АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
Эмомалӣ Раҳмон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (СОЛНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - 2019)
СИЁСАТИ ДОХИЛӢ
Соли 2019 чун дигар солҳои даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми шарафманди тоҷик бобарору хотирмон буд, зеро шаҳрвандони мамлакат бо ҷонибдорӣ аз сиёсати ояндасози роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф ба комёбиҳои беназир ноил гаштанд.
Мардуми тоҷик давоми соли 2019 ҳамаи ҷашнҳои умумимиллӣ, аз қабили 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 22-солагии Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи байналмилалӣ, идҳои Сада, Меҳргон, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Модар, Рӯзи Парчами давлатӣ ва дигар санаҳои таърихиро бо дастовардҳои арзанда таҷлил намуданд.
Тамоми муваффақиятҳо, пешравии мардум ва тараққиёти босуръати мамлакат бо шарофати азму иродаи қавӣ, сиёсати инсонпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби тоҷикон гардидааст.
Мардум хуб дарк кардаанд, ки танҳо бо татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ намудани ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободии сарзамини аҷдодӣ ва ба давлати пешрафтаву рушдёбанда мубаддал гардондани Ватани хеш расидан имконпазир аст.
Соли 2019 бо як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои шаҳрвандони мамлакат соли бобарор, таърихӣ, хотирмон ва пур аз рӯйдодҳои фараҳбахш буд.
Ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун”, оғози татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Норак”, оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”, оғози навсозии роҳи “Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин”, оғози лоиҳаи “Таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт” ва ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз рӯйдодҳои муҳими соли 2019 маҳсуб меёбад.
Баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил”, Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз”, таҷлили бошукӯҳи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чорабиниҳои хотирмони соли 2019 мебошанд.
Давоми соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи вохӯриҳоро бо кормандони касбу кори гуногун, аз ҷумла бо мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ, бонкҳои ҷумҳурӣ, саноатчиён, судҳо, бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо зиёиён дар “Рӯзи забони давлатӣ” ва бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ доир карданд.
26 декабри соли 2018 зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Аз 2 январи соли 2019 таҳти рақами 1170 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани солҳои 2019-2021 ба тасвиб расид.
Ҳадафи ин тадбир рушди минтақаҳои мамлакат, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин мусоидат ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Соли 2019 таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар нақшаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешравиҳои муҳиму назаррас ба амал омаданд.
9 сентябри соли 2019 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба кор андохтанд. Неруи барқи аз он тавлидшаванда низ ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд.
Баъди ба истифода додани агрегати якуми кохи нур вақти зиёде нагузаштааст ва аллакай, то замони ба кор андохтани агрегати дуюм дар неругоҳ 570 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол гардид.
Қабл аз ба кор андохтани агрегати дуюм 6 сентябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба 42 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни иншооти муҳим мукофотҳои давлатӣ супориданд.
Дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли 2018 баёншуда соли 2019 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,5 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 8 фоиз нигоҳ дошта шуд.
Рушди иқтисодиёти мамлакат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,6 фоиз, кишоварзӣ 7,1, гардиши савдои дохилӣ 9, мусофиркашонӣ 10,9, хизматрасониҳои пулакӣ 2,9 ва боркашонӣ 1,1 фоиз таъмин гардид.
Чиҳати таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар соли ҳисоботӣ 219 корхонаю коргоҳҳо бо таъсиси 3 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолияти саноатӣ шурӯъ намуданд.
Ҳоло дар кишвар 65 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла 22 лоиҳаи грантӣ, 10 лоиҳаи қарзӣ, 33 лоиҳаи қарзиву грантӣ татбиқ шуда истодаанд, ки маблағи умумии онҳо 32,1 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Давоми соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти нави таъйиноти гуногун ва бо мақсади оғоз бахшидан ба корҳои ободонӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафарҳои корӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, моҳҳои март, апрел, июл, август ба вилояти Суғд, моҳҳои феврал, май, июл, август ва сентябр ба вилояти Хатлон ва моҳҳои июн, август ва сентябр ба ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе.
7 феврали соли 2019 дар Китобхонаи миллӣ Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маҷлис натиҷаҳои фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақшаи фаъолият барои соли 2019 муайян карда шуд.
20 феврал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XIX Шӯро баргузор гардид.
Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо дар самти васеъ истифода бурдани иқтидорҳои энергетикӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ ва кишварҳои минтақа, беҳтаршавии мавқеи мамлакат дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”, таҳияи санади меъёрию ҳуқуқӣ оид ба тартиби арзёбии самаранокии имтиёзҳои мавҷуда, тақвият бахшидан ба раванди ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муосиргардонии хизматрасонӣ ва танзими давлатии соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.
20 феврали соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и давлатӣ мулоқот карданд.
Ҳадафи вохурӣ натиҷагирии фаъолияти Воситаҳои Ахбори Омма дар ҷомеаи муосир ҳамчун фишанги асосии тарғиби сиёсати давлату ҳукумати мамлакат ва баррасии сатҳу сифати барномаҳои телевизиону радиоҳои давлатӣ ва матбуоти даврӣ буд, ки зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ оид ба бурду бохти кори соҳа, ислоҳи камбудиҳо ва ба мардум расондани ҳадафҳои сиёсию стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.
23 феврал дар “Кохи Борбад” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 26 - солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо интизоми қавӣ, омодабошии доимии ҷангӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ истиқбол мегиранд.
24 феврал Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшиданд.
Бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 100 гектар себҳои навъи “Фуджи атсек” - 28 ҳазору 500 ниҳол, “Модӣ” - 16 ҳазору 200, “Ҷералдинӣ” - 16 ҳазор ва Пингледӣ” - 3 ҳазор дар маҷмӯъ 63 ҳазор ниҳол шинонида шуд.
5 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои пойтахт бо ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъйиноти гуногуни пойтахт, тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ, сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ҳифзи муҳити зист ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз шинос шуданд.
Аз рафти тадбирҳои созандагӣ дар ноҳияҳои пойтахт баръало мушоҳида мегардад, ки тавассути корҳои ободонӣ, таҳияи тарҳҳои муосир ҷиҳати сохтмони иншооти мухталиф, аз қабили мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонии маишию маданӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва чароғону гулзор кардани кӯчаву хиёбонҳо, имрӯзҳо шаҳри Душанбе ба макони дилфиреб, шаҳри сулҳу ваҳдат, хонаи умеди тоҷикону тоҷикистониён мубаддал гардидааст.
15 март бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муаррифии нахустин консерти Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2016 таъсис дода шуда, коргоҳи навтаъсиси санъати мусиқии касбии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.
