АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
Чорабиниҳои Клуби "Хонуми ядроӣ"
12-16 НОЯБРИ СОЛИ 2023
30-умин Конфронси байналмилалии WiN Global
12—16 ноябрь, Асуан, Миср
Аз 12 то 16 ноябр дар шаҳри Асуан (Миср) 30-умин Конфронси байналмилалии солона дар мавзӯи «Занон барои рушди устувори технологияҳои ҳастаӣ ва радиатсионӣ» баргузор гардид.
Ин мавзӯъ барои таъмини ҳамгироии презентатсияҳо дар бораи ҳама татбиқи технологияҳои ҳастаӣ, аз истеҳсоли энергия ва пешрафтҳо дар технологияи нерӯгоҳи атомӣ то таҳқиқоти тиббии наҷотбахш дар радиотерапия интихоб карда шудааст. Тибқи консепсияи ин конфронс, мавзӯъҳои иловагӣ муаррифии ғояҳои нав дар бахшҳои татбиқи радиатсионӣ дар тибби ҳастаӣ, биология, физика ва ҳифзи радиатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ буданд.
Ин чорабинӣ имкон дод, ки коршиносони занону мардон аз соҳаҳои гуногун барои табодули дониш ва таҷрибаи касбӣ ва байнисоҳавӣ дар ин соҳа ва ҳамчун як платформаи илҳом бахшидан ба занон барои идома додани пешсафон дар соҳаи худ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҳамдигар хизмат намояд.
Дар конфронс Сайфиева Заррина, президенти Бахши миллии WiN Global WiN Тоҷикистон («Хонуми ядроӣ») иштирок намуда, ду маърӯзаи «Ҳисобот дар бораи фаъолияти Бахши миллии WiN Тоҷикистон» ва «Пешрафтҳои охирин дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҷисмонӣ ва кафолатҳо дар мисоли фаъолияти Маркази минтақавии таълимӣ ва омӯзишӣ дар соҳаи амнияти ХБРЯ ва муқовимат бо терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ОМ» баромад намуд.
Ҳамчунин дар бораи Конфронси глобалии WiN, ки соли 2027 дар Љумњурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва дар бораи таъсиси шабакаи занони Осиёи Марказӣ дар майдони ҳастаӣ (Шабакаи WINCA Network), эълони расмӣ дода шуд.
30 –ЮМИ ИЮНИ СОЛИ 2023
СЕМИНАР ДАР МАВЗУИ
«МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ЁРИИ ПАЛЛИАТИВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
30 - юми июни соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи фаъолияти Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) семинар оид ба мавзуи: «Масъалаҳои рушди ёрии паллиативӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Сипас, Абиджанова Нигора Нафизовна - мушовири коршиноси Ассотсиатсияи миллии кӯмаки паллиативии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ассистенти кафедраи саратоншиносӣ ва терапияи радиатсионии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино назди ҳозирин мухтасар дар хусуси рушди ёрии паллиативӣ дар ҷумҳурӣ сухан ронда, иброз дошт, ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) онро чунин муайян мекунад: кӯмаки паллиативӣ равишест, ки ҳадафи он беҳтар кардани сифати зиндагии бемор ва аъзои оилаи гирифтори бемории хатарноки ҳаёт мебошад.
Лозим ба тазаккур аст, ки зимни суханронии пурмуҳтавои худ Нигора Абиджанова дар бораи таърихи пайдоиши ёрии паллиативӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин мушкилоти шадиди расонидани ёрии паллиативӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, дар бораи норасоии шадиди баъзе аз доруҳо сухан ронд.
Дар фарҷоми ҷамъомад директори Ассотсиатсияи ҳамшираҳои шафқат ва момодояҳо Хасанова Ниҳолбӣ Ҳасановна дар бораи таҷрибаи кор бо беморони вазнин, инчунин масъалаҳои амалии ёрии паллиативӣ, аз ҷумла чӣ гуна нигоҳубин кардани беморон, то ин ки мушкилиҳои ҷиддӣ надошта бошанд, муфассал ҳарф зад. Семинар хеле судбахш доир гардид.
25 –УМИ МАЙ СОЛИ 2023
ЧОРАБИНИИ ХАЙРИЯВӢ БАХШИДА
БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
25 - уми майи соли 2023 иштирокчиёни Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» -и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо» барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки дар шароити реабилитатсионӣ қарор доранд, чорабинии хайриявӣ баргузор намуданд.
Ҳамарӯза ҳудуди 50-60 нафар кӯдакони дорои нуқсонҳои мухталифи ҷисмонӣ ва равонӣ (фалаҷи мағзи сар, синдроми Даун, аутизм ва ғайраҳо) дар муассисаи мазкур кӯмак гирифта, ҳамзамон аз реабилитатсия мегузаранд, яъне модарони кӯдакдор соати 7 меоянд ва бегоҳӣ соати 18.00 фарзандонашонро ба манзилҳояшон гирифта мебаранд. Дар ин муассиса кӯдакони навзод ва то синни 14 - сола қабул карда мешаванд.
Дар доираи офиятбахшӣ кӯдакон аз ҷониби мутахассисони баландихтисоси муассиса табобат ва маҳс низ мегиранд, инчунин малакаҳои хуби ҳаракати дастҳояшонро инкишоф медиҳанд, бо логопедҳо кор мекунанд ва ҳамзамон дар тренажерҳои махсус машқҳои гуногун мегузаронанд.
Дар фарҷоми чорабинии хайриявӣ роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо» барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва мутахассисони он, инчунин волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд ба маъмурияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ба масъулини Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) барои кӯмаки расонидашудаашон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
11 –УМИ МАЙ СОЛИ 2023
БОЗДИДИ ИШТИРОКЧИЁНИ БАХШИ МИЛЛИИ WIN GLOBAL «ХОНУМИ ЯДРОӢ» (WIN TAJIKISTAN) АЗ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ КУШОДАИ «АЗОТ» ВА НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «САРБАНД» -И ШАҲРИ ЛЕВАКАНДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
11 - уми майи соли 2023 аъзои Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» аз Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ва инчунин Неругоҳи барқи обии «Сарбанд»-и шаҳри Леваканди вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Лозим ба тазаккур аст, ки ҳадаф аз сафари гурӯҳӣ ин пеш аз ҳама оммавӣ гардонидани фаъолияти занони олим ва мутахассисони соҳаҳои мухталифи илму техникаи Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WIN Тоҷикистон) дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон баҳри боз ҳам рушд ва инкишоф бахшидани ташаббус ва ҳамкории бонувон бо мақсади баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва инчунин бо занони дигар вилояту шаҳрҳои ҷумҳурӣ ба роҳ мондани робитаҳои илмию фарҳангӣ маҳсуб меёбад.
Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди пешрафти назаррас дар самти ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дигар соҳаҳои гуногун, бонувон ҳанӯз ҳам дар соҳаи касбӣ, аз ҷумла дар соҳаи илму технология ва инноватсия табъизро низ аз сар мегузаронанд. Аз ин рӯ, оммавигардонии заноне, ки дар ин самт кор мекунанд, як вазифаи муҳим ва таъхирнопазир барои эҷоди сармояи зеҳнӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Ҳангоми ворид шудан ба Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи ҶСК «АЗОТ» иштирокчиёни Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WIN Тоҷикистонро директори техникии завод Тоҷиддин ГАДОЕВ истиқбол гирифт, ки дар тамоми давраи сафар дар майдони истеҳсолӣ ҳамроҳи ҳайати гурӯҳ қарор дошт.
Тибқи нақшаи барномаи сафар директори генералии корхона Шарипов Умедҷон Шарофиддинович меҳмононро хайрамақдам гуфта, зимнан қайд кард, ки комбинат дар байни корхонаҳои калонтарини саноати химиявии ҷумҳурӣ яке аз нахустин корхонаҳое мебошад, ки он ҳанӯз соли 1967 бо ду хатти технологии истеҳсолкунандаи маҳсулоти амиак ва карбамид дар давоми сол бо иқтидори истеҳсолии 110,0 ҳазор тонна аммиак ва 180,0 ҳазор тонна карбамид ба кор шуруъ карда буд.
Лозим ба зикр аст, ки комбинати мазкур инчунин мочевина барои соҳаи кишоварзӣ, гази карбон (СО2) барои саноати хӯрокворӣ ва эҳтиёҷоти техникӣ, оксигени газ (О2) барои дору ва металл кафшер, азоти моеъ (N2) барои чорводорӣ, аммиаки моеъ (NH3) барои чархаҳои яхдонҳои саноатӣ низ истеҳсол мекунад.
Маҳсулоти ҶСК «АЗОТ» на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ фурӯхта мешавад, балки берун аз он ба хориҷи дуру наздик низ содир карда мешаванд. Зимни баромади пурмуҳтавои худ Умедҷон Шарифов перомуни кору фаъолияти кормандони бахши муҳандисию техникӣ, аз ҷумла фаъолияти бонувоне, ки дар комбинати мазкур солҳои тӯлонӣ софдилона кор мекунанд ва инчунин дар бораи саҳми онҳо дар пешрафти истеҳсолот суханронӣ намуд.
Номбурда ҳамзамон қайд кард, ки имсол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти истеҳсолии корхонаи мутазаккир дидан намуда, ба корҳои таъмиру навсозии истеҳсолот баҳои мусбат доданд.
Бояд қайд кард, ки айни замон дар корхона таҷҳизоти муосири системаҳои идоракунии Centum VP ва ProSafe RS истифода мешаванд. Базаи моддию техникии пойгоҳҳои истеҳсолӣ бо истифода аз таҷҳизоти ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ, аз ҷумла Siemens, Samson, Emerson, Metran ва ABB, асбобҳо ва системаҳои муҳофизати фавқулода пурра иваз карда шуданд.
Президенти мамлакат зимни боздид аз корхона бо раванди истеҳсолот, истифодабарии таҷҳизоти муосир ва технологияҳои муосири насбшуда таваҷҷуҳи кормандони соҳаро ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва омода намудани мутахассисони ҷавони соҳибихтисос ҷалб намуд.
Дар рафти вохӯрӣ бо бонувон Раиси шаҳри Леваканд – Бунафша Файзиддинзода ширкат варзида, нақши занону кормандони корхонаҳои мазкурро дар самти ободонии шаҳр махсус қайд намуда, фаъолияти занонро дар таҳкими ҳамкории судманд бо сохторҳои тобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва инчунин мактабҳои олии ҷумҳурӣ хуб арзёбӣ намуд.
Сипас, Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна доир ба ҳадафҳои сафари иштирокчиёни Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» ва инчунин нақши занони олимаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди илму технология ва дар бораи фаъолияти омӯзгориашон дар самти омода кардани кадрҳои коргарии Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» сухан ронда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфид изҳори сипоси худро баён намуд.
