АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
Талаботҳо, меъёрҳо, қоидаҳои танзим ва ғайраҳо
Меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ (МБР-06) КС 2.6.1.001-06 - меъёрҳои мазкур мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» №42 аз 1 августи соли 2003, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» №69 аз 9 декабри соли 2004, банди 6 Низомнома «Дар бораи танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 482 аз 3 декабри соли 2004 тасдиқ карда шудааст, таҳия гардидаанд.
Меъёри мазкур дастрас бо забони:
Қоидаҳои таъминоти бехатарии радиатсионӣ (ҚТБР - 08) - меъёрҳо ва Қоидаҳои мазкур мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» ва банди 6 Низомнома «Дар бораи танзими давлати дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 482 аз 3 декабри соли 2004 тасдиқ карда шудааст, таҳия гардидаанд.
Қоидаи мазкур дастрас бо забони:
Талаботи гигиени нисбат ба сохт ва истифодабарии утоқҳои рентгенӣ, дастгоҳҳои рентгенӣ ва гузаронидани тадқиқоти рентгенологӣ меъёрҳои ва қоида санитарӣ (МҚС 2.6.1.007 - 07) - Қоида ва меъёрҳои мазкур (минбаъд – Қоидаҳо) мутобиқи моддаҳои 8 ва 18 Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии радиатсионӣ” таҳия гардидааст. Қоидаҳо ҳуҷҷати меъёрие мебошад, ки талабот ва меъёрҳои асосиро оид ба таъмини бехатарии радиатсионии кормандон, беморон ва аҳоли зимни гузаронидани муолиҷаи тиббии рентгенологӣ бо мақсадҳои ташхис, профилактика ва ё таҳқиқот муқарар мекунад. Аз тарафи директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Мирсаидов ва аз тарфари Вазири тандурустии Р. Абдураҳмонова Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 тасдиқ шудааст.
Талаботи мазкур дастрас бо забони:
Талабот оиди гузаронидани назорати сифат дар рентгендиагностикаи тиббӣ - талаботи мазкур мутобиқи моддаҳои 5, 8 ва 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» таҳия карда шудааст. Талабот меъёрҳои баҳодиҳи ва талаботи минималиро оиди назорати сифати тачҳизотҳои рентгении тиббӣ, асбобҳои томографияи компютерӣ, асбобҳои маммографӣ ва воситаҳои иловагии онҳо, ки барои ба даст овардани тасвир ва воситаҳои баҳодиҳии тасвир, инчунин фотолаборатория (минбаъд - объектҳо) истифода бурда мешаванд, муқарар менамояд. Аз тарфари директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Мирсаидов соли 2010 тасдиқ шудааст.
Талаботи мазкур дастрас бо забони:
Номгӯи саволҳои санҷиш барои объектҳои ташхиси рентгенӣ ва томографияи компютерӣ - номгӯи саволҳои санҷиш оид ба гузаронидани санҷиш барои объектҳои ташхиси рентгени ва томографияи компютери дар асоси моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳия гардидааст.
Саволномаи мазкур дастрас бо забони:
Номгӯи саволҳои санҷиш барои объектҳои муолиҷаи нурӣ, брахитерапия ва рентгенотерапия - номгӯи саволҳои санҷишии мазкур оид ба гузаронидани санҷиш барои объектҳои муоличаи нури, брахитерапия ва рентгенотерапия дар асоси моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
Саволномаи мазкур дастрас бо забони:
Номгӯи саволҳои санҷишии оид ба гузаронидани санҷиш ва истифодабарии дорувориҳои радиофармасевти дар шӯъбаи тиббии ядроӣ - номгӯи саволҳои санҷишии мазкур оид ба гузаронидани санҷиш ва истифодабарии дорувориҳои радиофарматсевтӣ дар тиббӣ ядромӣ дар асоси моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
Саволномаи мазкур дастрас бо забони:
Номгӯи саволҳои санҷиш барои объектҳои саноатие, ки манбаъҳои афканишотӣ ионофарро истифода мебаранд - номгӯи саволҳои санҷиши мазкур барои объектҳои саноатие, ки манбаъҳои афканишотӣ ионофарро истифода мебаранд дар асоси моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
Саволномаи мазкур дастрас бо забони:
Номгӯи саволҳои санҷиш барои объектҳои радиографияи саноатӣ ва асбобҳои радиоизотопӣ - номгӯи саволҳои санҷишии мазкур оид ба гузаронидани санҷиш барои объектҳои радиографияи саноатӣ ва асбобҳои радиоизотопӣ дар асоси моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
Саволномаи мазкур дастрас бо забони:
Номгӯи саволҳои санҷиш барои санҷиши манбаъҳои афканишотӣ ионофар дар соҳаи илм ва нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ - номгӯи саволҳои санҷиши мазкур барои кор бо манбаъҳои радиоактивии кушода дар асоси моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
Саволномаи мазкур дастрас бо забони:
КАТЕГОРИЯҲОИ ХАТАРНОКИИ МАНБАЪҲОИ АФКАНИШОТИ ИОНОФАР ВА ҚОИДАҲОИ МУАЙЯНКУНИИ ОНҲО - Категорияҳои хатарнокии манбаъҳои афканишотӣ ионофар ва қоидаҳои муайянкунии он дар асоси моддаҳои 6 ва 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» тартиб дода шуда, категорияҳои хатарнокии манбаъҳои афканишоти ионофар, ки фаъолнокии онҳо аз сатҳи фаъолияти танзимнашаванда зиёд аст ва онро меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ (МБР-06) муқаррар намудааст, инчунин қоидаҳои муайянкунии ин категорияҳоро муқаррар
менамояд.
Қоидаи мазкур дастрас бо забони:
ТАЛАБОТҲО ОИД БА ТАЪМИНИ МУҲОФИЗАТИ ҶИСМИИ МАНБАЪҲОИ РАДИАТСИОНӢ, НУҚТАҲОИ НИГОҲДОРӢ ВА МОДДАҲОИ РАДИОАКТИВӢ - Меъёрҳо ва қоидаҳо мазкур дар асоси моддаҳои 6 ва 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» таҳия гардида, тартиби таъмин намудани муҳофизати ҷисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдори ва моддаҳои радиоактивиро муайян менамояд.
Талаботи мазкур дастрас бо забони:
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРИ ҲАНГОМИ ҲАМЛУ НАҚЛИ МАВОДҲОИ РАДИОАКТИВӢ - Қоидаи мазкур аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Чумҳурии Точикистон ва байналмиллалӣ сарчашма гирифта баҳри татбиқи моддаҳои 6, 8 ва 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» равона шудааст.
Қоидаи мазкур дастрас бо забони:
ТАЛАБОТҲО НИСБАТ БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ ҲАНГОМИ ҶАМЪОВАРӢ (ЗАХИРА) КАРДАНИ ПОРАВУ ПАРТОВҲОИ МЕТАЛЛҲОИ СИЁҲ ВА РАНГА - Меъёрҳо ва қоидаҳои мазкур талаботҳоро нисбат ба таъмини бехатарии радиатсионӣ ҳангоми ҷамъоварӣ (захира) кардан ва фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, аз ҷумла ташкил намудан ва гузаронидани назоратҳои радиатсионии онҳо, муоинаи воситаҳои наҳлиёт (таҷҳизот), ки барои ба оҳанпораҳо табдил додан пешбарӣ шудаанд, инчунин тартиби ба расмият даровардани хулосаи радиатсиониро ба низом медарорад.
Талаботи мазкур дастрас бо забони:
ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ АГЕНТИИ АМНИЯТИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Мақсади Ёддошт ин иҷрои 2 и) Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қатъномаи 1540 ША СММ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 54 аз 9 феврали соли 2016 тасдиқ шудааст ва самаранок татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 410 аз 24 июли соли 2020 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ»» мебошад.
Талаботи мазкур дастрас бо забони:
МЕЪЁР ВА ҚОИДАҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ СОЛИМГАРДОНИИ МИНТАҚАҲОЕ, КИ БО МАВОДИ РАДИОАКТИВӢ ОЛУДА ГАРДИДААНД - ин қоидаҳои асосиро нисбати муҳофизати одамон аз таъсироти афканишоти ионофар айни замон ва дар оянда, ҷиҳати бехатарии муомилот бо маводи радиоактивии пайдоиши табиӣ ва бо партовҳои радиоактивӣ, муҳофизати муҳити зист, инчунин нисбати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии давлат оид ба бехатарии радиатсионӣ муайян менамояд.
Қоидаи мазкур дастрас бо забони:
Почтаи электронӣ:
info@cbrn.tj