20 март зимни сафари корӣ дар шаҳри Норак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Норак” оғози расмӣ бахшида, бо ҷараёни навсозии агрегатҳо шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Неругоҳи барқи обии “Норак” бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Корҳои сохтмонии он соли 1961 оғоз гардида, 26 марти соли 1966 маҷрои дарёи Вахш баста шуд. Агрегати якуми неругоҳ бо иқтидори 300 МВт 15 ноябри соли 1972 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Неругоҳ аз 9 агрегат иборат буда, аз соли 1979 бо иқтидори пурраи 2700 МВт кор кардааст. Соли 1988 дар натиҷаи таҷдиди агрегатҳо иқтидори лоиҳавии неругоҳ 8 агрегат бо 335 МВт ва 1 адад бо 320 МВт ба 3000 МВт расонида шуд.
Айни замон, бинобар кӯҳнаю фарсуда гардидани таҷҳизоти асосӣ неругоҳ тахминан бо иқтидори 2600 МВт фаъолият менамояд.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак” иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3300 МВт бардошта шуда, дар маҷмӯъ бо назардошти тавоноии барқароршаванда иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳ 700 МВт зиёд, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар неругоҳ беҳтар ва таъминоти неруи барқ дар мамлакат ба таври назаррас баланд хоҳад гардид.
Бояд гуфт, ки ҳамаи тадбирҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидааст, ки натиҷаҳояш барои рушду пешрафти мамлакат неку бобарор хоҳад буд.
Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Норак Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомониро дар шаҳри Норак ифтитоҳ карданд.
Ба хотири рушди соҳаи саноат ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ Сарвари давлат Корхонаи истеҳсоли кошинҳои резинӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ” ва Корхонаи “Гидромехсаноат”-и ҶСК “Тоҷикгидромонтаж”-ро мавриди истифода қарор дода, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи замонавӣ ва Майдони варзишӣ дар назди варзишгоҳи марказии шаҳри Норак санги асос гузоштанд.
Соли 2019 тантанаҳои асосии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак баргузор гардиданд, ки дар ин чорабинии бошукӯҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони ҷашнвораи Наврӯзи байналмилалӣ ва роҳбарону фаъолони шаҳри Норакро ба ифтихори таҷлили иди баҳору зебоӣ таҳният гуфтанд.
21 марти соли 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз оғози барномаи фарҳангии бошукӯҳи наврӯзӣ суханронӣ карда, кулли иштирокчиён ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.
Нимаи дуюми 22 март Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки амалҳои созанда вусъати бештар касб мекунанд ва то 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шаҳри Душанбе тавассути бунёди садҳо иншооти нав боз ҳам обод гардида, дар он барои сокинон ва сайёҳону меҳмонони пойтахт шароити муосири зиндагӣ ва истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад.
23 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Кӯшониёну Вахши вилояти Хатлон дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун иштирок карданд.
Сарвари давлат дар ноҳияи Кӯшониён корхонаи равғанбарории “Ганҷ”, дар шаҳри Бохтар факултаи сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтарро ифтитоҳ карда, барои бунёди Терминали автомобилии мусофиркашӣ дар шаҳри Бохтар асос гузоштанд.
Дар Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ" - и ноҳияи Кӯшониён бо шароити кишту парвариши зироати кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаи барвақтӣ шинос шуда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Бӯстон-2010"-и ноҳияи Вахш ба кишти пахта оғоз бахшиданд.
Аз 30 март то 2 апрели соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Спитамен ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қарор доштанд.
Дар шаҳри Бӯстон Сарвари давлат корхонаи инноватсионӣ-истеҳсолии полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдполитекс” барои истеҳсоли 207 намуд ва 36 миллион халтаи полиэтиленӣ дар як сол бо 100 ҷойи кори доимӣ, боғчаи бачагонаи “Гули Наврӯз” барои 240 кӯдак ва Маҷмааи хизматрасонии “Баҳор”-ро ифтитоҳ карданд.
Дар шаҳри Хуҷанд Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ, “Роҳи танобӣ”, киштии рамзӣ - Тарабхонаи “Темурмалик”-ро ифтитоҳ карда, дар фестивали “Сайри гули лола” ва Фестивали “Таомҳои миллии наврӯзӣ” иштирок карданд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” шинос шуда, ба бунёди токзори нав дар масоҳати 5 гектар асос гузоштанд.
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Гулистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғчаи бачагонаи “Парасту” барои 500 нафар кӯдак, Парчами давлатӣ, Коргоҳи истеҳсоли арматура, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави беморхонаи ноҳиявии рақами 3, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қасри фарҳанги ноҳияро ифтитоҳ карда, бо фаъолияти Маҷмааи сайёҳӣ-истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик” шинос шуданд.
Дар шаҳри Гулистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Осоишгоҳи “Баҳористон” барои 100 ҷойи хоб оғоз бахшиданд.
Дар ноҳияи Спитамен Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқӣ, Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳия, Корхонаи истеҳсоли равған дар ҶДММ “25-солагии Истиқлолият”-ро ифтитоҳ намуда, ба кишти пахта дар ноҳия оғоз бахшиданд.
10 май дар Кохи Борбад Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои мамлакат мулоқот карданд.
Баъди таҳлилу баррасии вазъи соҳаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири мусоидат кардан ба рушди босуботи мамлакат, ислоҳи камбудиҳои соҳаҳо ва дарёфти роҳҳои нави пешрафти бахшҳои иқтисоди миллӣ, оид ба таъмини нақшаи даромади буҷет, ба роҳ мондани низоми нави фаъолият, ҷорӣ кардани технологияи муосир, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисоси соҳаҳо, таҳия ва татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, дар назди Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, супоришҳои мушаххас гузоштанд.
Рӯзҳои 23-24 майи соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Сафари кории Президенти мамлакат аз шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагидорон, ғаллакорон, чорводорон ва дигар ризқофарони вилояти Хатлон оғоз гардид.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара нахуст аз намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ ва намоиши чорвои хушзоти хоҷагиҳои чорвопарварии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон боздид намуданд.
Сипас, Сарвари давлат дар деҳоти “Пушинг”-и ноҳияи Данғара роҳи мошингардро бо дарозии 18 километр, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 барои 1520 нафар, бинои таваллудхонаи муосир, Боғи фарҳангию фароғатӣ ва майдончаи варзишӣ, Боғи Парчам, Нишон ва варзишгоҳ бо растаи ҳунармандон, боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарвариро, ки ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи сокинони ватандӯсти деҳаи Пушинг бунёд шуда буд, ифтитоҳ карданд.
Зимни боздид аз деҳаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ба номи “Ҳоҷӣ Лайло” дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара боздид карданд.
23 май Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Дангара дар деҳаи Ғарғараи ҷамоати деҳоти Корез бинои сеошёнаи Маркази хизматрасонии маишии ҶДММ “Файзи Карим” - ро, ки дар он намудҳои гуногуни либосҳои ҳарбӣ ва корӣ барои кормандони соҳаҳои гуногун, инчунин сару либоси кӯдакона истеҳсол карда мешавад, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
24 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара бо рафти корҳои кишоварзӣ, агротехникаи парвариши зироат, ҷамъоварӣ ва захираи хӯроки дурушти чорво ва дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” бо фаъолияти кишоварзон шинос шуданд.
