Баҳисобгирӣ ва назорати маводҳои ядроию манбаъҳои афканишоти иондоркунанда аз ҷониби Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти истифодабаранда тибќи ваколати онҳо амалӣ карда мешавад ва он аз марҳилаи аввали истеҳсол то гӯронидани пурра бурда мешавад.
Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин назорати маводҳои ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро амалӣ менамояд, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва ё дар зери доираи ҳуқуқи он мебошанд. Бо мақсади амалӣ гардонидани бақайдгирии маводҳои ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда барои таъмини баҳисобгирии онҳо, назорати мавҷудият ва ҳаракати онҳо, инчунин барои пешгӯии ҷамъшавии онҳо, ҳаҷми хизматрасонӣ, ниёзи корхонаҳои маводҳои ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар истеҳсолкунанда ба иқтидори истеҳсолӣ ва корхонаҳои махсусгардонидашуда оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар доираи низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводҳои ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар Махзани маълумоти давлатии маводи ядроӣ ва Феҳристи давлатии манбаъҳои афканишоти ионофар таъсис дода мешавад. Баҳисобгирии давлатии маводҳои ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда аз ҷониби Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси намунаҳои баҳисобгирии махсус амалӣ карда мешавад.
Барои муайянкунии мавҷудияти ҳақиқии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ташкилоти истифодабаранда тафтишот ва барӯйхатгирии (инвентаризатсияи) ҳарсолаи онҳоро мегузаронад. Баҳисобгирӣ ва назорати давлатии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ба маълумотҳои баҳисобгирии ибтидоӣ зимни истеҳсол, истифодабарӣ, коркард, истифодаи дуюмкарата, нигоҳдорӣ, кӯчиш ва гӯронидани маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар, ки аз ҷониби ташкилоти истифодабаранда амалӣ мешавад, аз ҷумла баҳисобгирии онҳо зимни убури сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбанд. Пешбурди баҳисобгирии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда аз рӯи миқдор, ҳаҷм, фаъолнокӣ, таркиби радиоизотопӣ, нуқтаҳои (ҷойҳои) ҷойгиршавӣ, нигоҳдорӣ ва гӯронидани онҳо ба роҳ монда мешавад. Баҳисобгирӣ ва назорати давлатии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, ки ҷамоварӣ, коркард ва интиќоли маълумот, муҳофизати он аз истифодаи берухсат ва мубодилаи маълумот бо дигар низомҳои иттилоотиро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд, амалӣ карда мешаванд.