Зарина САЙФИЕВА – роҳбари Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» дар навбати худ ҳозиринро бо таърихи таъсисёбӣ, фаъолият ва ҳадафҳои асосии филиали мазкур ошно намуда, инчунин ба роҳбарияти Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд барои мусоидат дар баргузории вохӯрии бонувони аъзои Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» ва намояндагони Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Сипас, иштирокчиёни «Хонуми ядроӣ» - Ҳакимова Нодира Умаровна, Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна, Мамадюсуфова Мену Ғуломҳайдаровна ва Абдуллоева Саодат Ҳакимовна дар навбати худ дар бораи роҳу воситаҳои ҳамкории байниҳамдигарӣ мубодилаи афкор карданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Зарина Сайфиева ба роҳбарияти Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушоди «АЗОТ» барои тақвияти ҳамкорӣ изҳори сипос арза дошта, ҳамзамон ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Инчунин ҳангоми бо рафти кори истеҳсолот шинос шудан дар дохили корхона бо фаъолзанони комбинат низ як ҷаласаи машваратӣ барпо гардид, ки дар рафти баргузории он занон аз ҷумла кормандони бахши истеҳсолӣ
Шоҳида Рӯзиева - муҳандис оид ба автоматикунонӣ ва идоракунии раванди истехсолот, Сурайе Раҳимова – масъули дастгоҳи сехи тозакунии гази табиӣ, Райҳонгул Наимова - устои релеи муҳофизатӣ ва автоматикунонии равандҳои технологии истеҳсолот, Бахтӣ Юсупова ва Фарзона Исоева - кормандони масъули сехи карбамидбарорӣ, Нисо Яҳёева - сардори озмоишгоҳи истеҳсолӣ, Шаҳло Маҳмадалиева ва Собира Ҷӯрахонова - мутасаддёни озмоишгоҳи тозакунии об, Анна Кирдляшкина – муҳандис - конструктор, Момогул Музаффарова - устои сехи истеҳсоли аммиак ва Меҳринисо Раҳимова - мутасаддии дастгоҳҳои сехи корхонаи ҷудокунии ҳаво фаъолона иштирок карданд.
Ҳамин тариқ, зимни баргузории ин ҷамъомади муфид иштирокчиёни он дар бораи фаъолият, комёбиҳои истеҳсолӣ ва шахсии худ сухан ронда, инчунин дар рафти суҳбатҳо зарурати боз ҳам бештар ҷалб намудани занонро ба истеҳсолот ва ҳамзамон омодаву тарбия намудани кадрҳоро махсус қайд намуда, барои ҳамкорӣ ба Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» низ мароқи бештар баён намудаву изҳори сипоси худро изҳор карданд.
Баъд аз шиносоии истеҳсолӣ бо роҳбарияти ҶСК «АЗОТ» аъзои Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» аз Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” боздид ба амал оварданд. Гурӯҳи меҳмононро дар даромадгоҳи Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” директори генералӣ - Ҷамшед Маҳмадхонов самимона истиқбол гирифт. Зимни мулоқот мавсуф зикр кард, ки Неругоҳи барқи обии ”Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин иншооти бузурги энергетикӣ дар дарёи Вахши Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Сохтмони ин неругоҳи барқи обӣ дар асоси Пойгоҳи барқи обии “Шаршара” соли 1956 оғоз гардида, чархаи якуми он соли 1962 ба кор андохта шудааст. Айни замон дар НБО “Сарбанд” 162 нафар коргарон, аз он ҷумла 25 нафар занону духтарон, коркунони муҳандисию техникаш аз 75 нафар иборат мебошанд. Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва истифодаи боэътимоди неругоҳ мунтазам дар наҳри (канали) васлкунӣ корҳои муҳофизатии соҳилҳо гузаронида шуда, корҳои рехтани бетон аз сатҳи 455 то 460,5 метр дар ҳаҷми 1800 м3 ва дарозиаш 90 метр ба нақша гирифта шудаанд.
Зимни вохӯрӣ аъзои Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» аз роҳбарияти неругоҳ дар бораи татбиқи илм дар фаъолияти ин неругоҳ, бехатарӣ ва тобоварӣ ба зилзила, инчунин саҳми занон дар бунёди ин неругоҳ ва ҳамкориҳои муштарак пурсон шуданд.
Дар интиҳои ҷамъомад Зарина Сайфиева – роҳбари Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» кормандони илмию техникӣ, аз ҷумла занони дар неругоҳи барқию обӣ коркунанда ва роҳбариятро барои иштирок дар рафти баргузории Конфронси байналмилалии «Нақши занон дар рушди илм, инноватсия ва технология», ки моҳи августи соли 2023 дар назар аст, даъват намуд. Ҳамин тариқ, мулоқот ва сафар ба шаҳри саноати Леваканд хеле хотирмону муфид доир гардид, ки дар лавҳи хотироти иштирокчиёнаш якумр боқӣ хоҳад монд.
27 –УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2023
СЕМИНАРИ ИЛМЙ-АМАЛЙ ОИД БА МАВЗУЪ
«ҒИЗОИ ФУНКСИОНАЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР»
27 апрели соли 2023 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи факултети муҳандисӣ-технологии ДТТ ва ДДТТ семинари муштараки илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ғизои функсионалӣ ва нақши он дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид. Филиали миллии WiN Global «Хонуми Ядрудӣ» (WiN Тоҷикистон).
Сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби Ноиби Президенти Филиали миллии WiN Global «Хонуми Якеродӣ» (WiN Тоҷикистон) – доктори илмҳои тиб Шарофова Мижгона Умедҷоновна суханронӣ намуд. Дар баромади худ ӯ қайд кард, ки ғизои функсионалӣ, ки асоси илмӣ дорад, дар баробари арзиши ғизоии анъанавӣ, хосиятҳои хоси иловагиро муттаҳид мекунад, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки ғизои солим асоси саломатии инсон аст! Асоси некӯаҳволӣ ва тарзи ҳаёти солим ғизои дуруст аст - ҳар чизе, ки инсон истеъмол мекунад, ба намуди зоҳирӣ ва рӯҳияи ӯ таъсир мерасонад.
Соли 2019 СММ 7 июнро Рӯзи ҷаҳонии амнияти озуқаворӣ эълон кард. Ҳадаф аз ин на танҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба масоили ғизо, балки беҳбуди саломатии сокинони ҷаҳон тавассути таъмини амнияти ғизоӣ мебошад.
Аз ҷониби занон – олимон, намояндагони «Хонуми ядродӣ» доктори илмҳои тиб, профессор, дорандаи Ҷоизаи бехатарии озуқавории ба номи Е.Н.-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.т. Салибоева Зайнаб Нурматовна.
Ҳамчунин, устодону донишҷӯёни ин донишгоҳ дар мавзӯи омӯзиши ғизоҳои функсионалӣ маърӯза карданд.
Раҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои донишҷӯёни ин факултет аз ҷониби намояндагони «Хонуми Ядрӯдӣ» лексияҳои кушод ва дарсҳо баргузор карда шавад. Инчунин ташаббуси роҳандозии ҳамкориҳои муштараки илмӣ бо омӯзгорони ДТТ ва бонувони олими «Хонуми Ядрӯдӣ» сурат гирифт.
21 –УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2023
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ БАХШИ МИЛЛИИ WIN GLOBAL «ХОНУМИ ЯДРОӢ» (WIN TAJIKISTAN) ДАР ФОРУМ ВА ҶОИЗАИ «КОЛБА»
21 - уми апрели соли 2023 Форум ва Ҷоизаи KOLBA барои занони олим ва мутахассисони соҳаҳои мухталифи касбӣ бори дуюм бо дастгирии Бунёди ташаббусҳои касбии занони саноати ҳастаӣ баргузор гардид. Дар рафти баргузории Форуми байналмилалӣ ва маросими ҷоизасупорӣ 340 нафар иштироки фаъолона доштанд.
Ҷамъомад ба ин муносибат бо суханони табрикотии роботи зеҳнии сунъии «Маша» ва инчунин бунёдгузори портали илмии «Атом энергияи 2.0» Алена Яковлева оғоз гардид.
Сипас, ташаббусро Евгения Еншина - роҳбари Бахши миллии WiN Russia Ҷунбиши байналмилалии WiN Global, асосгузори форум ва Ҷоизаи KOLBA дастгирӣ карда, аз ҷумла чунин иброз дошт: ҳадафи асосии лоиҳаи «Колба» ин маъруфияти илм дар Русия, ҳамзамон ташаккули намунаи ибрат барои занони олими оянда, эҷоди сармояи инсонӣ ва зеҳнӣ дар кишвар, инъикоси дастовардҳо ва коркардҳои илмӣ, табодули таҷриба ва дониш, инчунин таҳкими имкониятҳои касбии занони олим маҳсуб меёбад.
Барномаи тиҷоратии ҳамоиш бо суханронии Оксана Волошина, Евгения ЕНШИНА ва президенти Бахши миллии WiN Global “Хонуми ядрои” (WiN Tajikistan) Зарина САЙФИЕВА оғоз шуд. Ҳар кадом аз нотиқон аҳаммияти муҳимми ин мукофотро барои занони олимаи рус хуб арзёбӣ намуданд. Дар рафти баргузории чорабинӣ роҳбари Бахши миллии Win Global «Хонуми ядроӣ» (Win Tajikistan) Зарина САЙФИЕВА зимни суханронии худ аз он ҷумла, чунин қайд кард:
“Имрӯз, ба шарофати соҳибистиқлолӣ ташкил ва гузаронидани ин гуна чорабиниҳои муфид, аз қабили Форуми «Занон дар илм ва технология» ва Ҷоизаи Колба, бо мақсади дастгирии бевоситаи занҳои олима назар ба чанд соли пеш хело ҳам шаффоф ва инчунин хушбинтар ба назар мерасад. Тафовути гендерӣ дар илм, технология, муҳандисӣ ва математика бошад торафт камтар мешавад. Барои бовар кардан ба ин гуфтаҳо асосҳои зиёде мавҷуданд, ки дар ояндаи наздик тамоман аз байн мераванд. Аз ин рӯ, тамоюли мушоҳидашуда ба афзоиши шумораи зиёди занони олима оварда мерасонад, ки барои мо бонувони олимаин падида боиси ифтихор аст. Ба ин гуна дастовардҳои наҷиб пеш аз ҳама омилҳои зиёде мусоидат намудаву ҳамзамон маънои онро дорад, ки мо дар ояндаи наздик шоҳиди бевоситаи бозёфтҳои беназири бонувон - олимаҳои ҳамзамонони худ хоҳем гардид.
