АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
Илм ва масъалаҳои таъмини бехатарии радиатсионӣ дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат
Дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ, рӯзи 18 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқот намуданд, ки он баҳри таҳлилу баррасии масъалаву мушкилоти ҳалталаби замона равона карда шуда буд. Пешвои миллат иброз даштанд, ки пешравии ҷомеа ва мамлакат аз аҳли зиё вобастагии калон дорад. Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба рушди устувори иқтисоди миллӣ имконнопазир аст.
Кайд карда шуд, ки зиёиёни кишвар дар даврони истиқлолият дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул ва санъату ҳунар саҳми муносиб гузоштаанд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ, баён карданд.
Ҳамзамон, эълон намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» иқдоми саривақӣ буда, баҳри рушди самтҳои зикргардида ва барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат мусоидат хоҳад намуд.
Бо ин мақсад, муассисахои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, алалхусус Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ пайваста кӯшиш менамояд, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат корҳои илмию тадқиқотӣ ва амалии худро ба ин самт бештар равона намоянд. Вобаста ба ин, ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок дар ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯзиш ва рӯй овардан ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, муассисаҳои Академияи илмҳо ташфиқу таблиғотро тавассути телевизион, сомонаҳои интернетӣ, дарҳои кушод ва алалхусус Академияи хурди илмҳо ба роҳ монда истодаанд. Хусусан, ба китобхониву маълумотҷӯӣ ҳавасманд намудани олимони ҷавон ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ аҳамияти хосса дода шуда истодааст.
Омили дигари рушди илм ин мавҷудияти базаи моддиву техникии замонавӣ барои гузаронидани таҷрибаву озмоишҳо мебошад. Чуноне, ки ба ҳамаи мо маълум аст, баъди пошхӯрдани давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурии мо иқтисодиёт хеле заиф гашт. Аз ин сабаб маблағгузорӣ дар ҳамаи соҳаҳои гуногуни кишвар коҳиш ёфт. Соҳаи илм ҳам аз ин мушкилотҳо дар канор набуд. Олимони зиёде тарки кишвар карданду самҳои асосии илм, ки барои рӯшди мамлакат саҳми худро мегузоштанд, аз фаъолият боз монданд. Паркхои техникие, ки дар соҳаи илмҳои дақиқ истифода мешуданд, бекор хобида, дар ин мӯҳлати зиёд корношоям шуданд. Маводҳои боқимонда кӯҳна шуданду асбобҳо фарсуда гаштанд. Тарақиёти илми ҷаҳонӣ, ки дар бист соли охир хеле тез рушд карда истодааст, тақозо менамояд, ки барои пеш бурдани илми тоҷик пояи моддиву техникӣ ба талаботи замона ҷавобгӯро таъмин намоем. Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст бо ҷалби маблағҳои дохилӣ ва грантӣ пояи моддию техникии соҳаҳои гуногуни илм, ки барои тарақиёти мамлакат заруранд, таҷдид кунем.
Баъзе соҳаҳои илм, ки аҳамияти байналмилалӣ доранд, аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ё ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта истодаанд. Аз он ҷумла, технологияи ҳастаӣ, ки бо мақсадҳои осоишта дар соҳаҳои тиб, хоҷагии қишлоқ, саноат, илм ва ғайра истифода бурда мешаванд, ба кишвари мо ворид карда шуданд. Барои пешбури корҳои илмӣ тадқиқотӣ ва гузаронидани таҳлилҳо Озмоишгоҳи Агентӣ бо асбобу таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуааст.
Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ва танзимгарӣ давлатӣ буда, самти асосии фаъолияти он пеш бурдани сиёсати давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ ва мониторинги радионуклидии биомуҳити Тоҷикистон мебошад.
