ИНИС оиди хабаррасонии ҳамаҷонибаи реферативӣ дар хусуси нашрияҳои соҳаи илм ва техникаи атомӣ ба чоп расида хизмат пешниҳод менамояд. Бо ин мақсад ИНИС қисми зиёди нашрияҳои ба мавзӯи зикргашта далхдоштаро, ки дар тамоми ҷаҳон чоп мешаванд таҳлил менамояд. Фарогирии мавзуйи ИНИС мувофиқи талаботи иттилоотии иттиҳоди байналмилалӣ дар чорчӯбаи манфиат ва фаъолияти АБНА дар соҳаи истифодабарии энергия ва технологияи атомӣ ба мақсадҳои осоишта, муайян карда шудааст.
Он чунин қисматҳои мавзӯиро дар бар мегирад:
энергетикаи ядроӣ, аз ҷумла:
Техника ва таҷҳизотҳои ядроӣ,
Реакторҳои таҷзияи ядроӣ
Сикли сузишвории ядроӣ;
Муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
Бехатарии ядроӣ;
Маводҳои таваҷҷӯҳи ядроидошта;
Ҷанбаҳои муҳити зист (манбаҳои энегияи ядроӣ ва ғайриядроӣ);
Ҷанбаҳои иқтисодӣ (манбаҳои энегияи ядроӣ ва ғайриядроӣ);
Кафолат, паҳннашавӣ;
Татбиқи методҳои ядроӣ, аз ҷумла:
Истеҳсоли изотопҳо ва манбаҳои радиоактивӣ;
Истифодабарии саноатии изотопҳо ва манбаҳои радиоактивӣ;
Истифодабарии радиоизотопҳо ва афканишот дар илм оид ба замин;
Истифодабарии радиоизотопҳо ва афканишот дар кишоварзӣ, биология ва тибб;
Ҳифзи радиатсионӣ;
Ҷабҳаҳои физикаи ядроӣ, аз ҷумла:
Физикаи плазма ва синтези ядро;
Физикаи ҳолатҳои тарокумӣ (конденсионӣ)»;
Физикаи атомӣ ва молекулавӣ;
Физикаи ядро;
Физикаи зарраҳои бунъёдӣ (элементарӣ);
Механикаи классикӣ ва квантӣ;
Ҷабҳаҳои ядроии химия, аз ҷумла:
Радиохимия,
Химияи радиатсионӣ;
Химияи ҳастаӣ;
Усулҳои таҳлилии ядроӣ;
Санадҳои ҳуқуқӣ.
ПРИНСИПҲОИ асосии инис
Асоси ИНИС ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Он аввалин системаи иттилоотии байналмилалӣ мебошад, ки ҳам омодасозии воридкунӣ ва ҳам паҳнкунии маводҳои бар омада барои истифодабарон ғайримарказонидашуда мебошад. Фақат коркарди маълумотҳо ва омодасозии иттилоотҳои бар омада дар Котиботи ИНИС марказонида шудааст.
Чунин рафтори ғайримарказонидашудаи омодасозии воридкунӣ ва ҳам паҳнкунии маводҳои бар омада аз сабабе интихоб шуда буд, ки он ба фарогирии васеъи нашрияҳои ядроӣ меорад, усули пурмаҳсултарини таҳлили иттилоотро дар забонҳои гуногун таъмин мекунад ва имкон медиҳад, ки хизматрасонии хубтаринро ба истифодабарандагони маълумот таъмин намояд.
бо мавҷуд будани фонди матни пурраи ҳисоботҳои илмӣ, китобчаҳо (брошюраҳо), рисолаҳо, патентҳо ва ғ., ки зиёда аз 1 миллион ҳуҷҷатҳои дар намуди нухсаҳои микрофишҳо ва сабтҳои электрони бударо ташкил мекунанд;
истифодабарии маводҳои бар омадаи ИНИС дар тамоми кишварҳои дунё.