Сипас, дар мавзуи «Илми муосир - кор аз рӯйи иштибоҳҳо ё давраи нави рушд» пленум барпо гардид. Нотиқон дар доираи ин мубоҳиса сухан ронда иброз доштанд, ки дар замони муосир илм ҳамчун раванди мунтазами ҷомеа ба таври пайваста инкишоф ва такмил меёбад. Ҳатто дар соҳаҳое, ки таҳқиқоти илмӣ ба ислоҳи бархе аз иштибоҳҳо нигаронида шудааст, олимон ҳамеша роҳҳои ҳалли нав ва тарзҳои такмилу боз ҳам инкишоф додани технологияҳои мавҷударо меҷӯянду асосҳои онро ба таври пайваста меомӯзанд. Ҳамин тариқ, илми муосирро ҳамчун маҷмӯи фаъолият оид ба иштибоҳҳо ва давраи нави рушд ҳисоб кардан аз эҳтимол дур нест.
Барномаи кории Форум бо суханронии пурмуҳтавои коршиноси масоили этикети тиҷоратӣ Татяна Баранова дар бораи риояи одоби рақамӣ анҷом пазируфт. Маросими ботантанаи супоридани Ҷоизаи KOLBA https://t.me/kolba_science дар қисми дуюми барнома дар 17 номгӯй ва инчунин 3 номинатсияҳои махсус баргузор гардид.
Дар фарҷоми ҳамоиш меҳмонони фахрӣ, аз қабили Олга Тряскова ва Инна Беляева, сарпарасти ҷоиза, сармуҳаррири нашриёти «Алпина» Наталя Нартсиссова ва сафири Ҷоизаи «Колба» дар Улан-Удэ Анастасия Пержакова бо сухани табрикӣ назди ҳозирин баромад карданд. Имсол аз 60 шаҳрҳои Федератсияи Русия ва 4 номгӯй кишвари ИДМ, ки дар номинатсияи «Илм бидуни сарҳад» ширкат доранд, дархостҳо қабул шуданд. Дар маҷмуъ, коршиносони бунёд ғолибони озмунро барои дарёфти Ҷоиза – нишони фарқкунандаи “Колба”, ки бо санги қимматбаҳо пӯшонида шудааст бо шаҳодатнома тасдиқ карданд.
Сипас, намояндагони 4 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Қирғизистон (Бишкек), Тоҷикистон (Душанбе), Ӯзбекистон (Бухоро, Тошканд, Намангон) ва Қазоқистон (Алма-Ато) барандаи номинатсияи махсуси “Илм бидуни марз” интихоб карда шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро узви фаъоли Филиали миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan), доктори илмҳои химия, дотсенти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, ҒАЙБУЛЛОЕВА Зумрат Ҳабибовна намояндагӣ кардаву муаррифӣ намуд. Ҳамин тариқ, ҳамоиши мазкур хеле хотирмону басо ҳам муфид баргузор гардид, ки таассуротҳои фаромӯшнопазираш дар қалбҳои ғолибону иштирокчиёнаш якумр боқӣ хоҳад монд.
18 –УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2023
ОЗМУНИ ИНШО БАЙНИ ДОНИШҶӮЙЁНИ КУРСҲОИ 1 ВА 2-ЮМИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАВЗУИ «РОҲБАРИИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР КАСБҲОИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ»
18 - уми апрели соли 2023 дар доираи фаъолияти Бахши миллии WiN Global “Хонуми ядроӣ” (WiN Tajikistan) ва ҳамзамон бо мақсади ҳавасмандгардонии бонувон ба илм дар байни ҷавондухтарон марҳалаи дуюми озмуни иншо дар мавзуи “Роҳбарии занони Тоҷикистон дар касбҳои илмию техникӣ” миёни донишҷӯйёни курсҳои 1-ум ва 2-юми мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ доктори илмҳои химия, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаидов Улмас Мирсаидович оғоз намуда, саҳми арзандаи бонувони олимаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушду нумӯи илми ватанӣ махсус қайд намуданд.
Академик Улмас Мирсаидов аз таҷрибаи илмӣ - амалии худ дар соҳаи илм ва инчунин аз нақши боризи бонувони олим, ки бо онҳо солҳои зиёд ҳамкорӣ кардаанд ва бонувони фаъол метавонанд, ки ҳамеша барои тарбияи насли олимони оянда намунаи ибрат бошанд, муфассал нақл намуданд. Мавсуф баргузории чунин чорабиниҳои муфиду судбахшро барои ҷавонон зимнан муҳим арзёбӣ намуда, ҳамзамон иброз доштанд, ки агар имкон бошад баргузории чунин чорабиниҳои мақсаднок боз ҳам бештар карда шавад. Зеро, саҳми занон дар рушди илми ватанӣ бояд ҳамеша назаррас бошад.
Сипас, Зарина Сайфиева - президенти Бахши миллии WiN Global “Хонуми ядроӣ” (WiN Tajikistan) назди аҳли ҳузор доир ба фаъолият, ҳадаф ва ҳамзамон вазифаҳои навбатии Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ва инчунин дурнамои идомаи фаъолияти илмӣ пас аз хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мухтасар суханронӣ намуд.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар марҳалаи аввали баргузории озмун аз навиштани иншо дар мавзуи «Роҳбарии занони Тоҷикистон дар касбҳои илмию техникӣ» 20 нафар донишҷӯёни фаъоли курсҳои 1 ва 2 аз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд. Ҳайати ҳакамони масъулиятшинос мутобиқи талаботи меъёрҳои баҳогузории корҳое, ки барои гузаштан ба марҳалаи дуюм холҳои кофӣ гирифтаанд, 10 асарро интихоб карданд.
Марҳалаи дуюми озмун аз пешниҳоди иншо ва муҳокимаи муфассали мавзуъ иборат буд. Раиси ҳакамони озмун - Абдуллоева Саодат Ҳакимовна- котиби илмии Комиссияи аттестатсионии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби масъули маҷаллаи «Ахбори АМИТ» Шуъбаи илмҳои дақиқ бо меъёрҳои арзёбии баромадҳо аз наздик шинос шуда, ҳамзамон фикру мулоҳизаҳояшро назди ҳозирин баён намуд.
Иштирокчиёни озмун дар бораи бонувони олимаи маъруфи кишвар, аз қабили Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна, Високовская Галина Сергеевна, Абдусаломова Мақсуда Неъматуллоевна, Мироқилова Муаззама, Райкова Илария Алексеевна ва дигарон баромадҳои ҷолиб омода карданд.
Бархе аз довталабон ҳангоми шиносоӣ мутобиқи иншоҳояшон аз кору рӯзгор ва фаъолияти илмии занони олим ба ваҷд омада, тасмим гирифтанд, ки дар оянда бо онҳо аз наздик вохӯрда, шахсан мусоҳиба барпо кунанд ва бо баъзе далелҳои зиндагиномаи ин гуна шахсиятҳои шинохтае, ки ба омма алъон он қадар маълум нест, ошно шаванд.
Тибқи ҷамъбасти марҳалаи дуюми озмун чаҳор нафар иштирокчӣ ҷоиза гирифтанд: Елизавета Сирошенко - ҷойи якум; Анисаи Муҳаммадкарим - ҷойи дуюм; Аниса Муъминова ва Нозия Алинбекзода – ҷойи сеюм.
Бо маърӯзаи ғайриозмунӣ хонандаи синфи 9-уми Литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Нилуфар Азизова дар мавзуи «Буллинг ҳамчун мушкилоти иҷтимоӣ» баромад намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун диплом, шаҳодатнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ Умарова Татяна Муксимовна ба маъмурияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва инчунин ба президенти Бахши миллии WiN Global “Хонуми ядроӣ” (WiN Tajikistan) барои ташкил ва баргузории чунин як озмуни муфид изҳори сипос намуда, ҳамзамон хотиррасон кард, ки барои насли наврас ёдоварӣ аз устодон ва донистани ҳаёту фаъолияти олимоне, ки зиндагии хешро ба рушду нумӯи илми тоҷик бахшидаанд, то чӣ андоза муҳим ва ибратбахш мебошад.
14 –УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2023
МАШВАРАТИ МУФИД ДАР МАВЗУИ «ТАЪСИРИ НУРҲОИ ОФТОБӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ САРАТОНИ ПӮСТ ДАР ҶУМҲУРӢ»
Рӯзи 14 – уми апрели соли 2023 дар доираи фаъолияти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) духтури шинохта, номзади илмҳои тиб Абиджанова Нигора Нафизовна дар мавзуи «Таъсири нурҳои офтобӣ ва масъалаҳои мубрами саратони пӯст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо гурӯҳи бонувони фаъоли Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» машварати кушод баргузор намуд, ки он басо ҳам муфид буд.
Номбурда бо забони дастрас дар бораи манфиат ва инчунин зарари шуоъҳои офтоб ба пӯсти инсон, инчунин таъсири радиатсияи ултрабунафш (УВ) аз офтоб ё манбаъҳои сунъӣ, аз қабили таҷҳизоти сунъӣ (солярий), истифодаи мунтазаме, ки тибқи иттилооти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ боиси гирифтор гардидан ба бемории саратони пӯст мегардад, муфассал назди аҳли ҳузор сухан ронда, зикр намуд, ки ин гуна омил махсусан аз он сабаб аст, ки дар катҳои даббоғӣ назар ба нурҳои офтоб 10 маротиба зиёдтар нурҳои ултрабунафш - А бештар вуҷуд доранд.
Таъсири аз ҳад зиёди нурҳои офтоб бо шохиси баланди ултрабунафш ва сӯхтагии ба он алоқаманд дар овони кӯдакӣ ва наврасӣ яке аз омилҳои хатарнокест, ки боиси рушди саратони пӯст дар оянда мегардад. Миқдори муайяни нурҳои ултрабунафш барои саломатӣ, бахусус тавассути истеҳсоли витамини D, истеҳсоли серотонин ва беҳтар шудани рӯҳия, инчунин мустаҳкам кардани системаи масуният хело ҳам муфид аст.
Таъсири манфии шуоъҳои ултрабунафшро бо тадбирҳои мухталифи одӣ ва муассир пешгирӣ кардан мумкин аст. Бо индекси ултрабунафш аз 3 ё аз он ҳам баландтар, якчанд роҳҳои муҳофизати мураккаб аз таъсири нурҳои офтоб ба ҷисми инсон тавсия дода мешавад.
Ҳамин тавр, доктор Нигора Нафизовна Абиджанова инчунин перомуни мушкилоти рӯзмарраи бемории саратони пӯст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯйи паҳншавии саратони ашаддӣ дар ҷойи сеюм қарор дорад, назди ҳозирин муфассал сухан ронда, ҳамзамон дар хусуси хатарҳои марбут ба ин намуди беморӣ ва омилҳои пешгирикунанда, аз он ҷумла роҳҳои истифодаи дурусту оқилонаи муҳофизати худ ва дигаронро аз таъсири нурҳои офтобӣ тавасути истифода аз сарпӯшҳои офтобии рангаш сафед, айнаки муҳофизатӣ ва чатр, ки ба кам кардани хатари саратони пӯст мусоидат мекунанд, тавсия намуд.
