АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
Сектори илмӣ - тадқиқотӣ
Мудир – н.и.т. Баротов Бахтиёр Бурҳонович
E-mail: b.barotov@nrsa.tj
Телефон: +992 225 80 06
Cоли 2011 дар мавзӯъи: «Асосҳои физикиву химиявӣ ва технологии ҳосил кардани консентратҳои уранӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ» ба унвони илмии номзади илмҳои техникӣ мушарраф гардидааст.
Зиёда аз ҳазор намунаҳои об, хок, масолеҳи сохтумон ва ғайра аз ташхиси радиологӣ гузаштанд.
Дар асоси натиҷаҳои таҳлилҳо мақолаву фишурдаҳо таҳия ва ба чоп расиданд.
Якчанд экспедатсияҳо дар соҳаи мониторинги радиоэкологии муҳити зист ва бехатарии радиатсионӣ гузаронида шуданд.
Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ чун қисми таркибии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил шудааст ва аз ин лиҳоз яке аз вазифаҳои асосии он иҷрои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ (КИТ) мебошад. Чунин корҳо дар Сектори илмӣ-таҳқиқотӣ ба сомон расонида мешаванд. Агентӣ корҳои илмию тадқиқотии худро дар асоси мавзӯъҳои илмии «Асосҳои физикӣ - химиявии истихроҳи уран аз маъдан ва обҳои конию техникии урандор» (РҚД 01115 TJ 00470) ва «Асосҳои физикӣ-химиявии экологияи радиатсионӣ, таҳияи харитаҳои радиоэкологии минтақавӣ ва мониторинги радиатсионии биомуҳити Тоҷикистон» (РҚД 01115 TJ 00471) амалӣ менамояд.
Ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ тадқиқотӣ аз ҷониби Сарходими илмӣ - академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор Ӯлмас Мирсаидов ба роҳ монда шудааст. Докторони илм ва профессорон - Бадалов Абулхайр, Саломов Абдуҷабор, Назаров Холмурод ва Мирсаидов Илҳом мавзӯъҳои илмии Агентиро роҳбарӣ менамоянд. Баҳри иҷрои масъалаҳои илмӣ дар Агентӣ якчанд ходимони илмӣ, аз ҷумла 9 номзади илм кӯшиш ба харҳ медиҳанд.
Дар рафти тадқиқот характеристикаҳои обҳои конӣ ва техникии партовҳои саноати уранӣ омӯхта шудаанд. Муқаррар карда шуд, ки дар таркиби оби конии нақбии Табошар 10 мг дар литр, ҷоришавии об 40 м3/соат ва дар обҳои конии мавзеи Киик-Тал 25-30 мг дар литр уран доранд, рН 7,0-7,5 ва ҷоришавии об 4,0-4,5 м3/соат мебошад. Ин қимматҳо нишон медиҳанд, ки аз обҳои конӣ ва техникии Табошар ва Киик-Тал ҷудо карда гирифтани уран бамаврид аст. Кинетикаи раванди сорбсионии (ҷаббишии) ҷудокунии уран аз партовҳои саноати уранӣ таҳқиқот карда шудааст. Қобилияти баланди сорбсионии пӯчоқи зардолу нисбати дигар сорбентҳо ошкор карда шудааст. Параметрҳои оптималии ҷаббиш муқаррар карда шуданд. Схемаи принсипиалии технологии ҷудокунии уран аз обҳои конӣ ва обҳои техникии партовҳои саноати уранӣ пешниҳод карда шудааст, ки аз зинаҳои туршкунӣ, ҷаббиш, пухтан, ишқоронӣ, такшинкунӣ, полоиш ва хушккунӣ иборат мебошанд. Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқотҳо схемаи принсипиалии технологӣ пешниҳод ва шартҳои оптималии раванди коркарди партовҳои саноати уранӣ низ муайян карда шудаанд.
