НБО “Роғун” иншооти тақдирсоз, омили боз ҳам баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мебошад. Оғози фаъолияти нерӯгоҳ муҳимтарин рӯйдоди таърихи давлатдории мардуми тоҷик аст ва он дар солномаи таърихӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Зеро нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолшуда талаботи аҳолии мамлакатро ба нерӯи барқ пурра қонеъ намуда, илова бар ин нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа боз ҳам боло хоаҳ бурд, ки ин ба рушди иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
НБО “Роғун” дар рӯдхонаи Вахш сохта шуда, бо иқтидори муқарраршудааш, ки 3600 МВт пешбинӣ гардидааст, бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар нерӯгоҳи мазкур шаш агрегат бо иқтидори 600 МВт насб карда шуда, дар як сол беш аз 17,0 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ҳосил мекунад.
Сарбанди нерӯгоҳ 335 метр буда, баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳаҷми умумии обанбори Роғун 13,3 км³ ва ҳаҷми муфиди он 10,3 км³ - ро ташкил медиҳад. Роғун як маҷмааи гидроэнергетикӣ бо ҳадафҳои бузург, аз ҷумла тавлиди нерӯи барқ, танзими об, коҳиш додани хатари обхезӣ ва хушксолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бар асоси ин далелҳо метавон гуфт, ки нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа ва ҷаҳон ҳамчун иншооти зарурӣ ва фоидаовар муҳим аст.