АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
Рӯзи Президент ва Иҷлосияи тақдирсоз
Иҷлосияи таърихи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кишвари мо Сарвари воқеиро муаррифӣ намуд. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардумӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Имсол 32-юмин солагарди ин воқеаи барои ватанамон тақдирсоз таҷлил мешавад. Оғози Иҷлосия ба 16-уми ноябри соли 1992-юм рост омада, он 16 рўз идома ёфт. 16-уми ноябри соли 1994 аввалин савгандёдкунии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Тоҷикистон сурат гирифта.16-уми ноябр рўзи Президент эълон гардидан бе сабаб нест.
Воқеан, то баргузории ин Иҷлосия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия надошт. Роҳбари ҷавону дурандеш ҳамчунин тавонист дар муддати кўтоҳ бо душвориҳои зиёд артиши миллӣ, қушунҳои сарҳадиро созмон дихад ва устувор гардонад. Тоҷикистон бевосита ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодиро барқарор намуд. Боиси хушнудӣ аст, ки имрўз мо бо ифтихори бузург гуфта метавонем, ки Тоҷикистони азизи мо давлати пуриқтидор, мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона аст.
Сулҳпарвар
«Ман ба шумо сулҳ меорам!» нахустин шиор ва ваъдаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мардумро дар атрофи худ гирд оварду дар ниҳоят ба ваъдааш вафо кард. Ҳамватанон ба ҳеҷ ваҷҳ фаромўш намекунанд, ки баъди музокироти бисёр мушкили беш аз чорсола 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ба нобасомониҳо хотима гузошта мешавад. Тамоми раванди музокироти тоҷикон дар маркази таваҷҷуҳи ҷиддии Президенти Тоҷикистон қарор дошта, дар шаш музокираи сатҳи олӣ Сарвари давлат бевосита ширкат варзида, зери Созишномаи истиқрори сулҳ имзо гузоштанд, ки ин амр ба нақши созандаи Президенти кишвар ба раванди сулҳу оштӣ таъкид меварзад.
Содиқ ба аҳд
Аз аввали ба сари қудрат омадан то имрўз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар қавле, ки ба мардум додаанд, ҳатман иҷро намуданд. Бо гузашти солҳо борҳо аз рўзҳо ва ваъдаи содиқонаи хеш ёдовар шуда, Пешвои миллат изҳор медоранд: «Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмон ҳастам, ки соли 1992 ба номи халқи бузургвори тоҷик савганд ёд карда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардона дода будам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи сулҳу суботи пойдори Ватанам, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам.
Дардошно
Ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷуз талафоти ҷонии беш аз 150 хазор нафар ва зарари иқтисодии беш аз 10 миллиард доллар, ҳамчунин, беш аз 1 миллион гурезаро дар пай дошт. Барои ноил шудан ба мақсадҳои неки худ ва малҳам шудан ба дарди ҳар як фарзанди миллати тоҷик, ки дилашон аз ҷабри ғарибӣ реш буд, Сарвари давлат борҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар карда, бо иродаи қавӣ ваъда дода буданд: «Ман намегузорам, то нафаре аз мардуми Тоҷикистон берун аз кишвар азоби ғарибӣ бубинад, ҳатто агар лозим ояд, ҷони худро нисор месозам ва то як тоҷик дар ғурбат аст, ором нахоҳам шуд». Сарвари давлат ба аҳди худ вафо карда, мардуми ғамзадаро аз ғурбат раҳо намуданд.
Ободкор
Пас аз нисбатан ором шудани вазъи кишвар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти иқтисодиёт ва аз бумбасти комуникатсионӣ баровардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон» ва «Дўстӣ», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе- Хоруғ - Мурғоб - Қулма, Душанбе -Хуҷанд-Чанок, роҳи оҳани Қўрғонтеппа-Кӯлоб аз иқдомҳои Пешвои миллат мебошанд, ки боиси пешрафту тараққиёти Ватани азизамон гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок раҳо ёфт. Акнун имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардид ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.
Сохтмони аср - Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» бузургтарин иқдоми Сарвари давлат аст, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ба он сахт иртибот дорад.
