Курси омӯзишии миллии МАГАТЭ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ дар ташхис ва радиологияи интервенсионӣ, 5-9 ноябри соли 2012, Душанбе, Тоҷикистон.
Аз 5 то 9 ноябри соли 2012 дар Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон тибқи барномаи кории лоиҳаи миллии МАГАТЭ курси омузишии милли оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ дар ташхис ва радиологияи интервенсионӣ баргузор гардид.
Дар курси омузишии мазкур намояндагони Институти гастроэнтерологӣ, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ, Муассисаи давлати «Маркази илмии саратоншиносӣ», Хадамоти ҷумҳуриявии назорати санитарию эпидемиологӣ, Маркази миллии ташхисӣ, Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина, Пажӯҳигоҳи такмили ихтисоси кормандони тиб, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ иштирок намуданд.
Курси омузиши равияхои зеринро дар бар мегирифт:
• асосҳои бехатарии радиатсионӣ,
• ҳосилшавии нурҳои рантгенӣ,
• мутакобили нури рентгенӣ бо модда,
• таъсири биологии нурҳои рентгенӣ,
• муҳофизат аз манбахои афканишоти ионофар,
• воситахои дарёфт ва дозиметри
• шуоъхӯрии касбӣ
• шуохурии беморон
• шуохурии кудакон ва хомиладорон
• назорати сифати дастгоххои рентгени
• таъмини бехатарии радиатсиони дар сохахои мухталифи тиб
• додани ичозатнома ва гузарондани санчиш
• макоми кумитаи гумрук дар таъмини бехатарии радиатсиони ва якчанд равияхои дигар.
Лекцияхо аз тарафи Профессор Мехди Сохраби – эксперти МАГАТЭ, Илҳом Мирсаидов – мудири шӯъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва иттилооти Агентии амнияти ядрои ва радиатсиони, Ваҳоб Шарипов – саррентгенологи Чумхурии Точикистонт, Алишер Баротов – мудири шӯъбаи радиологияи интервенсионии Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина ва Бахтиёр Баротов – мудири сектори ичозатномадиҳии Агентии амнияти ядрои ва радиатсиони хонда шуданд.
Инчунин чаноби Сергей Шалимов – намояндаи ширкати Ray Safe дар курси омузишии мазкур иштирок намуд. Як катор лексияхо аз тарафи у хонда шуданд ва хамаи иштирокчиен бо асбоби назорати сифати асбобҳои рентгенӣ (Ray Safe Unforce XI) шинос карда шуданд.
Курси омузиши машгулиятхои тачрибавиро низ дар бар мегирифт. Ташрифи техники ба Институти гастроэнтеролоҷӣ, Муассисаи давлати «Маркази илмии саратоншиносӣ», Маркази миллии ташхисӣ ва Озмоишгоҳи хизматрасонии техникии Агенти амнияти ядрои ва радиатсиони ташкил карда шуданд. Зимни ташрифи техники дар амалия истифода бурдани асбоби назорати сифати асбобҳои рентгенӣ (Ray Safe Unforce XI) намоищ дода шуд, инчунин иштирокчиен бо системаи таъмини муҳофизати радиатсионӣ шинос карда шуданд.
Дар охири курси омузишии мазкур пас аз супоридани тестҳои имтиҳонӣ ба ҳамаи иштирокчиён сертификатҳо супорида шуданд.