7 –УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2023
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СЕМОҲАИ БАХШИ МИЛЛИИ WIN GLOBAL «ХОНУМИ ЯДРOӢ» (WIN TAJIKISTAN)
Рӯзи 7 – уми апрели соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки аъзои он, аз он ҷумла бонувони фаъол, ҷаласаи навбатии семоҳаи Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Тоҷикистон) баргузор гардид.
Дар оғози ҷамъомад Зарина Сайфиева - президенти Бахши «Хонуми ядроӣ» назди аҳли ҳузор дар бораи корҳои ба анҷом расидаи бахши мазкур дар давраи семоҳаи аввали соли 2023 мухтасар ҳисобот дода, ҳамзамон қайд кард, ки тамоми чорабиниҳои пешбинишудаи бахши мазкур мутобиқи ҷадвали муқаррар гардида ва инчунин саривақт ба иҷро мерасанд.
Мавсуф ҳамзамон қайд кард, ки барои мисол дар давраи њисоботї ҷамъ 12 номгӯй чорабиниҳои муфид баргузор гардиданд, ки аз он љумла баромадњо тавассути васоити ахбори омма, дарсњои роњнамоии касбї барои мактаббачагон, ду мизи мудаввар, инчунин иштирок ва баромадҳо дар конференсияњои сатҳи баланд, озмуни «Дастархони таомњои миллї», экскурсия ба Маркази таълимии Агентӣ дар вилояти Суғд омода ва гузаронида шуданд. Бар замми ин аз ҷониби Озмоишгоҳи (лабораторияи) Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ як чорабинии хайриявӣ барои атфоли Маркази дастгирии оила ва кӯдакон баргузор карда шуд.
Дар интиҳои ҷамъомад Зарина Сайфиева зикр кард, ки ҳар семоҳа масъалаҳои ташкилии чорабиниҳои минбаъда, аз он ҷумла, озмуни иншо дар мавзуи «Ҷалби бонувони фаъол дар соҳаҳои илмию техникӣ», сафари фарҳангӣ, чорабинии хайриявӣ дар Хонаи кӯдакон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ташкили семинар оид ба амнияти озуқаворӣ, гузаронидани семинар роҷеъ ба масъалаҳои мубрами бемории саратони пӯст, ташкили Озмунҳои “Мусаввараҳои бачагона” ва “Рассоми беҳтарин” доир гардиданд.
28 –УМИ МАРТИ СОЛИ 2023
НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ
ИННОВАТСИОНИИ МАСКАВ «АРХИМЕД»
Аз 28 то 30 март 26-умин Намоишгоҳи байналмилалии технологияҳои инноватсионии Маскав «Архимед» баргузор гардид, ки дар он олимони тоҷик ширкат варзиданд.
Иштироккунандагони Намоишгоҳ намояндагони 221 ташкилот аз 27 давлат ва 35 минтақаҳои Федерацияи Россия буданд, ки ба намояндагони васеи илмӣ-техникӣ қариб 600 лоиҳа ва ихтирооти навоваронаро намоиш доданд, ки 198 адади онҳо аз тарафи муаллифон пешниҳод карда шудаанд.
Комиссияи тахассусии коршиносон ва ҳакамони байналмилалӣ озмунҳоро ҷамъбаст намуданд, ки дар натиҷаи он иштирокчиёни Намоишгоҳ бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии Намоишгоҳ ва мукофотҳои махсус мукофотонида шуданд.
Бо қарори ҳакамони байналмиллалӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ғайбуллаева Зумрат Ҳабибовна барои ихтироъ – «Технологияи ҳосилкунии моддаҳои барқароркунанда ҳангоми коркарди ангишт» бо медали нуқра мукофотонида шуд.
18 –УМИ МАРТИ СОЛИ 2023
ЧОРАБИНИИ ХАЙРИЯ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ
18-уми марти соли 2023 Анҷумани «Занони пиряхшинос»-и назди Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Филиали миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WIN Tajikistan) бахшида ба муносибати ҷашни Наврӯз барои кӯдакони Маркази дастгирии оила ва кӯдаки рақами 2-и шаҳри Душанбе чорабинии хайриявӣ доир намуд.
Бояд қайд кард, ки аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ халтаҳои ба таври дастӣ дӯхташуда ва тухмҳои рангкардашуда ҳамчун рамзи эҳё, ҳаёти хушу хуррам дар рӯйи олам ба кӯдакони ин даргоҳ тақдим гардид, ки дар дохилаш аз номи кулли иштирокчиёни чорабинӣ қандалотҳо бо навиштаҷоти саршори орзуҳои самимӣ ба бачаҳо супорида шуданд.
Вижагии ин чорабинӣ иштироки кӯдаконе буд, ки худашон барои хушнудии кӯдакони дигар кӯмаки худро бевосита пешниҳод мекарданд. Бачаҳо ҳамчун нишони миннатдорӣ ва арзи сипос ба меҳмони ташриф оварда шеъру сурудҳои дилнишинро дар васфи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва баҳори Наврӯзи оламафрӯз самимона қироат намуданд.
15 –УМИ МАРТИ СОЛИ 2023
ЭКСКУРСИЯ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ - ИНТЕРНАТИИ «ҲОТАМ ВА ПВ» БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ МИНТАҚАВӢ ОИД БА ПАҲН НАКАРДАНИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ ВА НАЗОРАТИ СОДИРОТ ВА ОЗМОИШГОҲИ АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХБРЯ-И АМИТ
15 - уми марти соли 2023 дар доираи фаъолияти Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) бо мақсади бедор намудани завқу рағбати наврасону ҷавонон ба илм бо ибтикори Зарина Шоймардонова - ходими калони илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои хонандагони синфҳои 10 -11-и ТРЛИ «Ҳотам ва ПВ» (филиал дар шаҳри Ҳисор) экскурсия ташкил намуд. Толибилмони даъватшуда иштирокчиёни олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ аз фанҳои физика, химия ва математика мебошанд.
Дар оғози ҷамъомад Зарина Сайфиева - директори Маркази таълимии минтақавӣ оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом ва назорати содиротӣ, президенти Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) оид ба фаъолияти Маркази таълимӣ, аз ҷумла, перомуни доираи васеи фаъолияти Маркази минтақавӣ, омода намудани кадрҳо ба ҳозирин ва иштирокчиёни ҷамъомад муфассал маълумот дод.
Бояд қайд кард, ки семинар ва курсҳои омӯзишие, ки дар маркази мазкур мегузаранд, оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом ва назорати содироти он, амнияти кимиёвӣ, биологӣ, ядроӣ ва радиатсионӣ ва инчунин пешгирии терроризм бо истифодаи СҚО-ро дар бар мегирад.
Маркази таълимии минтақавӣ ҳар сол зиёда аз 500 нафар мутахассисонро аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҳамкасбони худ аз минтақаи Осиёи Марказӣ низ омода менамояд.
Инчунин маркази мутазаккир барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирии терроризм бо истифода аз СҚО ҳам дар Маркази таълимӣ ва ҳам дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои мухталифи сарҳадӣ ба таври мунтазам курсҳои омӯзишӣ мегузаронад.
Баъд аз боздиди Маркази таълимӣ ходими пешбари илмии Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Довгялло Яна Павловна дар мавзуи «Замин - хонаи умумии мо» дарси кушод гузаронид, ки дар хусуси мушкилоти асосии экология ва инчунин аҳаммияти муҳофизати табиат барои наслҳои оянда сухан ронда, аз он ҷумла афзуд, ки: “Дар натиҷаи рушди илму техника инсон дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ ба муҳити зист бештар таъсир расонида истодааст.
Аз ин лиҳоз, инсони муосирро зарур аст, ки нисбат ба табиати атроф ҳамеша муносибати хуб дошта, аз ҳар гуна рафторҳои ношоям худдорӣ намояд, табиат ва сарватҳои табииро оқилона ва сарфакорона истифода барад. Табиатро ба наслҳои оянда тавре боқӣ гузорад, ки ҳамон тавр пайдо шуда буд. Зеро нақши экология дар тарбияи иқтисодӣ, эстетикӣ, ҷуғрофӣ, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ ва дар маҷмуъ ватандӯстӣ хеле калон аст”.
Инчунин Довгялло Яна Павловна ҳамзамон қайд кард, ки: “Ифлосшавии атмосфера, вайроншавии қабати озон, биёбоншавии Замин, ғарқшавии пластикӣ дар уқёнусҳо танҳо як қисми хурди мушкилоти экологӣ мебошанд, ки дахолати фавриро талаб мекунанд.
Ҳаллу фасли онҳо вазифаи ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон аст, ки аз фалокати глобалии ҷаҳонӣ пешгирӣ шавад. Дар атрофи корхонаҳо ва қад-қади роҳҳо дарахт шинондан, яъне умуман кабудизор кардан зарур аст, ки ин паҳншавии моддаҳои зарарнокро нисбатан кам мекунад.
Яъне дӯст доштани муҳити зист ва тозаву мубарро нигоҳ доштани табиатро аз даврони наврасӣ бояд омӯхт в-он гоҳ дер мешавад”.
Дарс дар шакли интерактивӣ низ баргузор гардид, ки иштирокчиён сатҳи баланди огоҳии худро нишон дода, дар рафти муҳокима ба саволҳои хеш ҷавобҳои мушаххас ва қаноатбахш гирифтанд.
Сипас, экскурсия дар озмоишгоҳи Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ идома ёфт. Кормандони озмоишгоҳ – номзади илмҳои техникӣ, мудири шуъбаи илмӣ - тадқиқотӣ Бахтиёр Баротов ва ходими калони илмии озмоишгоҳ Меҳровар Бобоёров оид ба фаъолияти озмоишгоҳ мухтасар суханронӣ намуда, оид ба таҳлилҳои дар озмоишгоҳ гузаронида шуда ва инчунин рафти корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ, инчунин таҷҳизоти муосиреро, ки дар озмоишгоҳ мавҷуданд, ба маърази намоиши толибилмон гузоштанд.
Пас аз анҷоми экскурсия ба мактаббачагон китоби дарсии «Қонуни экологияи Тоҷикистон» ва инчунин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
10 –УМИ МАРТИ СОЛИ 2023
МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢДАР ТИБ ВА ТАБОБАТИ НУРӢ ДАР ЁРИИ ПАЛЛИАТИВӢ»
10-уми марти соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини президенти Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan), доктори илмҳои тиб Шарофова Мижгона Умедҷоновна мизи мудаввар дар мавзуи: «Бехатарии радиатсионӣ дар тиб ва табобати нурӣ дар ёрии паллиативӣ» баргузор гардид.
Дар рафти баргузории мизи мудаввар ҳамзамон ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни мизи мудаввар, ки ҳамагон аъзои «Хонуми ядроӣ» буданд, ду маърӯза пешниҳод карда шуд.
