӣ дар давраи гузаронидани чорабиниҳо ва санҷиши институтсионалии дарозмуддат дар давраи пас аз солимгардонӣ.
а) омилҳои беруна:
- имконнопазирии амалишавии барномаҳои байналмилалии ҳамкории техникӣ ё дигар шароитҳои объективии пасткунандаи ҳаҷм ва самаранокии ҳамкориҳои байналмилалии техникӣ;
- қарорҳои лоиҳавӣ, ки дар натиҷаи экспертизаи байналмилалӣ такмили лоиҳаҳо ё маблағгузории иловагии бо қарорҳои лоиҳавӣ пешбининашударо талаб менамоянд;
- тағйир ёфтани шароити сиёсии ҳамкорӣ ё дигар ҳолати форс-мажории мустақил, ки метавонанд ба қатъ ё ба дигар мўҳлат гузаронидани кўмакрасонӣ оранд.
б) омилҳои дохилӣ:
- номукаммалии меъёрҳо ва қоидаҳои банақшагирӣ ва таъмини барномаи чорабиниҳои солимгардонӣ;
- мавҷуд набудани механизми самараноки идоракунии майдонҳои меросӣ, нокифоягии иштирок ва сатҳи тахассусмандии кадрҳои миллӣ, кори бесамари оператор, мавҷуд набудан ё механизми бесамари маблағгузории чорабиниҳои Барнома аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- таъсиси заминаи меъёриву танзимии самараноки идоракунии майдонҳои мероси уранӣ ва партовҳои истеҳсолоти уранӣ;
- баҳисобгирии объектҳои собиқ истеҳсолоти уранӣ;.
- ташкили санҷиши танзимӣ, мониторинг ва назорати техникӣ дар объектҳои мероси уранӣ, ки имконияти пешгирӣ намудани воридшавии беназоратро ба майдонҳои меросӣ, вайронсозии монеаҳои амалкунандаи бехатарӣ ва истифодаи беназорати майдонҳо, масолеҳи меросӣ ва партовҳои радиоактивиро дар объектҳои мероси уранӣ медиҳад;
- банақшагирии асоснокшуда ва муносибгардонии чорабиниҳо дар мувофиқа бо лоиҳаҳои байналмилалии ҳамкорӣ, амалисозии чунин лоиҳаҳо ва таъмини назорати дарозмуддати ҳолати онҳо;
- баланд бардоштани тахассусмандии кадрҳои миллӣ таъмини дастурӣ, дастурамалҳо, тавсияҳо ва тартиби баҳодиҳии ҳолати объектҳо, гузаронидани барномаи назорати техникӣ ва мониторинг, ташкили чорабиниҳои муҳофизати радиатсионӣ ва иттилоотонии аҳолӣ, ҳамчунин иштироки кадрҳои миллӣ дар амалигардонии чорабиниҳои муҳофизатӣ ва назорати дарозмуддат.
Почтаи электронӣ:
info@cbrn.tj