Самтҳои асосии фаъолияти илмию ташкилии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ инҳоянд:
Агентӣ барои таъмини бехатарии радиатсионӣ системаи танзимкунандаро эҷод мекунад, ки мавридҳои зеринро дар бар мегирад:
Агентӣ барои пешбарӣ, нигоҳдорӣ ва ҷустуҷӯи ҳуҷҷатҳои нисбати дастгоҳҳо ва фаъолият дахлдошта таъсис ва пешбурди феҳристҳои зеринро ба роҳ мемонад:
Агентӣ чун мақоми танзимгари давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», Низомномаи «Танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ» ва дигар сандаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқ дорад:
Агентӣ механизмҳоро барои коммуникатсия ва баррасӣ эҷод мекунад, ки нигоҳдории ҳамкории касбӣ ва созандаро бо тарафҳои дахлдор ҳангоми ҳалли ҳамаи масъалаҳои вобаста ба муҳофизат ва бехатарӣ пешбинӣ мекунад.
Агентӣ машваратҳоро бо мақомоти салоҳиятдор дар соҳаи тандурустӣ таъмин менамояд, то тадбирҳо барои таъмини муҳофизат ва бехатарӣ ҳангоми бархурд бо ҷасадҳои фавтидагон ё боқимондаҳои одам дар ҳолатҳое, ки маълум аст онҳо манбаъҳои баста ё бози радиоактивӣ дар натиҷаи истифода аз тарзуламалҳои радиологӣ ҳангоми муолиҷаи тиббӣ ё дар натиҷаи ҳолати садамавӣ андешида шаванд.
Агентӣ системаи менеҷментро (идоракуниро) тавре ҷорӣ мекунад, баҳо медиҳад ва ҳамеша такмил менамояд, ки он ба ҳадафҳои мақоми танзимкунанда мутобиқат кунад ва ба ноил шудан ба ин ҳадафҳо мусоидат намояд.
Аз соли 2003 то инҷониб тадқиқотҳои пурмаҳсул оид ба коркарди маъдани уран ва партовҳои урандор анҷом дода шудаанд. Айни замон Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ инфрасохтори асосии миллӣ мебошад, ки фаъолиятҳои бо истифодабарии энергияи атомӣ робитадоштаро танзим менамояд ва барои бо мақсадҳои осоишта истифодашавии он мусоидат мекунанд.
Самтҳои пешгирифтаи Агентӣ имкон медиҳад, ки маводҳои радиоактивӣ, ки ба саломатии инсон ва муҳити зист таъсири зиёд мерасонанда ба танзим дарорад. Корҳои илмӣ - тадқиқотии дар Агентӣ гузаронида истодааст, имкон медиҳанд коркарди маъданҳои уранӣ, ки мамлакати мо аз он бой аст, бо истифода аз маводҳо маҳалӣ бадаст орем. Тадқиқотҳое, ки олимони Агентӣ дар тӯли 15 соли охир вобаста ба коркарди партовҳои урандор гузаронидаанд, имкон медиҳанд минтақаҳои аз партовҳои саноати уранӣ, ки баъди пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба мо мерос мондаанд, безарар гардонем.
Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир корҳои илмию тадқиқотии худро дар асоси мавзӯъҳои илмии «Асосҳои физикӣ- химиявии истихроҷи уран аз маъдан ва обҳои конию техникии урандор» ва «Асосҳои физикӣ-химиявии экологияи радиатсионӣ, таҳияи харитаҳои радиоэкологии минтақавӣ ва мониторинги радиатсионии биомуҳити Тоҷикистон» ва «Таҳқиқоти радиоэкологӣ дар обектҳои радионуклиддор” амалӣ менамояд.
Дурнамои рушди илм бояд дар асоси ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷёфта таҳия карда шавад ва он ба саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми стратегии мамлакат мебошад, равона карда шавад. Бо ин мақсад, чӣ тавре, ки Пешвои миллат, дар баромади худ қайд намуданд, бояд истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода шуда, тафаккури техникии аҳолӣ тақвият бахшида шавад ва барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварда шавад.
