АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
БАРНОМАИ ОМОДАГИИ САДАМАВӢ ВА МУҲОФИЗАТИ РАДИАТСИОНӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2012, № 770 тасдиқ шудааст.
БАРНОМАИ ОМОДАГИИ САДАМАВӢ ВА МУҲОФИЗАТИ РАДИАТСИОНӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017
Муқаддима
Дар банди 13 Ҳисоботи таҳлилии қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда оварда мешавад, ки "дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ" Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амалиёти фаврӣ дар мавриди баамалоии хавфи ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ ё рафъи оқибатҳои он ваколат надорад. Бо вуҷуди он салоҳияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар Қонуни мазкур қайд нагардидааст, ҳол он ки бояд қайд мешуд.".
Дар банди 14 Ҳисоботи таҳлилии қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда оварда мешавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифодабарии энергияи атомӣ" салоҳияти махсуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоракуниро пешбинӣ намекунад, инчунин ҳолатҳои фавқулоддаро ҳангоми раванди истифодаи энергияи атомӣ ва мутаносибан ваколати мақомоти давлатиро дар ин ҳолат пешбинӣ наменамояд. Салоҳияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё истинод ба қонуни дахлдор қайд нагардидааст.".
Умуман як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи таҳлилии қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда мавриди таҳлил қарор дода шудаанд, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифодабарии энергияи атомӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавкулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ" ва хулоса бароварда шуд, ки раванди ягона барои сафарбаркунии қувва ва воситаҳои Низом мавҷуд нест.
- таъмини Низом бо санадҳои меъёрии хукуқии алоҳида, такмили қонунгузорие, ки хусусияти банақшагирии омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсиониро ба эътибор мегирад;
- ҳамоҳангсозии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи эътинои садамавӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад, бо замимаи меъёрию ҳуқуқии давлатҳои ҷомеаи байналмилалӣ ва бо дарназардошти талаботи умумии қабулгардидаи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ ҷиҳати банақшагирии омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ, ки аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ қабул шудааст;
- ташкил намудани зернизоми омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ.
Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар соҳаи омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ таҳия ва такмил ё таҷдиди назар мешавад.
- нақшаи омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ дар сатҳи давлатӣ;
- нақшаҳои омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ зернизомҳои ҳудудии Низоми сатҳи ҷумҳуриявидошта;
- нақшаҳои омодагии садамавии ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ зернизомҳои функсионалии Низоми сатҳи минтақавидошта;
- нақшаҳои омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии радиатсионии зернизомҳои ҳудудии Низоми сатҳи маҳаллидошта;
- нақшаи рафъи садамаҳо дар иншоотҳо, ки фаъолияти амалии худро вобаста ба технологияҳои радиатсионӣ ва радиатсионию ядроӣ амалӣ менамояд.
- Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ дар доираи шумораи муқарраргардидаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва таҳким меёбад;
- дар заминаи Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвию радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои он, инчунин гурўҳҳои ёрии таъҷилӣ, хадамоти оташнишонӣ гурўҳҳои эътинонамоии аввалин дар мавриди ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ ташкил, омода на ҷиҳозонида мешавад;
- барномаҳои махсуси омўзишӣ дар соҳаи омодагии садамавӣ ва эътино ба ҳолатҳои садамавии ядроӣ ва радиатсионӣ таҳия карда шуда, синфхонаи тамринии лабораторияи мазкури Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷаҳҳаз гардонида мешавад;
- дар заминаи донишкадаҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимӣ оид ба омода ва такмили тахассуси мутахассисони соҳаи радиология, духтурони умумикасбӣ, духтурони беҳдошти радиатсионӣ ва эътинонамоӣ таъсис дода мешавад;
- дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази тиббии фалокатҳо таъсис дода мешавад;
- дар заминаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимӣ оид ба такмили ихтисоси ҳайати кормандон ва масъулини соҳаи бехатарии радиатсионӣ ва ҳамчунин масъулин дар соҳаҳои ташкил ва идоракунии дастгоҳу таҷҳизоте, ки манбаи афканишоти ионофарро дар ҷабҳаҳои гуногуни иқтисодиёт истифода мебаранд, таъсис дода мешавад.
- буҷети давлатӣ 5 млн. 934,5 ҳазор сомонӣ;
- буҷетҳои маҳаллӣ 4 млн. 004,7 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои худӣ 9 млн. 065,5 ҳазор сомонӣ;
- кўмаки байналмилалӣ 1 млн. 587 ҳазору 682 доллари ШМА пешбинӣ мешавад.
Почтаи электронӣ:
info@cbrn.tj