Лекcияхо аз тарафи Профессор Мехди Сохраби – эксперти МАГАТЭ, Илҳом Мирсаидов – мудири шӯъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва иттилооти Агентии амнияти ядрои ва радиатсиони ва Бахтиёр Баротов – мудири сектори ичозатномадиҳии Агентии амнияти ядрои ва радиатсиони хонда шуданд.
Зимни машгулиятхои тачрибави, иштирокчиен аз асбобҳо ва дастгоҳҳои мавҷудаи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дидан карданд ва бо тарзи кор ва истифодабарии онхо шинос шуданд. Инчунин ташриф ба Озмоишгоҳи хизматрасонии техникии Агенти амнияти ядрои ва радиатсиони ташкил карда шуд.
Дар охири курси омузишии мазкур пас аз супоридани тестҳои имтиҳонӣ ба ҳамаи иштирокчиён сертификатҳо супорида шуданд.