Кишоварзони ноҳияи Данғара солҳои зиёд аст, ки дар самти ҷамъоварии хӯроку парвариши чорво таҷрибаи ғанӣ доранду дар қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо гӯшту шир нақши муҳим мегузоранд.
28 май дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маркази идоракунии Сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуда, Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони “Куруши Кабир”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.
7 июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи “Куруши Кабир”-ро ифтитоҳ карданд.
Масоҳати боғи “Куруши Кабир” қариб 5 гектарро ташкил медиҳад. Барои нигоҳубини боғ ва хизматрасонӣ 40 нафар бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд. Дар рафти навсозии боғ 150 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб гаштанд.
Тадбири навсозии боғ ҷиҳати ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти мамлакат ба роҳ монда шудааст.
Аз 24 то 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт қарор доштанд.
Дар ҷараёни сафари бобарору созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъйиноти гуногунро, ки аз тарафи мардуми меҳнатдӯсти ноҳияҳои водии Рашт бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат сохта шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Яке аз ҳадафҳои асосии сафари корӣ мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияҳои водии Рашт, шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо ва натиҷагирӣ аз вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ буд.
Зимни мулоқоти самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияҳоро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро барои вусъати корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят карданд.
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Манораи нави назоратӣ-танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Манора дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти бузург дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти ҳавопаймоҳо ба шумор меравад ва мутобиқ ба меъёру талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шудааст.
11 июл дар Қасри миллат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Як гурӯҳ соҳибкорони бонангу номуси кишвар иқдом гирифтанд, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон, дар доираи солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба хотири мусоидат кардан ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе меҳмонхонаҳои муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва тарҳи миллӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ бунёд намоянд.
Ҳамаи меҳмонхонаҳое, ки лоиҳаи онҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардид, бо дарназардошти талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 3, 4 ва 5-ситорадор сохта мешаванд.
12 июл Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Шар-Шар бинои дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-ро барои 480 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар ноҳияи Данғара Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оқсу роҳи мошингарди “Себистон-Гулафшон”-ро бо дарозии 21 километр ва Беморхонаи марказии байнидеҳавиро дар деҳаи Талхоби Деҳоти Оқсу ифтитоҳ намуданд.
Беморхона дар ин деҳаи дурдасти ноҳия дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд шуда, ба 3 ҳазору 500 нафар аҳолии деҳаҳои Талхоб, Олучадара, Гулизиндон, Боботубхона, Кули суфиён ва Қунғуртут хизмат мерасонад.
Дар деҳаи Кули Сӯфиёни деҳоти Оқсу Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 барои 480 нафар дар ду баст ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 барои 1056 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо фаъолияти коргарони Кооперативи тиҷоратии “Чашмаи Нуқра” шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва тадбирҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ солҳои охир дар мамлакат садҳо гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ гардида, ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.
26 июли соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар аз шаҳри Исфара боздид ба амал оварда, бо вазъи зиндагии сокинони шаҳр ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ аз наздик шинос шуданд.
26 июли соли 2019 дар хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков баргузор гардид.
Дар ин зимн Сарони ду давлат ҳамчунин бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқот доир карданд ва бо мушкилоти дар ин мавзеъҳо мавҷуда шинос шуда, омодагии ҷонибҳоро барои андешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани тамоми мушкилоти дар сарҳад мавҷуда таъкид карданд.
2 август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон дар шаҳри Ваҳдат, бинои истиқоматии 13-ошёна ва марказҳои хизматрасонӣ, бинои Маркази адлия, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 барои 1300 нафар дар ду баст, Маҷмааи сайёҳии “Арху”-ро ба истифода дода, бо дастовардҳои меҳнаткашон ва бо ҷараёни асфалтпӯшкунии роҳи деҳаи Меҳрободи шаҳри Ваҳдат шинос шуданд.
6 август Сарвари давлат бо сафари корӣ ва ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар ин ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ, коргоҳи истеҳсолии “Элегант-Балҷувон”, роҳи мошингарди “Кангурт-Балҷувон-Ховалинг” бо дарозии 43 километр, Хадамоти оташнишонӣ дар ноҳияи Балҷувон, гулгашт дар маркази ноҳия, бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират, коргоҳи дӯзандагӣ, боғчаи кӯдакон, бинои хобгоҳ дар назди Мактаб-интернати рақами 1, тарабхонаи “Насими Балҷувон”, Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши “Сари Хосор”, меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии “Шайдон”, майдончаи варзишӣ дар деҳоти Сари Хосор, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 дар деҳоти Сари Хосор барои 300 нафар хонанда дар ду баст, меҳмонхонаи чор ситорадори “Сари хосор” ва майдончаи варзиширо ифтитоҳ карда, дар ҷамоати деҳоти Сари Хосор ва маркази ноҳия бо фаъолону сокинони ҷамоат ва ноҳияи Балҷувон мулоқот карданд.
Сокинони ноҳия дар мулоқот бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати башардӯстонаву бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки барои боз ҳам ободу пешрафта гардондани диёри аҷдодии худ минбаъд низ сайъу талоши зиёд менамоянд.
7 август сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг идома ёфт.
Дар ин ноҳия Пешвои миллат иншооти таъйиноти гуногунро, ки аз ҷониби сокинони ноҳия ба хотири истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолият бунёд шуда буд, ифтитоҳ карданд.
Аз ҷумла, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 дар деҳаи Лоҳутӣ барои 920 хонанда дар ду баст, маркази хизматрасонӣ, Беморхонаи минтақавии рақами 2, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ, Майдончаи варзишӣ дар маркази ноҳия, бинои Маркази ҷавонон, шуъбаҳои нав дар Беморхонаи марказии ноҳия, бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, меҳмонхона, амфитеатр, Маҷмааи варзишӣ ва ҳаммом, осорхонаи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ дар мавзеи Дараи Мухтор, Меҳмонхонаи “Султон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг боздид карданд.
Аз 20 то 25 август дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич ва Ҷаббор Расулов сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома ёфт. Дар доираи он Сарвари давлат бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шинос шуда, бо роҳбарону фаъолон, аҳли зиё ва сокинони вилоят суҳбатҳои самимию созанда доир карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла, марказҳои саломатӣ, мактабу кӯдакистон, корхонаҳои саноатии истҳсолӣ, парчаму нишон, биноҳои маъмурии бонки давлатии Тоҷикистон “Амонатбонк”, шуъбаи корҳои дохилӣ, амният, адлия, суд, нозироти андоз, роҳи мошингард, хати оби нушокӣ, боғи фарҳангӣ, қасри фарҳанг, зеристгоҳи барқии “Темурмалик”-ро ифтитоҳ карда, ба корҳои таҷдиди Неругоҳи Барқи Обии “Қайроққум” ҳусни оғоз бахшиданд.