Дар оғози ҷамъомад Ҳакимова Нодира Умаровна, номзади илмҳои химия, ходими калони илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Бехатарии радиатсионӣ дар тиб» ва асосҳои бехатарии радиатсионӣ, вояи солонаи кормандони соҳаи тиб ва инчунин дар бораи ҳолатҳои ҷолиби таваҷҷуҳ аз таҷрибаи касбии худ назди ҳозирин маърӯзаҳо намуд.
Сипас, номбурда инчунин қайд кард, ки бинобар хатарҳои мавҷуда ва сол аз сол васеъ шудани истифодаи он ба соҳаи татбиқи радиатсияи иондоркунанда дар тиб назорати махсус ҷорӣ гардида, бар замми он таваҷҷуҳи бештарро барои ҳифзи ҳам беморон ва ҳам кормандон тақозо менамояд. Тавоноии истифодаи технологияҳои радиатсионӣ дар ташхис ва табобат тадриҷан имкониятҳои қариб номаҳдуди тиббиро мекушояд. Ҳар қадар тавоноӣ зиёд бошад, масъулият низ ҳамон қадар зиёд мегардад, ки қонуну қоидаҳои дар истифодабарии шуоъҳои иондоркунанда риоя карда шавад. Барои гирифтани иҷозат ҷиҳати анҷом додани ҳама гуна фаъолият бо истифода аз манбаъҳои афканишотӣ ионизатсиякунанда (МАИ) дар тиб риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зарур аст.
Аз ин лиҳоз, азбаски тахассуси кормандони тиббӣ ва техникӣ, ки расмиёти ташхисӣ ё муолиҷавии тиббиро бо нурҳои табобатӣ иҷро мекунанд, бояд ба таври кофӣ баланд бошад. Санҷиши ҳарсолаи таҷҳизот, мавҷудияти системаи назоратии сифат барои усулҳои радиатсионии ташхис ё табобат, сертификатсияи таҷҳизоти ташхиси рентгенӣ ва радионуклидӣ, инчунин усулҳои ташхис ва табобати радиатсионӣ ба рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани иҷозати кор бо манбаъҳои радиатсионӣ дохил карда мешаванд.
Маърӯзаи дуюм аз ҷониби номзади илмҳои тиб, мушовир-мутахассиси Ассотсиатсияи миллии ёрии паллиативӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ассистенти кафедраи онкология ва табобати нурии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, хонум Нигора Нафизовна Абидҷонова оид ба асосҳои кӯмаки паллиативӣ, нақши терапияи радиатсионӣ дар паст кардани синдроми дарди беморони саратон ва бо мушкилоти бемороне, ки ба ёрии паллиативӣ ниёз доранд, бахшида шуда буд, назди ҳозирин муаррифӣ гардид.
Бар замми ин қайд карда шуд, ки ёрии паллиативии баландсифат ҷузъи ҷудонашавандаи чаҳорчӯбаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид таҳияи механизми ҳамгирои хизматрасонии тандурустӣ ба одамон нигаронида шуда мебошад, ки аз ҷониби 69-умин Ассамблеяи Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар соли 2016 тасдиқ шудааст. Аҳаммияти масъалаҳои кӯмаки паллиативӣ дар ҷаҳони муосир сол то сол меафзояд. Доруҳои табобати паллиативӣ, аз ҷумла, доруҳои таскинкунандаи дард, дар рӯйхати доруҳои зарурии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ барои калонсолон ва кӯдакон қарор доранд ва бояд барои ҳама табақаи ниёзмандон дастрас бошанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии паллиативӣ ба Кодекси тандурустӣ дохил карда шуда, дар ҳамаи сатҳи таҳсилоти тиббӣ низ омӯхта мешавад. Суханронии пурмуҳтавои номзади илмҳои тиб Абидҷонова Нигора Нафизовна дар байни иштирокчиёни мизи мудаввар таваҷҷуҳи зиёде пайдо кард. Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён ба номбурда саволҳои зиёд дода шуданд.
Сипас, дар интиҳои баромади худ мавсуф инчунин наворҳои ҷолибу пурмазмун «Дар бораи табобати нурӣ дар 60 сония» ва «Лексияи охирин»-ро назди аҳли ҳузор ба намоиш гузошт.
Мавсуф дар баробари маълумоти хеле ҷолибу зарурӣ додан, инчунин ба ҳар як иштирокчии чорабинии мазкур туҳфаҳои хотиравӣ бо нишон ва навиштаҷоти «Ассотсиатсияи миллии ёрии паллиативии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (васоити электронӣ бо маълумот дар бораи фаъолияти онҳо, дафтарчаҳо ва хатнависҳо) ва китоби «Мероси ниёгон»-ро тақдим намуд.
10 –УМИ МАРТИ СОЛИ 2023
СЕМИНАР ДАР МАВЗУИ: «МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГИИ ПАРТОВГОҲҲОИ УРАН ДАР ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ» БАРОИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ТЕХНИКИИ БА НОМИ АКАДЕМИК МУҲАММАД ОСИМӢ
10 - уми марти соли 2023 аъзои Бахши миллии WiN Global “Хонуми ядроӣ” (WIN Tajikistan) номзади илмҳои химия, ходими калони илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳакимова Нодира Умаровна, лаборанти калони Агентии мазкур Сабрина Тағоева ва омӯзгори фанни биологияи Литсейи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ - Дон Екатерина Геннадевна дар мавзуи «Мушкилоти экологии партовгоҳҳои уран дар шаҳри Истиқлол» барои хонандагони синфи 11-и Литсейи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ семинар доир намуданд.
Мақсади аз баргузории семинари мазкур на танҳо шиносонидани донишҷӯйён бо мушкилоти экологии марбут ба партовгоҳҳои урани шаҳри Истиқлол, инчунин роҳҳои имконпазири олудашавӣ бо радионуклидҳо ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати кам кардани ин мушкилот, балки кӯмак расонидан ба толибилмон дар интихоби касби оянда, ҳамзамон ба ин васила бедор намудани шавқу завқи онҳо ба омӯзиши фанҳои дақиқ бахшида ба амалисозии “Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” ва инчунин эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” миёни мактаббачагон ва махсусан духтарон мебошад.
Лозим ба тазаккур аст, ки зимни баромади худ Нодира Ҳакимова ба хонандагон дар бораи самтҳои асосии фаъолияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳамзамон перомуни корҳои илмӣ - таҳқиқотии гузаронида шуда, нақл кард.
Дар раванди баргузории семинар мактаббачагон дар бораи таърихи партовгоҳҳо ва инчунин корҳои барқарорсозии онҳо муфассал маълумот гирифтанд. Ташкил ва баргузории чунин семинари муфид аз ҷониби аъзоёни Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” барои муҳаққиқони ҷавону мактаббачагон хело ҳам пурмазмун ва ҷолиби таваҷҷуҳ буд.
6 –УМИ МАРТИ СОЛИ 2023
ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА СЕЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ БАХШИ МИЛЛИИ WIN GLOBAL «ХОНУМИ ЯДРОӢ» (WIN TAJIKISTAN)
6 - уми марти соли 2023 дар Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 3 - юмин солгарди таъсисёбии Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар ҷараёни баргузории чорабинии мазкур зиёда аз 70 нафар иштирокчиён, аз ҷумла меҳмонони гиромиқадр аз кишварҳои хориҷӣ, ки тавассути шабакаи умумиҷаҳонии интернет ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) пайваст шуда буданд, ширкат варзиданд.
Ҷаласаро бо суханони табрикотӣ директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААХБРЯ АМИТ) доктори илмҳои техникӣ, дотсент Илҳом Мирсаидзода ҳусни оғоз бахшида, қалб аз ифтитоҳи ҳамоиш аҳли ҳузорро бо фарорасии Рӯзи Модар ва ҳамзамон сеюмин солгарди таъсисёбии Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) самимона шодбош гуфта, нақши рӯзафзуни занонро дар рушди илм, фарҳанг ва ҳаёти ҷамъиятӣ басо ҳам назаррас қайд намуда, зимнан иброз дошт, ки бонувони тоҷик айни замон аз уҳдаи кулли корҳо ба нафъи ҷомеа ба хубӣ мебароянд ва саҳми боризи худро ҳамеша мегузоранд. Илҳом Мирсаидзода ҳамзамон перомуни комёбиҳои Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» ва нақшаҳои навбатии он дар оянда назди ҳозирин ва кулли иштирокчиёни ҷамъомад муфассал суханронӣ намуд.
Ба суханҳои табрикотӣ директор, д.и.х, профессор, академики Мирсаидов Улмас Мирсаидович низ ҳамроҳ шуда, ҳамаи бонувонро бо фарорасии Рӯзи Модар ва инчунин таҷлили ҷашни 3-юмин солгарди таъсисёбии Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” самимона муборакбод гуфта, хусусан ба кулли аъзои Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” дар самти рушди минбаъда ва инчунин муваффақона ноил гардидан ба ҳадафҳои бунёдкоронаву созандаи дар пеш гузоштаашон комёбиҳои беназир ва тавфиқ таманно намуданд.
Инчунин президенти Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» - Зарина Сайфиева низ ҳамаи иштирокчиёнро бо фарорасии Рӯзи Модар ва инчунин таҷлили ҷашни 3-юмин солгарди таъсисёбии Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» самимона шодбош гуфта, барои ширкати фаъолонаашон дар баргузории аксари чорабиниҳо изҳори сипос намуд.
Сипас сухан ба намояндагони WIN аз кишварҳои хориҷӣ - Евгени Енишина, роҳбари бахши миллии WiN Global WiN Русия, Ли Марина - Президенти WiN Uzbekistan ва дигар шарикон дода шуд. Онҳо, дар навбати худ, ҳамаи иштирокчиёни Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ»-ро бо Рӯзи байналмилалии занон, Рӯзи модарон ва 3-юмин солгардӣ “Хонуми ядроӣ” табрик гуфта, ба ҳамагон шукуфоӣ, рушду нумӯи минбаъда ва дар ҳама корҳо барору комёбиҳоро таманно намуданд.
Ҳамзамон, бо суханҳои табрикотӣ низ н.и.х. Ҳакмова Нодира Умаровна, н.и.х Гайбуллоева Зумрат Хабибовна ва н.и.т Абидҷонова Нигора Нафизовна ҳамагонро бо чунин рӯзи фархунда муборакбодӣ намуданд.
6 –УМИ МАРТИ СОЛИ 2023
ОЗМУНИ "ДАСТУРХОНИ ТАОМҲОИ МИЛЛӢ"
6 марти соли 2023 дар Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ, ва ядроии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) ҷиҳати таҳкими ҳувияти миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занону ҷавондухтарон дар ҳаёти фарҳангию ҷамъиятӣ озмуни «Дастурхони таомҳои миллӣ», бахшида ба ҷашни давтии Рӯзи Модарон баргузор гардид.
