Воқеан дар таърихи навини кишварамон Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол руйдоди ҳам сарнавиштсоз ва ҳам тақдирсоз мебошад, ки ба таври демократӣ бо раъйпурсии умумихалқӣ, ки ҳамватанони мо ба тарафдории он овоз доданд, қабул гардид ва моро ба ояндаи нек ҳидоят намуд.
Ин сана барои мардуми мо, як санаи таърихӣ буда, дар саҳифаҳои он бо хати заррин сабт гардида, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Яъне Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши бориз ва муҳим мебозад.
Маҳз ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амалӣ гардидани меъёрҳои он фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор ва барои рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат шароити мусоид муҳайё гардид. Бо роҳи гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ то имрӯз дар самтҳои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, демократикунонии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву фарҳангӣ, таҳкиму тақвияти низоми давлатдории миллӣ ва аркони бунёдии он ба дастовардҳои басо арзишманди таърихӣ ноил гардидем.