Ҳимоятгари зан-модар ва тарбиятгари ҷавонон
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахустини фаъолияти худ ҳамчун Сарвари кишвар ба занон хамчун ба қишри асосии ҷомеа такя намуданд. Борҳо зимни суханрониҳо ишора кардаанд, ки дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, махсусан занон, дар атрофии Сарвари давлат муттаҳид шудаву барои рохандозии сиёсати халқпарварона ёрии хешро дареғ надоштанд. «Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зохир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд», -гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон. Ҳукумати мамлакат барои тарбияи ҷавонон як қатор қонуну санадҳоро қабул намуд, ки барои фаъолияти озодона ва комгор гаштани онҳо шароити васеъ фароҳам овард.
Эътирофшуда
Имрўзҳо мафҳумҳои Тоҷикистону Эмомалӣ Раҳмон бо ҳам муродифанд. Дар бораи Пешвои тоҷикони ҷаҳон сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ҳарф мезананд ва истеъдоди фавқулодаи сарварии ўро эътироф мекунанд. Хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хориҷ аз кишвар низ мавриди эътироф қарор гирифтаанд. Тақрибан 30 сол пеш Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон гуфта буд, ки рўз ба рўз моҳияти хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон равшантар мешавад. Сиёсатмадоре, ки аз умқи сиёсатҳои дунё огоҳӣ дошт, дар мавриди Сарвари давлати тоҷикон гуфта буд: «Ман имрўз Роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тўп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ў муттаҳид шуда, ўро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо - афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанўз чунин роҳбари ғамхор надоштем». Ё ин, ки яке аз намояндагони Арабистони Саудӣ, ки дар 1100 - солагии таъсисёбии давлати Сомониён иштирок доштанд, ба мардуми тоҷик бо суханони сипосгузоронаи худ чунин иброз дошт: «Раисҷумҳури шумо як мўъҷиза аст. Ў ҳама нерўҳои мухолифро авф кард ва муҳоҷирону фирориёну ғарибафтодаҳои деринро самимона сўи Ватан хонд. Шумо баъди солҳои шадиде ватандор гаштед, пуштибон ва падари бузургворе пайдо намудед дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон». Мо, мардуми тоҷик бояд доимо шукргузор бошем ва ба қадру қимати заҳматҳои Сарвари давлат расем.
Мақоми Президент
Президенти кишваре будан зоҳиран як амри табиӣ ва одӣ метобад, аммо дар асл як масъалаи ҷиддӣ ва андешахоҳи рўз аст. Яъне, ҳар кас ҳуқуқи президент шуданро дорад, аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ҳар кас метавонад дар ин мақоми сарварӣ рисолаташро бо сарбаландӣ анҷом диҳад? Оё ҳар кас тавону қобилияти президент шудану президент буданро дорад? Ҳаргиз не!. Президент будан бузургтарин масъулият дар назди халқу ватани худ ва ҳамзамон дар пеши тамоми ҷаҳону ҷаҳониён аст. Соли ҳафтум аст, ки дар мо Рўзи Президент дар сатҳи баланд ва расман таҷлил мегардад. Ворид намудани ин рўз ба тақвими санаҳои сиёсиву таърихии мамлакат тақозои давру замон ва хоҳишу дархости миллати тоҷик буда, он чун як рухдоди бузурги сиёсиву ҷамъиятӣ арзёбӣ мешавад. Ин рўз бозтоби ҳамдилию иттиҳоди халқи тоҷик мебошад ва айни замон баёнгари эътиқод ва боварии мардум ба Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он сарваронест, ки шахсияти сиёсии ў аз рӯзи аавли ба сари қудрат омданашон рушд намуда, тақвият ёфтааст ва имрўз ў дар сафи бузургтарин шахсиятҳои сиёсии дунё мавқеи шоистаро касб менамоянд. Аз ин рў, мо бояд шукргузор бошем, ки чунин Сарвари адолатпеша ва дурандеш дорем.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мубораку фархунда бод!
Почтаи электронӣ:
info@cbrn.tj