Озмун байни магистрантҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии номзади илмҳои биология, мудири шӯъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD-и АМИТ, ва раиси Шӯрои олимони ҷавони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, Мамадюсуфова Мену Ғуломайдаровна доир гардид. Шартҳои асосии озмун аз тарзи омодасозии таоми миллӣ ва муаррифии он иборат буд.
Мусобиқа дар фазои гарму самимии дӯстона сурат гирифт. Иштирокчиёни озмун таомҳои гуногуни миллӣ омода намуда, аз раванди таомпазӣ, ки дар озмун пешниҳод гардида шуд, наворҳои ҷолиб гирифтанд ва яке аз дастаҳо бо рақсҳои миллӣ, ки инкосгари манотиқҳои мухталифӣ ҷумҳуриро муарифӣ мекард, хотири меҳмонон ва ҳозиринро шод намуданд.
Ҳамчунин дар озмун аъзоёни Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) Муминова Меҳрангез ва Боқиева Шоира, оид ба пухтани таоми миллии «оши-бурида» дарси маҳоратӣ гузарониданд. Онҳо аз таҷриба ва асрори тайёр кардани ин таом ба иштирокчиёни озмун қисмат намуданд.
Бояд қайд кард, ки баргузории чунин озмунҳои аз ҷониби Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” барои тарбия намудани ҳам ҷонишманд ва ҳам як катбонуи рузгордор дар дар симои ҷавондухтарон дар ҳаёти мутақилона боис гардад.
24 –УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2023
КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ
“НАҚШИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМИ ДАҚИҚ”
24 –уми феврали соли 2023 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши занон дар рушди илмҳои дақиқ” баргузор гардид.
Конференсияро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар рушди илмҳои дақиқ нақши занону бонувон қобили қабул мебошад ва мо ифтихор дорем, ки занони олима дар баробари мардон фаъолияти илмии густурдаро анҷом медиҳанд.
Сипас, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни баёни андеша таъкид кард, ки зиёд шудани сафи олимаҳо дар миёни занону бонувони кишвар на фақат рушди илм, балки боз ҳам густариш ёфтани низоми хонаводагӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Дар конфронс ҳамчунин ноби президенти АМИТ, доктори илмҳои астрофизика, профессор, узви вобастаи АМИТ Гулчеҳра Қоҳирова суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки нақши зан дар самти илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ муҳим мебошад, чунки дар баробари ташфишҳои рӯзмараи худ машғул шудан ба илм, ки малакаю фаҳмиши болоро талаб менамояд, ниҳоят мушкил аст ва албатта, қайд намудан зарур аст, ки занони бо илм пайваста боис пешравии ҷомеъа, насли босавод ва рушди илм дар Тоҷикистон мегардад.
Дар раванди кори конфронс намояндагони аз Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи технологӣ, Раёсати АМИТ, Донишгоҳи тиббӣ, Институти геология, сохтмони сейсмикӣ ва сейсмологияи АМИТ, инчунин намояндагони Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” Ҳакимова Нодира н.и.х. ва Мамадюсупова Мену н.и.б бо марӯзаҳо боромад намуданд.
Ҳакимова Нодира дар мавзӯи “Мониторинги таъсири шуохурии касбии кормандони Маркази ҷумҳуриявии илмии Тоҷикистон” ки дар он маълумоти оморӣ оид ба арзишҳои миёнаи таъсири шӯъохурии касбӣ кормандоне, ки дар кори худ манбаъҳои радиатсияи иондоркунандаро истифода мебаранд, баромад намуданд.
Мамадюсупова Мену дар мавзӯи “Муқовимати намудҳои гандуми ваҳшӣ дар шароити гуногуни иқлимии Тоҷикистон” ки дар он, дар бораи проблемаи зангзании зард — касалии хавфнок, ки ба растаниҳои ғалладона таъсир мерасонад, сухан ронд.
17 - уми феврали соли 2023
ВОХӮРӢ БО ИШТИРОКИ НОМЗАДҲО
ВА ДОКТОРҲОИ ИЛМИИ БАХШИ МИЛЛИИ
17 феврали соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти ХБРЯ – и АМИТ бо иштироки номзадҳо ва докторҳои илм аз бахши миллии "Хонуми ядроӣ" вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯрӣ мазкур бахшида ба муҳокимаи мавзӯҳои мизи мудавварии илмӣ бахшида шуда буд. Қарор қабул кард шуд, ки дар самти бехатарии радиатсионӣ (мониторинги касбии радиатсионӣ, масъалаҳои саратон, мушкилоти партовҳои радиоактивӣ); проблемаи озуқаворӣ (таъсири иловаҳои гуногун ба сифати маҳсулоти хурокворй), ва мушкилиҳои материалшиносии фундаменталии муосир се мизи мудаввари илмӣ гузаронида шавад.
Инчунин, аз ҷониби аъзоёни бахши миллии «Хонуми ядроӣ» тасмим гирифта шуд, ки вохӯри навбатӣ бахшида ба Рӯзи "Модар" дар мавзуи «Нақши занон дар рушди илми Тоҷикистон» бо иштироки бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил карда шавад.
10 - уми феврали соли 2023
СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ БАХШИ МИЛЛИИ
«ХОНУМИ ЯДРОӢ» WIN TAJIKISTAN ДАР РАДИОИ «ХОВАР»
10 феврали соли 2023 дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»: Саҳми занон дар рушди илм бахшида ба “Рӯзи байналмилалии Занону духтарон дар илм”, мусоҳибаи хабарнигори радиои Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» (шаҳри Душанбе) – Манижа Баҳромзода бо ноиби Президенти Бахши миллии WiN Tajikistan «Хонуми ядроӣ»-и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медал ва шаҳодатномаи байналмилалии KIPO ва KWIA дар Намоишгоҳи байналмилалии занони ихтироъкор "KIWIE-2021" дар Корея, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи Маркази тадқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ, ва ҳамзамон директори Институти тибби Авитсенна ва фармакология – Шарофова Мижгона Умедҷоновна баргузор гардид.
Дар мусоҳиба дар мавриди Паёми навбатии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 23 декабри соли 2023 ироа гардид, шарҳу мулоҳизаҳо баён шуданд.
Тайи солҳои истиқлол Ҳукумати мамлакат бо ҳадафи дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, тадбирҳои судманд амалӣ намуданд. Ҳамакнун аз шумори умумии хидматчиёни давлатӣ 25%, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда наздик ба 20%, дар соҳаи маориф 73%-ро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Воқеан ҳам, имрӯз занону бонувон дар рушди соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла, рушди илмҳои дақиқ ва табиатшонисӣ саҳмгузор буда, бо дастовардҳои худ дар пешрафти ҷомеа нақши муассир мегузоранд ва дар ҳоле, ки аз соли 2016 ҳамасола 11 феврал ҳамчун «Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм» қайд мегардад, пайваста дар тӯли моҳҳо дар пажӯҳишҳои илмӣ фаъол ҳастанд. ҳадафи ин рӯзро Маҷмааи умумии СММ дастрасии баробари занону духтарон ба дастовардҳо ва рушди илм, техника ва фановарӣ (инноватсия) ҷамчун гарави таъмини баробарии гендерӣ дар соҳаи мазкур ном бурдааст.
Дар раванди суҳбате, ки дар мавриди саҳми занону духтарон дар рушди илм сурат гирифт, назари хешро изҳор намуд. Ҳамзамон, дар хусуси саҳми Бахши миллии WiN Tajikistan «Хонуми ядроӣ»-и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ҷалби ҷавондухтарон ва занони фаъолу қавиирода таъкид намуданд. Бахши мазкур платформаест, ки нисбатан ҷавон аст ва 8 марти соли 2020 ташкил ёфта, имконоти зиёдеро барои занон ва ҷавондухтарон дар фаъолиятҳои илмӣ-амалӣ, созмонҳои хайрия, барномаҳои фарҳангию ватандӯстӣ, маънавию ахлоқӣ, тарҳибу ташвиқи арзишҳои хонавода ва тарзи ҳаёти солим фароҳам менамояд.
Шарофова Мижгона дар ҷараёни суҳбат иртиботи мустаҳими фаъолияти хешро бо илми тиб доштан ва ангезаҳои рӯй оварданаш ба ин самтро тавзеҳ дода, дар ин росто дар соҳаи фармакология машғули таҳқиқу кор буданро, вазъи фитофармакология ё илмӣ омода сохтани доруҳо аз рустаниҳои шифобахши кишвар таъбир намуд.
Дар бораи ҳамаи заҳматҳо, натиҷаҳо, ихтироот ва дастовардҳои, ки дар муддати фаъолияти илмӣ доштааст, чанде иттилоъ дода шуд. Дар баробари ҳамаи ин натиҷаҷои фаъолият ва муҳимтарин дастовардҳо, чанд китоб ва мақола таълиф гардида, патентҳо ва пешниҳодҳои ихтироъкорӣ дарёфт шудааст, дар конфронсҳо ва ҳамоишҳои илмии сатҳи ватанӣ ва хориҷӣ иштирок ва суханрониҳо сурат гирифтааст, ҳамкории фаъол бо ҳамкасбону мутахасисон аз хориҷи дуру наздик роҳандозӣ шудааст.
Мижгона Шарофова ҳамчунин, дар мавриди тавоноии муҳаққиқ будани зан ва ҳамзамон, ҳифзи ҷойгоҳи вай ба унвони кадбону ва нигаҳбони чароғи хонавода мулоҳизаҳои хешро ироа намуд.
Дар фарҷоми барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» ӯ ҳамаи бонувону духтаронро бо «Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм» табрик гуфта, ба онҳо ва ҳамаи шунавандагон орзуи хушбахтӣ ва хушрӯзӣ изҳор намуд.
7 то 10 уми феврали соли 2023
ДАРСҲОИ РОҲНАМОИИ КАСБ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ МИЁНА
Мувофиқи нақшаи кории Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” дар мазӯъи ташвиқу тарғиботӣ байни хатмкунандагони мактабҳои миёна ва ҷалби ҷавондухтарон ба омӯхтани касбу ҳунар, илмҳои дақиқ ва табиятшиносӣ, инчунин барои давом додани таҳсил дар мактабҳои олӣ аз 7 то 10 феврали соли 2023 дар мактабҳои миёна вохӯрӣ намояндаи Хонуми ядроӣ бо хатмкунандагон гузаронида шуд.
Намояндаи Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои химия, дотсенти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон. акад. М.С. Осимӣ Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна дар мактабҳои миёнаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар деҳаҳои Сомон, Дарёобод, Қаҳрамон, Шайнак, Обчакорон ва Гулбутта бо хатмкунандагон ва алалхусус бо духтарон вохӯрӣ намуда, оид ба ихтисосҳои мактабҳои олӣ, шароити имрӯзаи касбомӯзӣ, барномаҳои нави замонавии таҳсил дар мактабҳои олӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.