Вобаста ба ин, дар дурнамои рушди фаъолияти илмии худ, Агентӣ ба якчанд самтҳо аҳамият дода аст. Яке аз онҳо ин омодакунии кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои радиоэкология, технологияи коркарди моддаҳои радиоактивӣ, аз ҷумла уран, бехатарии радиатсионӣ ва амнияти ҳастаӣ. Баҳри иҷрои он, дар назди Агентӣ Маркази минтақавии омӯзишӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ҳамасола мутахассисони соҳаи саноат ва тиб, илму маориф, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз курсҳои махсус омӯзиш мегиранд. Ҳамзамон, курсҳои магистратура ва докторантура ба роҳ монда шудааст, ки дар он унвонҷӯён донишу малакаи худро сайқал медиҳанд;
Бояд қайд намуд, ки маҳз бо сиёсати созанда, хирадмандона ва ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 феврали соли 2016 Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №54 тасдиқ гардид. Баҳри амалӣ намудани нақшаи мазкур Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳамоҳангсози миллӣ муайян карда шуд.
Ҳадаф аз қабул ва тасдиқи Нақшаи миллии амал пеш аз ҳама иҷро намудани ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милалди Муттаҳид оид ба қатъномаи 1540 ва аз таъмини амният ва сулҳу субот дар мамлакат ва минтақа иборат мебошад. Бандҳои мухталифи нақшаи зикргардида ҷиҳати пешгирии терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом равона карда шудаанд. Зимни таҳияи нақшаи мазкур мутахассисони ботаҷрибаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои марбутаи кишвар ҷалб карда шуда буданд ва нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби экспертони Кумитаи 1540-и Созмони Милали Муттаҳид баҳои баланд гирифта буд.
Маркази омӯзишии минтақавӣ оид ба пешгирии терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва назорати содироти барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо мақсади иҷрои Нақшаи миллии амал таъсис дода шудааст.
Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба сатҳи минтақавӣ бардоштани маркази омӯзишӣ пурра ҷонибдорӣ намуда, иттилоъ дод, ки корҳои сохтмонии он пурра бояд аз ҳисоби худи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шаванд ва мавқеи давлатҳое, ки дар Маркази минбаъда омӯзиш мегиранд, гирифта шаванд. Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) дар навбати худ таъмин намудани барномаҳои омӯзишӣ барои давраҳои омӯзишии минтақавӣ, ворид намудани таҷҳизоти замонавӣ ба маркази минтақавӣ ва омода намудани устодони Маркази омузишии минтақавиро бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ кафолат дод.
Айни замон, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ маркази омӯзишии минтақавӣ пурра бо таҷҳизоти замонавии пешрафта муҷҷаҳаз гашт ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон аналоги худро надорад.
Устодони маркази омузишии минтақавӣ бо дастгирии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) 3 соли охир дар худи АБНА (ш.Венаи, Ҷумҳурии Австрия) оид ба пешгирии терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва назорати содиротӣ таҷрибаомузӣ гузаштаанд. 6 устоди маркази мазкур аккредитатсия байналмилалӣ гузаштаанд ва дорои сертификати дахлдор мебошанд.
Айни замон марказ, на танҳо мутахассисони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар сатҳи минтақавӣ мутахассисонро омода менамояд. Марказ қобилияти омода намудани 500 мутахассисонро дар як сол дар самти пешгирии терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва назорати содиротро дорад.
Маркази минтақавӣ барномаи омузишии худро дар якҷоягӣ бо АБНА барои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар таҳия намудааст. Боварии комил дорем, ки маркази омӯзишии минтақавии таъсисдошуда саҳми арзанда ва назараси худро дар таъмини амнияти ҷаҳонӣ тавассути омода намудани мутахассисони баландтаҷрибаи минтақа дар якҷоягӣ бо АБНА мегузорад.
Самти дигар ин пурзӯр намудани базаи моддию техникӣ барои гузаронидани корҳои илмӣ тадқиқотӣ ва таҳлилҳои мураккаби моддаҳои радиоактивӣ мебошад. Бо ин мақсад, дар назди Агентӣ ба сохтмони Озмоишгоҳи нав барои тадқиқоти усулҳои солимгардонӣ дар моҳи марти соли 2020 санги асос гузошта шуда, ба истифода додани он то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ин самт асосан баҳри иҷрои Консепсепсияи миллӣ оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивии саноати уранӣ дар Тоҷикистон равона карда шудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ васеъ истифода шудани энергияи атомӣ, ки охирҳои соли 40-ӯми асри гузашта оғоз шуда буд, боиси пайдо шудани миқдори калони партовҳои радиоактивии коркарди маъдани уран дар марзҳои як қатор ҷумҳуриҳои Иттиҳод гаштааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон низ миқдори калони партовҳои радиоактивӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти саноати коркарди уран дар марзи Тоҷикистон ҳосил шуданд, мерос гирифтаст.