Бояд гуфт, ки ҳамаи ин тадбирҳо ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва беҳдошти зиндагии мардум равона гардидааст. Мавриди зикр аст, ки баъди ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ, ки маҳсулоташон ивазкунандаи воридот мебошад, садҳо ҷойи корӣ таъсис ёфтанд. Ин ҳам яке аз ҳадафҳои асосии бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва коҳиш додани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.
Сокинони меҳнатдӯсти вилояти Суғд барои ҳамаи талошҳову тадбирҳои созанда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои вилоят бо нашъунамои пахта, кишти картошка ва рушди боғу токпарварӣ шинос шуданд.
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва Иди харбуза, ангур ва оши палав бо дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд.
Дар ин сафар низ Пешвои миллат бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ ва дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ба 300 нафар ятими кулли вилояти Суғд туҳфаҳои арзанда тақдим карданд.
29 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат ҳамеша қадрдонӣ гардида, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат қадрдонӣ карда мешавад.
9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳо дар нақби сохтмонии СТ-4, нақби нақлиётии Т-9, нақб ва шахтаи ҳаворасон, шахтаи нақби турбинаи агрегати рақами 1, майдончаи сохтмони рақами 5А ва баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 шинос шуданд.
Сарвари давлат баъди шиносоӣ бо рафти корҳо дар қитъаҳои алоҳидаи сохтмон ба сифати кори коргарон баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои саривақтию босамари тадбирҳои созандагӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳидоят карданд.
Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар маҳалли сохтмони неругоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори агрегатҳо дар вазъияти тантанавӣ агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба кор дароварданд.
Ҳамин тавр, 9 сентябри соли 2019 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.
Дар сохтмони неругоҳ бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 20 ҳазор нафар сохтмончиёну муҳандисон ва дигар кормандони техникӣ саҳми арзанда гузоштанд. Корнамоии сохтмончиён барои ба кор даровардани агрегатҳои дигари неругоҳ идома дорад.
9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми мамлакат ва иштирокчиёни тантанаи идонаро бори дигар ба муносибати солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатӣ ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” - чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон табрику таҳният гуфтанд.
10 август сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод оғоз гардида, дар ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб идома ёфт.
Зимни ин сафари бобарор ва созанда дар ноҳияи Муъминобод Сарвари давлат ба навсозии роҳи мошингарди “Муъминобод-Кӯлоб” ва бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ оғоз бахшида, бинои Прокуратураи ноҳия, Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб дар ноҳияи Муъминобод, майдончаи варзишӣ, Меҳмонхонаи "Муъминобод" дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”, Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишиканро ифтитоҳ карда, аз боғи хоҷагии деҳқонии “Аминҷон” ва Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Махсуми Карим” боздид ба амал оварданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт расман оғоз бахшиданд.
Масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил медиҳад.
Мутобиқ ба лоиҳа, дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, гузоштани 25 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, бунёди пойдеворҳои муҳофизатии 8 пули мошингузар, кашидани хатҳои уфуқӣ, аломати роҳ ва сохтмони дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар ноҳияи Восеъ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди оғози лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт” бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба истиқболи сазовори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, бо сокинон мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб чаҳор боғу гулгаштро, ки барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳр сохта шудаанд, ба истифода доданд. Илова бар ин 50 иншооти соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдову хизматрасонӣ ва корхонаи парандапарвариро бо муҳайё сохтани 500 ҷойи кори нав ифтитоҳ намуда, ба бунёду навсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ ва дорои аҳамияти байналмилалӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳри Кӯлоб сокинони зиёде бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Ҳамаи тадбирҳои созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодии ҷомеа равона гардидааст.
12 август дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар ноҳияи Данғара ба муносибати 28-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон 20 иншоот, аз ҷумла рамзи ноҳия, майдончаи варзиш бо ҷойи бозии кӯдакон, корхонаи коркарди шир ва маркази хизматрасонӣ дар шаҳраки Данғара, литсейи касбҳои техникӣ барои 320 нафар толибилм дар деҳоти Баҳор, ду муассисаи таълимӣ бо 4800 ҷойи нишаст дар деҳаҳои Розиён ва Баҳор, хобгоҳи литсей бо 100 ҷойи хоб, 4 километр роҳи асфалтпӯшгардидаи деҳаи Баҳор, биноҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳоти Корез ва Лоҳур, бинои Кумитаи давлатии идораи замини ноҳия ва маркази саломатӣ дар деҳаи Рахшонзамин ба истифода супорида шуд.
Таъкид гардид, ки бо бунёди иншооти аз тарафи соҳибкорони саховатпеша оғозгардида бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ осон гардида, барои зиндагӣ ва фаъолияти сокинони ноҳия шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварда мешавад.
Дар иртибот ба корҳои ободониву созандагӣ Президенти мамлакат ба фарзандони бонангу номус ва соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия барои иқдому ташаббусҳои ватандӯстонаашон дар ҷодаи ободонии ин гӯшаи диёр сипосу миннатдории самимӣ баён карданд.
20 сентябр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод зимни сафари корӣ як қатор иншооти таъйиноти гуногунро, ки аз тарафи сокинони меҳнатдӯсти ноҳия бунёд шудаанд, ба истифода доданд.
Аз ҷумла, 2 майдончаи варзишӣ ва маркази хизматрасонӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 барои 640 нафар дар ду баст, толори варзишӣ, бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Файзобод аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.
Дар ноҳияи Файзобод баъди шиносоӣ бо дастовардҳои корхонаҳои истеҳсолии ноҳия Президенти мамлакат барои сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳия ва бунёди “Шаҳраки Сомониён” дар ноҳияи Файзобод оғоз бахшиданд.
25 сентябр дар ноҳияи Рӯдакӣ Президенти мамлакат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 182 дар деҳоти Чортеппа барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 барои 640 ҷойи нишаст дар ду баст, Корхонаи ҶДММ “Оҳангудозии Тоҷикистон”, Нишони давлатӣ ва Парчами миллиро ифтитоҳ карда, аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, намоиши кишоварзӣ ва гармхонаи Хоҷагии деҳқонии “Исматулло” дидан карданд.
27 сентябр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар нуҳ моҳи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла даъвати Анҷумани навбатии ҳизб ва корҳои омодагӣ ба он ҳал карда шуданд.
4 октябр дар Кохи Борбад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор, мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати “Рӯзи забони давлатӣ”, ки аз соли 2009 ба ин сӯй 5 октябр таҷлил мегардад, табрику таҳният гуфта, забони давлатиро арзиши волои миллӣ ва рушди онро аз вазифаҳои муҳими тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ номиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун ёдовар шуда, таъкид карданд, ки “Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
14 октябр дар Кохи Борбад мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони соҳаи саноати ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Ҳадафи мулоқот таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус бахши саноат, баррасии масъалаҳои ҳалталаби соҳа, дарёфти роҳҳои рушди он тавассути воридоти технологияҳои навтарин, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат кардан ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқи вазъи соҳаи саноат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, дар амал ҷорӣ кардани ислоҳоти соҳаҳо, барномаҳои давлатӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ, суханронӣ карда, барои рушду пешрафти мамлакат, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот, ба шуғл фаро гирифтани сокинон ба Ҳукумати кишвар, вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои марбута дастуру супоришҳо доданд.