Ҳамзамон, раванди дегидрататсия гексагидрауранилнитрат, ки дар фосилаи ҳароратии 310-420К ҷой дорад ва аз се зина иборат буда бо ҷудошавии об дар ҳар зина амалӣ мешавад, омӯхта шудааст. Имконпазирии аз гексагидрати уранилнитрат ва тригидрати уранилсулфат гирифтани U3O8 нишон дода шудааст. Раванди вайроншавии термикии UO2(NO3)2 , ки дар фосилаи ҳароратии 430-750К мегузарад, аз ду зина иборат мебошад. Раванди дегидрататсияи тригидратуранилсулфати дар фосилаи ҳарорати 320-420 ҷой дошта дар ду зина мегузарад, ки дар зинаи якӯми раванд як об мол ва дар зинаи дуйӯм ду мол об ҷудо мешаванд. Раванди вайроншавии термикии уранилсулфат дар як зина, дар фосилаи ҳарорати 480-710К мегузарад. Бо усулҳои таҳлили рентгенӣ-фазавӣ, спектроскопӣ ва тензометрӣ схемаҳои химиявии зинаҳои алоҳидаи раванди дегидрататсия ва вайроншавии пайвастагиҳои уранилӣ, характеристикаҳои термикии ин зинаҳо муайян карда шудаанд. Маълумоти мукаммали бештар оиди характеристикаҳои термикӣ ва термодинамикии кристаллогидратҳо ва уранил-нитратҳою уранил-сулфатҳои камобгардондашуда ба даст оварда шудаанд.
Таҳқиқоти вазъи радиоэкологӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар партовгоҳҳои радтоактивӣ дар Шимоли Тоҷикистон гузаронида шудааст ва дар асоси он харитаи радиологӣ тартиб дода шудааст.
Моликияти зеҳнӣ
Дар солҳои 2015-2020 кормандони илмии Агентӣ дар якҷоягӣ бо олимони институти химияи ба номи В.И. Никтини АИ ҶТ корҳои илмӣ-тадқиқотии худро барои ба даст овардани патентҳои хурд пешниҳод намуданд, ки соҳиби ҳалли мусбат гаштанд:
1. Мирсаидов У.М., Гафуров Б.,Бадалов А., Насруллоев Ҳ., Хакъёров И. Тарзи десолтиватсияи борогидридҳои металлҳои нодирзаминӣ. № TJ 741. 24.11.2015.
2. Мирсаидов У.М., Ахмедов М.З., Назаров Х.М., Рахматов Н.Н., Ҳакимов Н.Ҳ., Мирсаидов И.У.. Тарзи ҳосил кардани уран аз обҳои чоҳҳо ва заҳбурҳо. Патенти хурд №TJ 743. 16.12.2015
3. У.М.Мирсаидов, А.М.Баротов, М.З.Ахмедов, П.М.Ятимов, З.Т.Якубов. Тарзи ҳосил намудани сехлориди бор аз данбурит. Патенти хурд № TJ 749. 17.02.2016
4. Ф.Хамидов, А.Бадалов, Ӯ.М.Мирсаидов, М.З. Аҳмедов., Мирсаидов И.У. Тарзи деградации пайвастагиҳои уранил. Патенти хурд. № TJ 801. 28.10.2016
5. Назаров Х.М., Эрматов К.А., Мирсаидов И.У., Раҳматов Н.Н., Ахмедов М.З. Усули тоза намудани обҳои урандошта Патенти хурд № TJ 835. 03.05. 2017
6. Қурбонов А.С., Баротов А.М., Назаров Ф.А., Давлатов Д.О., Мирсаидов У.М. Тарзи коркарди ашёи хоми боросиликатӣ / Патенти хурд № TJ 848. – 02.10.2017
7. Мирсаидов У.М., Бадалов А., Акрамов М.Ю. Азизов О.А. / Тарзи ҳосил намудани ҳидриди алюминий бо усули механикӣ-кимиёвӣ. Патенти хурд №TJ 896 12.04.2018
8. Мирсаидов Ӯ.М., Назаров Х.М., Ҳоҷиён С.Қ., Ҳоҷиён М.Қ.,Баротов Б.Б. Усули ишқоронидани маъданҳои уранӣ. Патенти хурд №TJ 927. 13.10.2017.