Истеҳсоли консентрати уран дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин маротиба ҳанӯз соли 1944 дар заводи таҷрибавиии шаҳри Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда буд. Баъд дар марзи вилояти Суғд боз 6 корхонаи истеҳсоли оксиди уран сохта шуданд. Дар охири солҳои 60-ӯми асри гузашта аз ин корхонаҳо фақат корхонаи калонтарин дар шаҳри Чкалов боқӣ монд, ки баъд аз таҷдид дар солҳои 80-ӯм дар як сол то 1 млн т. маъданро коркард мекард. Ҳамин тавр, дар давоми 50 сол қариб 100 ҳазор тонна консентрати уран ҳосил карда шуд ва дар натиҷа дар марзи 6 ноҳияи вилояти Суғд зиёда аз 55 млн. тонна партовҳои радиоктивии бо ҷамъи фаъолнокиашон зиёда аз 6,5 ҳазор Кюри ҳосил гаштанд. Ин партовҳо дар 10 маҳфузгоҳҳо, ки масоҳати умумиашон 180 га буда дар минтақаҳои сераҳолӣ ва инчунин дар шохобчаҳои болоии дарёи Сирдарё ҷойгиранд, ҷамъ оварда шудаанд. Дар ин замон вазъи бисъёре аз ин маҳфузгоҳҳо барои муҳити гирду атроф ва саломатии мардум хавф ба вуҷуд меоранд.
Дар соли 1991, баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар натиҷаи аз беруни ҷумҳурӣ қатъ гаштани воридшавии маъдани уран як чанд сохторҳои Корхонаи Давлатии «Востокредмет» ки бо коркарди уран сару кор доштанд, қариб аз фаъолият бозмонданд. Дар замони ҳозира ҳамаи сохторҳои Корхонаи давлатии «Востокредмет» ба истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум рӯ овардаанд. Вале масъалаи солимгардонии маҳфузгоҳҳою майдонҳои хоктӯдаҳои радиоактивӣ то ҳол ҳалли худро наёфтаанд.
Саноати уранӣ дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зери идораи муттамарказонидашудаи давлатӣ буд. Маҷмӯи иттилоотҳо доир ба истеҳсоли уран зери назорати сахт қарор дошта, фақат ба самти амудӣ ба сохторҳои мувофиқи Вазорати мошинсозии миёнаи Иттиҳоди Шӯравӣ равон карда мешуд. Муассисаҳои коркарди уранӣ пӯшида (реҷавӣ) буда, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ оиди технология ва ҳосил намудани уран дар сатҳи корхонаҳо маҳфуз дошта намешуданд. Инчунин, мубодилаи уфуқи (горизонтали)-и иттилоотӣ байни муассисаҳои коркарди уран низ вуҷуд надошт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ маълумотҳо оид ба истихроҷ ва коркарди уран ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дастнорас шуданд ва ҳамаи маълумотҳои ба саноати урании пешина далхдошта дар Федератсияи Россия дар бойгонҳои муассисаҳои ворисони собиқ Вазорати мошинсозии миёнаи давлати Шуравӣ маҳфуз монданд
Дар солҳои 70 ва 80–ӯм зиёда аз 30% урани дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсолшаванда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба даст оварда мешуд. Мақоми танзимгар дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба сохтори ҳамин Вазорати мошинсозии миёна, ки мутасаддии саноати атомӣ буд, дохил мешуд. Истифодаи стандартҳо (меъёрҳо)-и танзими бехатарӣ нисбати шӯъохӯрӣ ва назорати эмиссияи