16 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”-ро барои баррасии ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.
Дар лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ гардидааст.
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз навсозӣ бинои Ситоди отряди сохтмониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити қисми низомӣ шинос шуданд.
Дар ҳудуди иншоот ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии сарбозон Осорхонаи Пешвои миллат бунёд ёфтааст. Пас аз шиносоӣ бо шароити осорхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.
Президенти мамлакат дар ҳамин ҷо бо фаъолияти сехҳои истеҳсолии Отряди сохтмонӣ аз наздик шинос шуда, бо сарбозон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди қисми низомӣ панҷ сехи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ фаъолият намуда, дар доираи корҳои навсозӣ ҳамаи коргоҳҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири корӣ таъмин гардидаанд. Дар коргоҳҳо симтӯр, симхор ва дигар маҳсулоте, ки барои ҳифзи хати сарҳад зарур аст, бо сифати баланд истеҳсол карда мешаванд.
Ҳамзамон дар ҳудуди Отряди сохтмонӣ истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва дару тирезаҳои пластикиву чӯбӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин маҳсулот барои бунёди дидбонгоҳҳо, қисмҳои низомӣ ва отрядҳои сарҳадӣ дар мамлакат истифода бурда мешавад.
Сарвари давлат дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Пойгоҳи таъминоти моддию техникӣ оғоз бахшиданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зисти манзилҳои истиқоматӣ, ки барои афсарони Кӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳудуди қисми низомии мазкур бунёд гардидааст, шинос шуда, ба 23 оилаи муҳофизони марзу буми мамлакат калиди манзилҳои истиқоматӣ тақдим карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти зарурӣ дар пойгоҳи таъминоти моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот карданд.
22 октябр дар Китобхонаи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори ҳамоиши бошукӯҳи илмӣ аҳли зиёи мамлакат ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ - иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи ҳамоиш ва дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ овардани олимону коршиносонро нигоҳи нав ва диди тоза ба 1120 - солагии давлати Сомониён, давраи пурифтихори халқи тоҷик, баррасӣ ва арҷгузорӣ ба ин мероси бузург, яъне таъриху фарҳанги замони давлатдории Сомониён, нақши созандаи ин сулолаи ориёӣ дар рушди давлатдории тоҷикон ва дигар халқҳои минтақаву ҷаҳон аз нигоҳи принсипҳои адолати таърихиву иҷтимоӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ ва омӯзиши анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангӣ, бахусус, мақоми шоистаи ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод - “Наврӯз”, “Меҳргон” ва “Сада” дар ташаккули тамаддуни Шарқу Ғарб, инчунин нақши Куруши Кабир ва Борбади Марвазӣ арзёбӣ карданд.
24 октябр дар Кохи Борбад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо таҳлилҳои амиқи вазъи соҳа суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳадафи вохӯрӣ баррасӣ ва муҳокимаи фаъолияти кунунии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории Ҳукумати мамлакат бо ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ ва иштироки ин ниҳод дар тадбирҳои ободонию созандагӣ ба хотири рушду пешрафти ҷумҳурист.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми он тадриҷан такмил дода шуданд.
25 октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” имзо гузоштанд.
Қонуни мазкур дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2019 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Қонун “Дар бораи авф” нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, татбиқ гардид. Аз ҷумла, нисбат ба ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон татбиқ шудааст.
4 ноябр дар Кохи Борбад ба ифтихори таҷлили 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик арзёбӣ карда, мардуми шарафманди кишварро ба муносибати санаи фархунда самимона шодбош гуфтанд.
Таъкид гардид, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми мамлакат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ карданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз садсолаҳои дароз барои рушди ҷомеаи Тоҷикистон ва оромиву осоиши ҳар як фарди Ватан хизмат хоҳад намуд.
21 ноябр дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории мулоқот таҳлилу баррасии натиҷаҳои фаъолияти кормандони мақомоти судӣ, таъмини адолати судӣ, нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа буд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои фаъолияти кормандони мақомоти судиро дар давраи аз соли 2009 то 2019 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи камбудиҳо, таъмини волоияти қонун ва дигар самтҳои асосии соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти мақомоти судӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, сари вақт, босифат ва тибқи талаботи қонунгузории мамлакат таҳия кардани санадҳо ба роҳбарияти Суди олӣ ва дигар масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
22 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Табассуми офтобак” - ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 300 нафар кӯдак дар як баст пешбинӣ гардидааст. 11 синфхонаи кушоду барҳавои бо ҳама шароити зарурӣ муҷаҳҳаз ва ҷалби омӯзгорони ботаҷриба имкон фароҳам меорад, ки кӯдакони ин боргоҳи маърифат дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия ёбанд.
Таълиму тарбия дар ин кӯдакистони хусусӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Масъулин нақша доранд, ки оянда таълимро бо забони тоҷикӣ ҳам ҷорӣ намоянд.
Дар муассисаи замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, фарзандони сокинони шаҳри Душанбе ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
22 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомӣ ва бинои нави Факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин намудани кормандони сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо либоси низомӣ роҳбарият тасмим гирифтанд, ки дар заминаи сехи дӯзандагӣ соли 2018 корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомиро ташкил намоянд.
Тибқи иттилоъ, айни замон корхонаи дӯзандагӣ дорои 250 мошинаи нави дӯзандагӣ буда, қариб 300 нафар занону духтарони хонашин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
13 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1917 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар анҷумани навбатии ҳизб як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи оянда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуданд.
Дар оғози кори Анҷуман Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо 25-умин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрику таҳният гуфта, фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ ва қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» барои расидан ба арзишҳои умумибашарӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.
Имрӯз тибқи омори расмӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 490 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 235 ҳазор нафар ё 45 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Дар ҷараёни Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, тасдиқ карда шуда, Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.
Масъалаи шашуми рӯзномаи Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд. Мувофиқи моддаи 31 банди 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шумораи умумии номзадҳо, ки ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи рӯйхат пешниҳод менамоянд, бояд аз 28 нафар зиёд набошад.
Иштирокчиёни Анҷуман номзадии 28 нафарро дастгирӣ карданд. Аз онҳо 14 нафар занон ва аксарият мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои диду нигоҳи нав ба ҳаёти ҷомеа мебошанд.
Ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти марказии ҳизбӣ тасдиқ гардиданд.
Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман Эмомалӣ Раҳмон аз нав Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Азизӣ Абдуҷаббор - муовини якум, Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
17 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо шароити корӣ ва имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо кормандони он суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бинои нави “Амонатбонк” бо дарназардошти талаботи муосир бунёд ёфта, дар ҳудуди он шароити замонавии кор ва хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар дохили бино 121 утоқи корӣ ҷойгир буда, барои 500 нафар корманди дастгоҳи марказӣ ва дигар шуъбаҳои хизматрасонии бонк пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи аввали бино Маркази хизматрасонии мизоҷон ва Департаменти пардохти нафақаву кортҳои пластикӣ ҷойгир шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар баробари ифтитоҳи бино ҳамчунин Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ба тозагӣ дастгоҳи чоп ва омодасозии кортҳои пластикиро дастрас кард, ки ин имконият медиҳад минбаъд дар ҳамин ҷо кортҳои пластикӣ омодаву дастраси мизоҷон карда шаванд.
17 декабр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои асосии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ошёна иборат буда, дорои 182 ҳуҷраи муосиру барҳаво барои фаъолияти кормандон аст. Ҳамчунин дар бинои навбунёд толори барҳаво бо 300 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст, ки барои гузаронидани ҷамъомад ва маҳфилу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқ мебошад. Дар ин ҷо ҳамзамон 2 хуҷраи конфронсию машваратӣ ва ошхонаи замонавӣ сохта шудааст.
Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин рӯз ба кормандони Агентӣ 175 адад компютери муосир тақдим карда шуд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамоварда дар бинои навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.
21 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ, ифтитоҳи иншооти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар идораву муссисаҳои нав ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон санги асос гузоштанд.
Дар ноҳияи Хуросон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди 150 гектар токзори нав оғоз бахшида, аз намоиши дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.
Токзори навро саҳмдорони хоҷагии фермерии ноҳия бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти ангур ба хориҷи мамлакат дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ташкил намудаанд.
Барои арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Президенти мамлакат маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус боғутокпарварӣ токзори навбунёд “Пешвои миллат” номгузорӣ шудааст.
Дар масоҳати 150 гектар, ки ба 8 қитъа тақсим гардидааст, 10 намуд ангури навъҳои ба содирот нигаронидашуда, аз ҷумла, дар масоҳати 48 гектар навъи “Ғалаба”, 31 гектар “Ҳусайнии сиёҳ”, 20 гектар “Ҳусайнии сафед”, 2 гектар “Ҳусайнии гулобӣ”, 2 гектар “Кардинал”, 25 гектар “Шоҳона”, 6 гектар “Кишмиши сафед”, 8 гектар “Кишмиши сиёҳ”, 3 гектар “Зарифӣ” ва 5 гектар “Тоифӣ”, дар маҷмӯъ 42 ҳазор бех ниҳоли ангур шинонида шуд.
Дар асоси нишондоди олимони соҳаи боғу токпарварӣ, токзори нав баъди се - чор сол аз 4,5 то 5 ҳазор тонна ҳосил хоҳад дод.
26 декабри соли 2019 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
27 декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуда, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат туҳфаҳои идона тақдим намуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ниёзмандон, пирону барҷомондагон ва маъюбон як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, дар ин доира пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Сарвари давлат омӯзгоронро муваззаф намуданд, ки нисбат ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат ғамхору меҳрубон бошанд ва тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд, то хонандагон аз донишҳои муосир ҳамаҷониба бархурдор гарданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат ба хонандагони мактаб-интернат барои ба сайру тамошо баромадан 2 адад автобус тақдим намуданд.
30 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баъди баррасӣ нақшаи кори Ҳукумат қабул гардид ва қарор қарда шуд, ки роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута дастур доданд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтиву босифати барномаву стратегияҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои судманд амалӣ намоянд.
Супоришҳо ҳамчунин вобаста ба татбиқи пурсамари нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2019, вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ, сабзазоркунӣ, хуррамгардонии муҳити зист ва расонидани кумакҳои моддӣ ба ятимону маъюбон ҷалб карданд.
31 декабр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми табрикотӣ мардуми ҷумҳуриро бо фарорасии соли нави мелодии 2020 табрику таҳният гуфтанд.
Давоми соли 2019 бо ташаббус ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти пойтахти мамлакат дар шаҳри Душанбе дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тадбирҳои созандагӣ вусъат бахшида шуд.
Ҳамзамон таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистони биҳиштосо симои тоза гирифт. Дар як муддати кӯтоҳ дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла мактабҳо, иншооти маъмурӣ, майдончаҳои варзишӣ, боғҳо, гулгашту хиёбонҳо ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд шуданд. Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири татбиқи сиёсати бобарор ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои неки Президенти мамлакат амалӣ мегарданд.
Соли 2019 бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун, муассисаҳои таълимӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла, бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6, Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе”, “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе”, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 96, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 50, Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Табассуми офтобак”, дар маҷмӯъ бо 10 ҳазор ҷой барои хонандагони пойтахт мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба хотири татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат дар пойтахти мамлакат як қатор корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ифтитоҳ ва барои бунёди дигар коргоҳҳо асос гузошта шуд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи мебелсозӣ, заводи истеҳсоли автобусҳо, коргоҳи заргарии “Зари тоҷик”-и Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Равшан”, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии “Сиёма”, Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Заводи асфалту бетон”, корхонаи нави коркарди санги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зиркон”-ро ба истифода дода, барои оғози корҳои навсозии “Комбинати орди Душанбе” ва бунёди корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Тоҷиксемент” оғоз бахшиданд.
Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ” ва муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона” ифтитоҳ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Амфитеатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Боғи “Куруши Кабир” ва Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии Кӯли “Душанбе”-ро ифтитоҳ карда, барои бунёди варзишгоҳ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст, сохтмони 9 меҳмонхонаи наву замонавӣ дар шаҳри Душанбе асос гузоштанд.
Соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалии раъиятпарварии хеш ва ғамхорӣ нисбат ба ҳамаи табақаҳои ниёзманд дар шаҳри Норак ба 250 нафар ятим, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба 100 нафар ятими кулл ва 10 нафар аз оилаҳои эҳтиёҷманд, дар ноҳияи Файзобод ба 32 нафар ятими кулл ва дар ноҳияи Рӯдакӣ ба 600 тарбиятгирандаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво туҳфаҳои арзишманд тақдим карда, онҳоро рӯҳбаланд гардонданд.
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
Соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва дарёфти роҳҳои нави рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба бо кулли кишварҳои олам, инчунин иштирок дар ҳамоишҳои сатҳи баланд ба як қатор мамлакатҳои хориҷи дуру наздик сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом доданд.
Сарвари давлат,аз ҷумла 4 сафари расмӣ ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Франсия, 9 сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон доштанд.
Дар доираи ин сафарҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми кишварҳо ва роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи олам мулоқотҳои судманд анҷом дода, аз минбари баланди созмонҳои ҷаҳонӣ бо пешниҳодҳои созанда баҳри ҳалли мушкилоти глобалӣ суханронӣ карданд.