Зимни вохӯрӣ хатмкунандагон аз суҳбати самимии Зумрат Ҳабибовна ба ваҷд омада, доир ба касбу ҳунар ва ихтисосҳои донишгоҳ, шароити таҳсил, давомнокии таҳсил, муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳо бо асбобҳои замонавӣ, ташкили таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва бо кор таъмин шудан пас аз хатми мактаби олӣ ва ғ. саволҳои зиёде доданд.
Ғайбуллоева З.Ҳ. ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас дода, моҳияти давом додани таҳсил, аҳамияти касбият дар ҳаёти занон ва роли онҳо дар ҷомеъа, пайдоиши шароити мусоид барои иштирок дар соҳаҳои мухталифи илм ва фарҳанг ва дастгирии Ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеъи занон ва ҷавонон дар пешравии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
9 - уми феврали соли 2023
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ
Ҳамасола 11 феврал дар саросари ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» таҷлил мегардад, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ бо мақсади таъмини дастрасии комил ва баробар иштироки занон ва духтарон дар илм қабул шудааст.
Аз ин лиҳоз, 9 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби ноибони Президенти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan), Қаюмова Дилором Абдулҳамидовна (н.и.т.), масъули оммавигардонии илм дар байни ҷавондухтарон, ва Шарофова Миҷгона Умедҷоновна (д.и.т.) бахшида ба «Рузи байналмилалии занон ва духтарони дар илм» мизи мудаввар барпо гардид. Тавассути табодули таҷриба оммавӣгардонидани илм дар байни занону духтарон яке аз мақсадҳои асосии баргузории ин мизи мудаввар мебошад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи чанд соли охир барои ташвиқ ва ҷалби занону духтарон ба илм талошҳои зиёд ба харҷ додаа истодааст.
Иштироки ҳаматарафа ва баробари занону духтарон дар корҳои илмӣ барои таъмини тадқиқотҳои гуногун илмӣ, васеъ намудани доираи тадқиқотчиёни боистеъдод ва ба вучуд овардани имкониятҳои нав нақши асосиро мебозад.
Дар мизи мудаввар дар асоси доираи ҳамкориҳо байни Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»-и Агентии амниятии ХБРЯ-и АМИТ бо Анҷумани «Занони пиряхшинос»-и назди Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ», намояндаҳои ду ҷониб иштирок намуданд.
Дар раванди мизи мудаввар маърузахои илмӣ ва презентатсияҳои олимони соҳаҳои фаъолияташон гуногун шунида ва муҳокима шуданд.
Маълум аст, ки занон дар бисёр соҳаҳои илмӣ ва тадқиқотӣ кам намояндагӣ мекунанд ва соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ истисно нест. Ҳамин тавр, мудири Сектори назорати шӯъохурии касбии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ н.и.т. Шосафарова Шоира Гулмахмадовна бо маърӯзаи худ оиди саҳми занон дар таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва оиди фаъолияти асосии Агентии амниятӣ ХБРЯ-и АМИТ баромад намуданд.
Оиди дастовардҳои асосии соҳаи пиряхшиносӣ намояндагон Анҷумани «Занони пиряхшинос» дар баромадҳои ҷолибу шавқовари худ равшанӣ андохтанд.
Аз таҷриба ва комёбиҳои хеш дар соҳаи илм Шарофова Миҷгона Умедҷоновна низ нақл карда, ба ҳамаи ҳозирон дар чунин роҳи душворе чун илм комёбиҳои нав ба нав орзу намуданд.
Дар фарҷом қайд карда шуд, ки занону духтарон ҳамчунон пешвои тадқиқоти навоварона ва пешқадам ҳастанд ва барои наслҳои ояндаи миллат намунаи ибрат мебошанд.
13 - уми январи соли 2023
БАРОМАДИ АЪЗОИ БАХШИ МИЛЛИИ "ХОНУМИ ЯДРОӢ"
ДАР РАДИОИ "ХОВАР"
13 январи соли 2023 дар шаҳри Душанбе, дар назди Агентии Миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» сӯҳбат бо аъзои Бахши миллии “Хонуми ядроӣ”-и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи медали тиллоӣ Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, номзади илмҳои химиявӣ, дотсенти донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна дар барномаи “Зан ва зиндагӣ” дар мавзӯи “Нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ”, сӯҳбат гузаронида шуд.
Дар рафти сӯҳбат дар бораи кору фаъолияти Бахши миллии “Хонуми ядроӣ”-и назди “Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ”, ки 8 марти соли 2020 ташкил ёфтааст, суханронӣ намуданд. Хусусан, дар бораи мақсад ва вазифаҳои Бахши милии “Занони ядроӣ”, дар бораи фаъолиятҳои назарраси аъзоён, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, тарғиби арзишҳои оилавӣ, тарзи ҳаёти солим, тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва ватандӯстӣ, гузаронидани озмунҳои гуногун байни ҷавондухтарон ва кӯдакон, гузаронидани мизҳои мудавар ва семинарҳо, конференсияҳои илмӣ-амалии байналмиллалӣ, гузаронидани чорабиниҳои хайриявӣ, гуфта гузаштанд.
Дар рафти сӯҳбат, оид ба кори конференсияи байналмиллалӣ илмӣ-амалии “Роли зан-олим дар пешрафти илм, инноватсия ва технология”, ки соли 2022 дар шаҳри Гулистон баргузор гардид, гуфта гузаштанд. Дар кори конференсия олимон- занон тоҷик аз соҳаҳои мухталиф иштирок намуданд. Дар баробари он меҳмонон аз давлатҳои Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико, Покистон ва дигарон бо натиҷаҳои корҳои илмӣ ва амалии худ иштирок варзиданд. Занон дар ин чорабинӣ бо ҳаёт ва фаъолияти якдигар аз наздик шинос шуданд, нақшаҳои ҳамкориҳои ояндаро дар якҷоягӣ баррасӣ намуданд. Ин гуна чорабиниҳо, барои пешрафти занон дар ҷомеъа, ҷалб намудан ба корҳои илмиву техникӣ, шиносоӣ бо технологияҳо ва таҷҳизотҳои замонавӣ, роҳҳои таъсиррасонӣ барои хубу беҳтар гардидани солимии занон ва баланд бардоштани шароити зиндагии онҳо таъсири мусбӣ мерасонад, дар сӯҳбат қайд гардиданд.
Дар рафти сӯҳбат, дар бораи амалӣ гардидани Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040 ва саҳми Бахши миллии “Занони ядроӣ” қайд намуданд, ки зани тоҷик дар баробари модар, тарбиятгар, кадбону, завҷа будан, имрӯз, омӯзгор, олима, ходими илмӣ, арбоби илму фарҳанг, ходими давлату ҷамъият, сиёсатмадор аст. Яке аз масъалаҳои асосии Бахши милии “Хонуми ядроӣ” дар ҷодаи илм ҷалби ҷавондухтарон ба таҳсил ва зиёд намудани фарогирии онҳо ба илму маърифат мебошад. Барои амалӣ намудан, чораҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд, ки баҳри манфиати занону духтарони тоҷик дар соҳаи илму маориф имкониятҳои нав ба навро амалӣ менамояд.
Инчунин, Ғайбуллоева Зумрат дар сӯҳбат, оид ба корҳои илмии худ ва ихтироотҳо дар самти коркарди маъданҳо бо тарзҳои аз ҷиҳати энергетикӣ каммасраф ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, иштирок дар намоишгоҳҳои ихтироъкорон дар ш. Сеули Корея ва мушараф гардидан бо медали тилло, иштирок дар кори Созмони ҷаҳонии “Илм ва Тандурустӣ” дар Ҳиндустон ва мушараф гардидан ба ҷоизаи “Олими беҳтарин дар самти химия ва металлургия”, гирифтани медали тилло аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар соли 2022 ва бо муваффақият дифоъ намудани рисолаи доктории худ дар мавзӯи “Асосҳои технологии ҳосил намудани пайвастагиҳои металлҳои электротехникӣ, суханронӣ намуданд.
28 - уми декабри соли 2022
ЧОРАБИНИҲОИ БАХШИ МИЛЛИИ WIN TAJIKISTAN
ВА «ХОНУМИ ЯДРОӢ»
Дар санаи 28 - уми декабри соли 2022 аъзоёни Бахши миллии «Хонуми ядроӣ», ки тули беш аз 3 сол ҳамчун Бахши милли дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд, барои кормандони шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии хайриявӣ ташкил намуд.
Шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ соли 1987 таъсис ёфтааст. Дар шуъбаи мазкур феълан 6 нафар духтурон ва инчунин 6 нафар ҳамшираҳои шафқат пурсамар баҳри нигоҳдории ҳифзи саломатии аҳолӣ кору фаъолият мекунанд, ки ин яке аз шуъбаҳои асосии онкологияи кӯдаконаи беморхона маҳсуб ёфта, вазифаҳои бисёрфунксионалиро дар бар мегирад, ки аз дигар муассисаҳои табобатӣ ва ташхисӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар шуъбаи мазкур ба ғайр аз табобат ва ташхиси варамҳои майнаю хун, инчунин дигар ҳамаи намудҳои ташхис ва табобати варамҳо гузаронида мешавад.
Айни замон дар шуъбаи бачагона 32 нафар кӯдакон табобат мегиранд. Дар доираи чорабинии мазкур, дар арафаи Соли нави мелодӣ, аз ҷониби роҳбарияти Агентии мазкур ба ҳамаи кӯдакон сару либоси гарм ва бозичаҳо тақдим карда шуд, ки тифлони даргоҳ аз иқдоми наҷибу ташаббускорони он хеле шоду мамнун гардиданд.
Роҳбарияти шуъбаи бачагона, пизишкон ва инчунин волидайни кӯдакони гирифтори бемории саратон ба Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ва инчунин ба маъмурияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои тақдими туҳфаҳои солинавӣ изҳори сипоси худро баён намуданд.
26 - декабри соли 2022
ЧОРАБИНИИ ХАЙРИЯВӢ БАРОИ ХОНА - ИНТЕРНАТИ
ПИРОНСОЛОН ВА МАЪЮБОНИ ДЕҲАИ БАТОШ
26 - уми декабри соли 2022 аъзоёни Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» бо мусоидати кормандони масъули Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Хона – интернати пиронсолон ва маъюбони деҳаи Батоши шаҳри Турсунзода чорабинии хайриявӣ доир намуданд.
Ба бошандагони хона-интернати мазкур маҳсулоти гигиенӣ, маводи ғизоӣ, либос, лавозимот барои рахти хоб ва маҳсулоти ороишӣ тақдим гардид.
Аъзоёни Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ба бошандагони хона - интернат туҳфаҳои хотиравӣ супорида, ба онҳо саломатии бардавом, умри дароз ва табъи болидаро орзу намуданд.
Кӯмак ва дастгирии шахсони маъюб, пиронсолон ва инчунин шахсоне, ки дар вазъияти душвори иҷтимоӣ қарор доранд, барои аъзоёни Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» аллакай ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
22 - декабри соли 2022
МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ БАХШИ МИЛЛИИ
«ХОНУМИ ЯДРОӢ»
22 - юми декабри соли 2022 ҷаласаи ҷамъбастии Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» баргузор гардид.
