«Дар тӯли 5 соли охир бо дастгирии шарикони рушд гузаргоҳҳои Пахтаобод, Дӯстӣ, Спитамен, Истиқлол, Хошадӣ ва Панҷи Поён бо порталҳои статсионарии радиатсионӣ бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ муҷаҳҳаз карда шуданд. Дар назар аст, ки дар доираи ҳамкорӣ соли 2020 фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар низ бо чунин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз карда хоҳанд шуд. Чунин портали статсионарӣ ҳамчунин дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои истифода намудани таҷҳизоти мазкур насб карда шудааст»,-изҳор намуд Илҳом Мирсаидов.
Инчунин зикр гардид, ки соли 2018 Ҳукумати мамлакат Маркази минтақавии таълимӣ оид ба пешгирӣ намудани терроризм бо истифода аз силоҳҳои қатли ом ва назорати содиротиро барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон таъсис дод, ки дар назди Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Маркази мазкур бо таҷҳизоти муосир барои омода намудани мутахассисон аз вазорату идораҳои гуногун муҷаҳҳаз шудааст. Дар марказ барномаи таълимӣ барои мутахассисони сатҳҳои гуногун ва барномаи таълимии магистратура ба муддати 2 сол таҳия карда шудаанд.
Таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Идораи муайянкунандаи қочоқ ва назорати моддаҳои ҳастаии вазорати энергетикаи ИМА (NSDD) дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ тақдим карда шуд.