радиоактивӣ дар мавзеҳои истихроҷ ва коркард дар ҳамаи ташкилотҳои саноати уранӣ якхела буданд, ки татбиқи маъмурии онҳоро осон мегардонд. Стандартҳои истифодамешуда бо стандартҳои Европа ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка, ки солҳои 60-70 вуҷуд доштанд, муқоисашаванда буданд. Вале фарқияти асосии байни онҳо дар он буд, ки сиёсати танзимгариро дар соҳа мақомоти ғайримустақил ба ӯҳда дошт. Дар бисёр мавридҳо талаботи меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ иҷро намешуданд, ё махфӣ нигоҳ дошта мешуданд, чунки масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокии истихроҷи чунин маводҳо нисбати масъалаҳои бехатарӣ афзалияти калон дошт. Айнан бо ҳамин сабаб, дар фаъолияти истихроҷ ва коркарди маъданҳои уран ва инчунин, муомилот бо партовҳо талаботи ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ аксар вақт сарфи назар карда мешуданд. Ҳифзи муҳити зист ҳамчун соҳаи афзалиятнок қабул нагашта буд ва меъёрҳои мувофиқи бехатарии фаъолият низ муайян нашуда буданд. Дар айни замон вазъи экологии маҳфузгоҳҳои радиоактивӣ ва минтақаҳои назди ӯ ба талаботҳои бехатарии радиатсионии байналмилалии замони муосир ба пуррагӣ ҷавобгӯ нестанд.
Дар айни замон дар Тоҷикистон конҳои урани аз фаъолият бозмонда ва ягона Корхонаи давлатии амалкунандаи «Востокредмет», ки то имрӯз имконоти худро доир ба коркарди маъдани уран нигоҳ доштааст, мавҷуд мебошанд. Дар ихтиёри ин корхона 10 маҳфузгоҳҳои калони партовҳои радиоактивӣ, хоктӯдаҳои кӯҳӣ ва маъданҳои ғайрисаноатӣ ҳастанд.
Миқдори умумии партовҳо дар маҳфузгоҳҳои собиқ саноати уранӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти маъданҳои ғайрисаноатӣ зиёда аз 55 млн. тоннаро ташкил мекунанд. Фаъолнокии умумии партовҳо аз рӯи баҳоҳои гуногун аз 6,5 то 7,7 ҳазор Кюриро ташкил мекунад.
Бисъёрии маҳфузгоҳҳо ва хоктудаҳои назди шаҳрҳои Табошар ва Чкалов ҳам дар вазъи номӯътадил мебошанд. Аз ҳама бештар маҳфузгоҳи Деҳмой (назди ш. Чкалов) ва маҳфузгоҳи «Фабрикаи маъданҳои камбағал» ( назди ш. Истиқлол) ташвишовар мебошанд, чунки онҳо кушода мебошанд. Ҳолати маҳфузгоҳҳо, хусусан он қисмҳое, ки сатҳи муҳофизатӣ надоранд, ё зери омилҳои табиӣ (бод, борон, зилзила ва ғ.) ё ҳайвоноти заминкоб мондаанд, барои паҳншавии маводҳои ифлоскунандаи таркиби маҳфузгоҳҳо ба гирду атрофи ҷойгиршавии муқимии онҳо хавфи калон дорад.
Расми 1. Маҳфузгоҳи Фабрикаи маъданҳои камбағал (Истиқлол)
Аҳолӣ одатан дар қитъаҳои мавҷудияти обҳои зеризаминии ифлос дар минтақаҳои конҳои кӯҳна ва маҳфузгоҳҳо ҳайвонотро мечаронанд, об медиҳанд, инчунин обҳои заҳбуриро барои обдиҳии заминҳои обчакорӣ ва боғҳо, ки дар наздикии ҷойҳои нигоҳдошти партовҳои саноати уранӣ ҷойгиранд, истифода мекунанд. Боиси изтироби ҷиддӣ аст, ки дар мавзеъҳои манъшуда мардум моҳӣ медоранд, дар обҷамъҳо (карьерҳо) оббозӣ мекунанд, ва ҳатто нушидани обҳо ҳам аз эҳтимол дур нест.
Бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани мониторинги партовгоҳҳо дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ озмоишгоҳҳои КВД «Фулузоти нодири Тоҷик» ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гаштанд.
Бо мақсади ҳалли хавфи партовҳои радиоактив ба аҳолӣ ва муҳити зист ва танзими самти мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024» аз 1 августи соли 2014, №505 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи татбиқи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2016-2024» аз 27 июли соли 2016, №329 қабул шудаанд.
Ҷиҳати иҷрои консепсия ва барномаи дар боло зикршуда аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд лоиҳаи байналмилалӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо мақсади ҳалли хавфи партовҳои радиоактив ба аҳолӣ ва муҳити зист татбиқ шуда истодаанд.
Бо кӯшишу ҷаҳдҳои мақомҳои танзимгари давлатҳои Осиёи Миёна, ки бо партовҳои саноати уранӣ мушкилӣ доранд, дар хамкорӣ бо АБНА Гурӯҳи техникӣ оид ба солимгардонии собиқ объектҳои истеҳсоли уран (КГБУО) таъсис дода шуд, ки дар он инчунин намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, Комиссияи Аврупо ва ғайра иштирок менамоянд.
Натиҷаи чунин чидду ҷаҳдҳо буд, ки аз соли 2020 сар карда амалишавии лоиҳаҳои бузург баҳри солимгардонии партовгоҳҳои саноати уранӣ аз ҷониби РОСАТОМ-и Федератсияи Россия ва Комиссия Аврупо дар назар аст.
Аз давраи таъсисшавӣ, Агентӣ дар доираи 8 мавзӯи илмӣ корҳои илмию тадқиқотӣ бурда истодааст, ки онҳо асосан ба мониторинги радиатсионии биомуҳит, партовгоҳҳои саноати уранӣ ва коркарди маъданҳои уранӣ ва партовҳои саноати урандор вобастаанд.
Кормандони илмии Агентӣ дар ин давра корҳои илмию тадқиқотӣ гузаронида 1 рисолаи докторӣ ва 12 рисолаҳои номзадӣ дафоъ карда шуданд.
Натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии кормандони Агентӣ бо нашри 12 монография ва гирифтани 17 патенти хурд ба расмият дароварда шуда зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ нашр шудаандт.
Бо мусоидати Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Агентии байналмиллалии нерӯи атом (АБНА) якчанд лоиҳаҳои миллӣ аз ҷониби вазорату идораҳои гуногун пешниҳод карда шуда буданд. Дар натиҷа, аз давраи таъсисёбии Агентӣ то соли 2018 дар вазорату идораҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 лоиҳаи милли АБНА амалӣ шудааст, ки маблағи умумии он 8 366 816 евроро ташкил мекунад.
Истифодабарандагони лоиҳаҳои миллӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ва ғайра мебошанд. Маблағҳои асосии лоиҳаҳои миллӣ ба соҳаи тандурустӣ яъне ташхис ва табобати бемориҳои саратонӣ равона карда шудаанд. Аз соли 2006 то инҷониб шӯъбаи муолиҷаи нурии Маркази илмии саратоншиносии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти замонавӣ барои ташхис ва муолиҷаи бемориҳои саратонӣ муҷаҳҳаз гардида мутахассисони марказ мунтазам дар марказҳои пешрафтаи ҷаҳон такмили ихтисос менамоянд. Моҳи августи соли 2019 маросими ба истифода додани шӯъбаи муолиҷаи нурии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд барпо гардид. Дар марҳилаҳои аввал Марказҳои саратоншиносӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда дар марҳилаҳои минбаъда ҷиҳозонидани Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.
Барои давраи солҳои 2021-2022 лоиҳаи нави миллӣ ба ҷониби АБНА пешниҳод карда шуд, ки барои ҷиҳозонидани мустаҳкам намудани Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон равона карда хоҳад шуд.
Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ нерӯ ва иқтидори касбии худро пурра ҷиҳати татбиқи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯри бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат сафарбар хоҳад намуд.
Почтаи электронӣ:
info@cbrn.tj