Зимни суханронии ифтитоҳии худ директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ Илҳом Мирсаидзода аз дастовардҳои фаъолияти Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” изҳори сипос намуда, ҳамзамон аҳаммияти идомаи татбиқи фаъолонаи ҳадафу вазифаҳои Бахши миллӣ, аз ҷумла пешниҳоди ақидаҳо ва ташаббусҳои накӯро басо ҳам муҳимму муфид шуморид.
Инчунин мавсуф яке аз иштирокчиёни фаъоли Win Тоҷикистон Ғайбуллоева Зумрад Ҳабибовнаро бо ҳимояи муваффақонаи рисолаи докториаш самимона табрик намуданд.
Барои мусоидат ва расонидани кӯмак ба кори президенти бахш ва ҳамкорҳои судманд бо аъзоёни Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” аз тарафи директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода пешниҳод гардид, ки Меҳрангез Мӯминова котиби матбуотӣ ва Шаҳноза Ҳусейнова ёвари шуъбаи равобити байналмилалии Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» таъин карда шаванд. Директори Агентӣ Илҳом Мирсаидзода ҳамзамон пешниҳод намуд, ки ду чорабинии хайриявӣ - дар Хонаи пиронсолони Батоши шаҳри Турсунзода ва инчунин дар Маркази саратоншиносии кӯдакона ташкил карда шавад.
Сипас, нақшаи баргузории чорабиниҳо барои соли 2023 пешниҳод ва баррасӣ гардида, инчунин нақшаи фаъолият, номгӯйи чорабиниҳо, вақти баргузорӣ ва ному насаби шахсони мутасаддӣ тартиб дода шуд.
19 октябр соли 2022
Вохӯрии онлайни Яна Павловна Довгялло бо намояндагони WiN Russia
19 октябр вохӯрии онлайн бо номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, иштирокчии WiN Тоҷикистон Яна Павловна Довгялло баргузор гардид.
Дар сухани ифтитоҳии худ роҳбари филиали миллии WiN Russia Евгения Еншина дар бораи мақсад ва ҳадафҳои ҷомеа сухан ронда, қайд кард:
«Масъалаи занон дар шароити муосир боз ҳам бештар хусусияти ҷамъиятӣ пайдо мекунад, на аз он сабаб, ки мавзӯи мувозинати гендерӣ сол то сол муҳимтар мегардад, балки занон дар соҳаи атомӣ бомуваффақият намунаҳои касбиро барои насли ояндаи мутахассисони зан ташаккул медиҳанд, ки дар баробари ин фазои мусоиди шарикӣ ва ҳамкоро фароҳам меорад.
Яна Павловна дар огози маърузаи худ оиди «Занони олими Тоҷикистон дар илми иктисодиёт» парадигмаи таърихии ташаккули заминаи илмии инкишоф ва чойгиркунии куввахои истехсолкунандаи Точикистонро нишон дода, баъд дар бораи фаъолияти занони олим дар иктисодиёти ин давлат бо далелхои илмии шавқовар ба ҳозирон мубодила назар намуд.
«...дар дохили мамлакат ривоҷ додани ҷамъияти илмӣ махсусан муҳим аст. Имрӯз дар рафти маъруза мо боз як овози зани ҳамкасб ва ходими чамъиятиро шунидем. Чунин вохӯриҳо имкон медиҳанд, ки муоширати созанда роҳандозӣ шуда, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни мардум ва кишварҳо саҳм гузоранд», - гуфт Анастасия Лядская, раиси Ассотсиатсияи рушди устувори саноат, узви Шӯрои рушди риояи зиддикоррупсия ва одоби соҳибкории ПССФР, омӯзгорони ИХДИ АХХИДР.
Дар фарҷоми вохӯрӣ доир ба вазъи имрӯза, рушд ва ҳамкории илми академӣ ва истифодаи амалии натиҷаҳои он дар Тоҷикистон, бахусус дар иқтисодиёт, инчунин ташаккули нерӯи инсонӣ ва зеҳнӣ дар мамлакат ва дастгирии соҳибкориро ҳам аз тарафи ташкилотхои давлатӣ ва ҳам чамъиятӣ муҳокима намуданд.
Манбаъ: Занон дар саноати ҳастаӣ (WiN Russia)
24 май соли 2022
Маълумотнома
оид ба ташкил ва гузаронидани озмун
24 майи соли 2022 соати 11:00 дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” факултети физика озмуни навиштани иншои беҳтарин дар мавзуъи “Нақши бонувони олим дар рушди илм, инноватсия ва технология” баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯдухтарон аз факултетҳои математика, физика, филологияи рус, химия ва биология, санъати тасвирӣ, психология иштирок намуданд.
Дар озмун аъзоёни комиссия Раҷабов Б намояндаи раёсати илми донишгоҳ, Пӯлотов П декани факултети физика, Бобоҷонова Д омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқ, иштирок намуда, натиҷаи корӣ донишҷӯёнро баҳогузорӣ карданд. Ҷои аввал насиби донишҷӯи курси 3-юми факултети математика Раҳимова Мӯниса, ҷои дуюм насиби донишҷӯи курси дуюми факултети филологияи рус Маҳмудова Машоҳидахон, ҷои сеюм насиби донишҷӯи курси дуюми факултети санъати тасвирӣ ва технология Фахриева Нигора гардид.
Донишҷӯёни номбар гардида бо диплом ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Боқимонда донишҷӯен Алибоева Ойимнисо, Исмоилова Париваш, Тошматова Субҳия, Мирзозода Азизмо, Раҳимова Сабрина, Қурбонава Азиза барои иштирок бо сипоснома ва туҳфаҳо низ қадрдонӣ гардиданд.Сипосномаю туҳфаҳоро декани факултети физика Пӯлотов Парвиз ба донишҷӯён супорид.
Қарори
Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ "Нақши занони олим дар рушди илм, инноватсия ва технология"
(Душанбе, 15 декабри соли 2020)
15 декабри соли 2020, дар шаҳри Душанбе, дар Маркази минтақавии таълимии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионии АМИТ, конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ "Нақши занони олим дар рушди илм, инноватсия ва технология" баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 40 нафар занони олим ширкат варзиданд.
Чорабиниро Шӯрои олимони ҷавони Академияи Миллии Тоҷикистон (СМУ НАНТ) дар якҷоягӣ бо Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ (ХБРЯ АМИТ) ташкил карданд.
Дар конференсия бонувон аз муассисаҳо ва сохторҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи словянии Руссияву Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти технологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикитсон, Институти математика, Институти иқтисодиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигарон, ки намояндаги мекарданд презентатсия карданд. Дар ин чорабинӣ инчунин олимони ташкилотҳои хориҷӣ ширкат варзиданд, аз ҷумла: Муассисаи илмии Институти тадқиқотии умумирусиягии растаниҳои шифобахш ва хушбӯй, Москва, ФР; Донишгоҳи тиҷорати байналмилалӣ, Алмаато, Қазоқистон; Донишгоҳи омӯзгории занони қазоқ, Алмаато, Қазоқистон; Институти физиологияи Академияи миллии илмҳои Беларус, Минск, Ҷумҳурии Беларус; Институти радиобиологияи Академияи Миллии Беларуссия, Гомел, Ҷумҳурии Беларус; Донишгоҳи Миллии Технология ва Тарроҳии Киев, Киев, Украина; Донишкадаи Геномикаи Пекин, Пекин, Чин; Вазорати энергетикаи ИМА ва ғайра
Дар таркиби иштирокчиёни конфронс доираи васеи муҳаққиқон ва мутахассисон дар соҳаҳои илмии зерин инъикос ёфтааст:
- навигариҳои кимиёвию технологӣ ва техникӣ;
- илмҳои гуманитарӣ;
- мушкилот ва дурнамои рушди иқтисод;
- кинематография.
То оғози конфронс Шӯрои олимони ҷавони Академияи Миллии Илм ва Технология ва Агентии бехатарии ҳастаӣ ва радиатсионии Агентии миллии илм ва технология маҷмӯаи маводҳоро омода карданд, ки дар онҳо зиёда аз 50 асари муаллифӣ пешниҳод карда шуданд. Мақолаҳо дар маҷмӯъ аз рӯи бахшҳои самтҳои асосии илмии конфронс гурӯҳбандӣ шудаанд.
Аксари маърӯзаҳо ба мавзӯи конфронс мувофиқ буданд, онҳо бо актуалӣ, навоварии илмӣ қайд карда шуданд, таҷрибаи амалиро инъикос карданд ва вазъи мушкилотро дар ҳар самт пурра ошкор карданд. Ҳама маърӯзаҳо дар шакли презентатсия пешниҳод карда шуданд ва шавқу ҳавасро ба вуҷуд оварданд, ки инро саволҳои сершумори ҳозирон гувоҳӣ медиҳанд.
Аз рӯи натиҷаҳои муҳокимаи маърӯзаҳо ва паёмҳо дар бахшҳо хулосаҳо ва тавсияҳои зерин қабул карда шуданд:
1. Иштирокчиёни конфронс қайд карданд, ки дар шароити рушди муосири илм ва техника нақши занони олим дар ҷомеа меафзояд. Идеяҳои ҳамкорӣ такони муҳимтарин барои иштироки фаъоли занон дар илм, корҳои ҷамъиятӣ, инчунин тақвияти нуфузи онҳо дар ҷомеа мешаванд;
2. Аҳамияти рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмии занони олим дар соҳаи илмҳои асосӣ ва амалӣ таъкид карда шуд;
3. Конфронси мазкур ба таҳкими робита байни ташкилотҳои илмии кишварҳои гуногун, мубодилаи таҷриба дар соҳаи таҳқиқот ва рушди амалӣ, инчунин татбиқи натиҷаҳои бадастомада дар соҳаи химия, биология, барномасозӣ ва ғайра мусоидат мекунад;
4. Бо аҳамияти таҳқиқоти минбаъда дар самтҳои асосӣ таъкид намуда, тавсия дода шуд, ки дар конфронс барои занони олим, аспирантони институтҳои тадқиқотӣ ва инчунин дигар муассисаҳо фаъолона ширкат варзанд, то натиҷаҳои таҳқиқоти шахсии худро муаррифӣ кунанд, шинос шаванд. бо самтҳои кори илмии ҳамкорон аз дигар муассисаҳо, малакаҳои суханвариро такмил диҳед.
5. Иштирокчиёни конфронс баргузории конфронсро бомуваффақият донистанд ва ба СМУ ва ААЯР тавсия доданд, ки баргузории минбаъдаро на камтар аз як маротиба дар як сол ташкил кунанд.
Ҳуҷҷат дар формати PDF дастрас аст
Почтаи электронӣ:
info@cbrn.tj