9. Қурбонов А.С., Баротов А.М., Ҷураев Ҷ.Х., Назаров Ш.Б., Мирсаидов У.М.. Тарзи ҳосил намудани шишаи бордор. Патенти хурд №TJ 980. 21.11.2018
10. Бобоёров М.Д., Баротов Б.Б., Мирсаидов У., Ҳомидов Ф.А., Давлатназарова М.Д., Муминов С.В., Исобоев М.Д..Тарзи ҷудокунии уран аз обҳои конӣ. Патенти хурд №TJ 1044. 05.06.2019
Фаъолияти табъу нашр
Дар солҳои 2015-2020 аз ҷониби кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо олимони Иститути химияи АИ ҶТ зиёда аз 177 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ба чоп расонида шуданд (замимаи 6). Ҳамчунин Монографияи У.М.Мирсаидов, Б.Бадалов ва Т.Н.Дымова «Термическая устойчивость и термодинамические характеристики гидрида алюминия», Мирсаидов У.М., Д.М. Мирзоев, Х.Э. Бобоев «Коркарди комплексии аргиллитҳои гилҳои каолинии Тоҷикистон», Монография. Душанбе: Дониш, 2016. – 92 с., Мирсаидов У.М., КурбановА.С., Мамадов Э.Д. Таҷзияи кислотавии маъданҳои боросиликатӣ, Душанбе: Дониш. – 100 с., 2015., Mirsaidov U.M., «The Issus of Radiation Safety in Tajikistan», Монография. Душанбе: Дониш, 2019.-112 с, Мирсаидов, У.М., Назаров Х.М., Ходжиев С.К., Рахматов Н.Н., Особенности выделения урановых концентратов из руд и урансодержащих вод Таджикистана», Монография, Душанбе: Дониш, 2019. – 250 с. ба чоп расидаанд.
Инчунин «Маҷмӯи қонунҳо» ва «Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ба табъ расида буданд.
Тайёр кардани кадрҳои илмӣ
Ҳамзамон, курсҳои магистратура ва докторантура ба роҳ монда шудааст, ки дар он унвонҷӯён донишу малакаи худро сайқал медиҳанд ва айни ҳол дар Агентӣ як докторанти PhD ва ду аспиранти анъанавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд (нақшаи дурнамои Агентӣ дар замимаи 5). Дар ин давра як унвонҷӯи Агентӣ рисолаи докторӣ (Мирсаидов И.) ва 7 корманд рисолаҳои номзадӣ, ҳимоя намуда, (Раҳматов Н., Назаров Ф.А., Ҳамидов Ф.А., Яқубов З.Т., Ҳақёров И.З., Баротов А.М. ва Ҳоҷиев С) ду корманди дигар рисолаҳои номзадии худро барои дифоъ пешниҳод намудаанд (Азизов О. ва Мисратов Ҷ.). Ҳафт мутахассиси ҷавон ба кор қабул карда шуданд.
Дурнамои рушди илм дар асоси ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷёфта таҳия карда мешаванд ва он ба саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми стратегии мамлакат мебошад, равона карда мешавад. Вобаста ба ин, дар дурнамои рушди фаъолияти илмии худ, Агентӣ ба якчанд самтҳо аҳамият дода аст. Яке аз онҳо ин омодакунии кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои радиоэкология, технологияи коркарди моддаҳои радиоактивӣ, аз ҷумла уран, бехатарии радиатсионӣ ва амнияти ҳастаӣ мебошад. Баҳри иҷрои он, дар назди Агентӣ Маркази минтақавии омӯзишӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ҳамасола мутахассисони соҳаи саноат ва тиб, илму маориф, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз курсҳои махсус омӯзиш мегиранд.
Почтаи электронӣ:
info@cbrn.tj