Ҳамчунин давоми соли 2019 сарони як қатор давлатҳо бо сафарҳои ҷавобии давлатӣ, расмӣ ва корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пин бо сафари давлатӣ, Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск, Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нам Ён, Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин, Раиси Думаи Федератсияи Россия Вячеслав Володин бо сафари расмӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка Майтрипала Сирисена, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ, Президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдоган ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ бо сафари корӣ ба кишвари мо ташриф оварданд.
Аз рӯи натиҷаи мулоқоту вохӯриҳо дар доираи сафарҳои давлатӣ ва расмии Сарвари давлат дар кишварҳои хориҷ ва ташрифи сарони давлатҳо ба Тоҷикистон даҳҳо санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаҳои гуногун танзим менамоянд.
Рӯзҳои 16 - 17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Федератсияи Россия қарор доштанд.
Зимни ин сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҷомеаи Россияи зодаи Тоҷикистон мулоқот карданд.
Дар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия баррасии масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои шарикии ду давлат сурат гирифта, аз рӯи натиҷаҳои онҳо Изҳороти муштараки Сарони давлатҳо - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин, ҳамчунин 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Рӯзҳои 25 то 28 апрел Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари корӣ доданд.
Дар кори форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 40 кишвари олам, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Форум суханронӣ карда, дар бораи ташаббусҳои ояндадори минтақавию глобалии Тоҷикистон, имконоти фарохи мамлакат ҷиҳати рушд додани соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, металлургияи ранга, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ андешаронӣ намуданд.
Дар ҳошияи ин чорабинии муҳими байналмилалӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, сарони як қатор кишварҳо, аз ҷумла бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга, муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Тсишан ва Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сие Фучжан мулоқот карданд.
Ҳамчунин зимни сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин “Экспо 2019” ва муаррифии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин иштирок намуданд.
Рӯзҳои 28-29 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок карда, бо нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот анҷом доданд.
14 июн Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок карданд.
Дар ҷаласа ҳолат ва дурнамои рушди Созмони Ҳамкории Шанхай, вазифаҳои аввалиндараҷаи таҳкиму таъмиқи ҳамгироӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, амният дар ҷаҳорчӯби созмон мутобиқ ба шароити муосир ва вазъи минтақа, инчунин дигар мавзӯъҳои мубрами дорои аҳамияти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо Эъломияи Бишкек қабул гардида, дар маҷмӯъ 8 санад, аз ҷумла Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар бахши ВАО, Созишнома байни сохторҳои давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва Нақшаи тадбирҳои асосӣ оид ба рушди ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2019-2021 имзо карда шуд.
Аз 30 июн то 1 июл сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус сурат гирифт.
Зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар вохӯрии хоссаи Сарони ду давлат ва музокироти онҳо бо иштироки ҳайатҳои ҷонибҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои худ Александр Лукашенко маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Беларусро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маҷмӯи нави санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Зери Изҳороти муштараки Президентҳои ду кишвар ва Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко имзо гузоштанд.
Ҳамчунин аз ҷониби ҳайати расмии ду давлат 9 санади нав имзо гардид.
Мояи хушнудист, ки бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ба сатҳи шарикии стратегӣ расиданд, ки ин албатта, заминаи воқеии рушду таъмиқи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ҷонибҳоро боз ҳам васеътар карда, тақвият мебахшад.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Беларус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Корхонаи тракторсозии шаҳри Минск ва Комбинати кишоварзии “Дзержинский”-и Ҷумҳурии Беларус боздид намуда, дар маросими пӯшидашавии дуюмин Бозиҳои аврупоӣ дар Варзишгоҳи миллии олимпии “Динамо” иштирок карданд.
30 июн дар шаҳри Минск мулоқоти сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, ИДМ ва СААД, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
26 июл Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон бо Президенти ин ҷумҳурии ҳамсоя Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд.
Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, самтҳои афзалиятноки таъмиқи минбаъдаи онҳоро муайян намуданд.
Аҳамияти таҳкими эътимод миёни мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус дар минтақаҳои наздсарҳадӣ ба таври хосса таъкид карда шуд. Зарурати ба роҳ мондани амалияи мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак, иштироки ҷонибҳо дар консертҳо ва фестивалҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин фаъол гардонидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, варзиш ва сайёҳӣ зикр карда шуд.
11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ дар Туркманистон қарор доштанд.
Зимни ин сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот анҷом доданд.
Рӯзҳои 4 то 7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария қарор доштанд.
Зимни сафари бобарор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер, Президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенберг, шаҳрдори Берни Конфедератсияи Швейтсария Алек фон Граффенрид, Раиси Шӯрои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан ва намояндагони доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Конфедератсияи Швейтсария мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом доданд.
Вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду давлат дар мулоқоту музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ карда шуд.
Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер зимни мулоқот изҳор намуд, ки “мо бо Тоҷикистон пайвандӣ дорем, зеро мо кишварҳои кӯҳистонӣ ҳастем ва Швейтсарияю Тоҷикистон дар болооби дарёҳои фаромарзӣ воқеанд. Омода ҳастем, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба ба манфиати мардумон дастгирии лоиҳа ва ташаббусҳои ҳамдигарро анҷом диҳем”.
“Шуморо ҷаноби Президент барои сиёсати муваффақона ва татбиқ кардани ислоҳот дар соҳаҳои гуногун дар даврони соҳибистиқлолии кишваратон табрик менамоям”,-изҳор дошт Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер.
Дар рафти мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифтанд, ҷонибҳо маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва дарёфти роҳҳои нави рушду густариши муносибатҳои ду кишварро баррасӣ намуданд.
Дар ин зимн аҳаммияти густариши ҳамкории беш аз пеши Тоҷикистон ва Швейтсария дар соҳаҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ таъкид гардид.
Барои татбиқи ин ҳадафҳо рушду тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли гидроэнергетика, соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла металлургияи ранга, саноати маъданҳои кӯҳӣ, сабуку хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман дар бахши аграрӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ҳамчунин рушди зерсохтори сайёҳӣ зарур шуморида шуд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо дар ҳузури Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ули Маурер санадҳои нави ҳамкории зерин ба имзо расиданд:
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ва банақшагирии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар анҷоми мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар 3 санади нави ҳамкории зерин ба имзо расид:
- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи муштараки савдои Швейтсария ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Созмони миллии маркетингии Швейтсария ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Ширкати “Гленкор”-и Конфедератсияи Швейтсария ва Ширкати “Талко”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интиқоли мутақобилаи молу маҳсулот ба маблағи 1,3 миллиард доллари америкоӣ.
Аз 7 то 12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, инчунин Ҳамоиши ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Париж қарор доштанд.
8 ноябри соли 2019 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Франсия бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.
Баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфт.
Ҷонибҳо зимни мулоқот аҳамияти машваратҳои доимии сиёсии ду кишварро таъкид намуда, масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкории бештар самарабахшро дар соҳаҳои мухталифи тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва гуманитариву фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои авиатсияи гражданӣ, энергетика, логистикаи нақлиётӣ, телекоммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ ва фаъолияти муҳандисию машваратӣ аз ҷумлаи самтҳои ояндадори робитаҳои ду давлат номида шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, кимиё, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, аз ҷумла истеҳсоли алюминийро афзалиятнок ва муҳим арзёбӣ карданд.
Саҳми ширкатҳои фаронсавӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторию энергетикӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳамчунин дар бахшҳои гуногуни иҷтимоӣ ва хусусӣ, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ таъкид гардид.
Пас аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Макрон 5 санади зерини нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ;
- Эъломияи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия;
- Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия барои давраи 2019-2023;
- Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Франсиявии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAC);
- Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкории таҳсилотӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Париж 1 Пантеон-Сорбонна.
Дар маҷмӯъ дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Франсия 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Франсия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия ва намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия мулоқоти судманд анҷом доданд.
Дар мулоқот бо намояндагони соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Франсия аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.
Дар чорабинӣ аз тарафи Франсия намояндаи махсуси Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия оид ба Осиёи Марказӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳои бонуфузи Аэробус (AIRBUS) Клустер Монтейҷн (CLUSTER MONTAGNE), Фивз (FIVES), Групп Иннитера (GROUP INNITHERA), Сафран (SAFRAN), Шевер (SCHIEVER), Талес (THALES), Тотал (TOTAL), Трактебел Инҷиниринг (TRACTEBEL ENGINEERING) ва Медеф Интернасионал (MEDEF INTERNATIONAL) сухан гуфта, ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ баҳои баланд доданд ва ҳавасмандии худро барои иштирок дар рушду густариши иқтисодиёти Тоҷикистон иброз доштанд.
Дар ҳамин ҷо санадҳои нави ҳамкории зерин ҷиҳати рушду густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ба имзо расонда шуданд:
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” ва Ассотсиатсияи “MEDEF International”-и Ҷумҳурии Фаронса.
Созишномаи ҳамкорӣ байни Ширкати “Талко”-и Тоҷикистон ва Ширкати фаронсавии Фивз (Fives) бо маблағи 200 миллион евро, дар марҳилаи аввал 52 миллион евро барои таҷдиди коргоҳи анодпазии “Талко”.
Мавриди зикр аст, ки коргоҳи анодпазии мазкур 45 сол қабл аз тарафи Ширкати “Фивз” сохта шуда буд.
Созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ байни Ширкати Талко, Ширкати фаронсавии Фивз (Fives) ва Ширкати олмонии Риедҳаммер (Riedhammer) оид ба воридоти технологияи муосир барои коргоҳи анодпазии Ширкати Талко.
Созишномаи ҳамкорӣ байни Ширкати “Аэробус”-и аврупоӣ ва Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон оид ба ворид кардани чархболҳо. (Мавриди зикр аст, ки Ширкати “Сомон Эйр” аллакай як адад чархболро ба Тоҷикистон ворид кард ва боз 5 чархболи дигар ворид мегардад).
Созишномаи байни ширкати фаронсавии “Лаборатория ИННОТЕК интернасионал” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сифат ФАРМА”-и Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фармасевтӣ.
Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амид”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Шивер Групп”-и Ҷумҳурии Франсия оид ба ташкил намудани маркази савдо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ва Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии “ITC School Ecole42”.
Дар ҳошияи Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ ва Ҳамоиши канории ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО оид ба масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Париж Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш, Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле ва Шоҳзода Карим Оғохони lV мулоқоти корӣ доштанд.
27 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доштанд.
28 ноябр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Мулоқоти дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев масоили кунунии муносибатҳои дӯстиву бародарӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишварро муҳокима намуданд.
19 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербург сафар карда, бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот анҷом доданд.
Шоми 19 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот карданд.
Соли 2019 пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе макони баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ ва мизбони чандин сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ буд, ки ба кишвари мо бо сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ ташриф оварданд.
Аз ҷумла, 15 июн дар Қасри миллат маросими истиқболи расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо сафари давлатӣ ва иштирок дар Ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.
Масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат дар мулоқоти васеи ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот паҳлӯҳои равобити дуҷонибаи кишварҳо, инчунин масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таъмиқи минбаъдаи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чин - яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо мебошад.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барои истиқболи самимии ҳайати расмии Чин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипоси беандоза карда, сатҳи ташкили ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва натиҷаҳои раёсати Тоҷикистонро дар ин созмон баланд арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо аҳамияти идомаи пурсамари муносибатҳои шарикии стратегии худро таъкид карда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бунёди паркҳо ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, рушди соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, илм, маориф, фарҳангию гуманитарӣ, навоварӣ ва технологияро ҳамаҷониба баррасӣ карданд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, дар Қасри миллат маросими имзои санадҳо баргузор гардид, ки дар он бо иштирок ва дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санад ва дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин боз 5 санади тиҷоратӣ, дар маҷмуъ 18 ҳуҷҷати нав, аз ҷумла санадҳои зерин, ба имзо расиданд.
- Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таъмиқи бештари муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегиро Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин имзо карданд.
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи кумаки бебозгашт;
- Протоколи талаботи фитосанитарӣ барои содироти лимӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Созишномаи байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории илмӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсис додани Гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019-2021;
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019-2021;
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории зиддитеррористӣ дар мавриди мубодилаи иттилоот.
Инчунин созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи филмбардорӣ, оид ба ташкили пойгоҳи коркарди фулузоти нодир, қиматбаҳо ва ранга, оид ба Барномаи интернет-платформаи усули назорати сифат, оид ба лоиҳакашӣ, таъмин, насб, роҳбарӣ, ба истифода додан ва истеҳсоли тамоми таҷҳизот барои коргоҳи сементбарорӣ ва оид ба таъсиси ширкати муштарак ва сохтмони объекти коркарди металлургияи ранга дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расиданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои барҷаста дар таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни халқҳои тоҷику чин, рушди ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башардӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мукофоти давлатии Тоҷикистон - “Ордени Зарринтоҷ дараҷаи 1”-ро дар вазъияти тантанавӣ тақдим карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин ва ҳайати расмии кишвари Чин барои иштироки фаъол дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва идомаи талошҳои созанда баҳри таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии наку изҳори сипос карданд.
Си Ҷинпин дар навбати худ бо эҳсоси баланди хушнудӣ ва изҳори миннатдорӣ аз меҳмоннавозии дӯстона ва бародаронаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки иштирок дар ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ ва анҷоми сафари давлатӣ дар Тоҷикистон беҳтарин ва гуворотарин лаҳзаҳо буданд. Ман дар Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон эҳтироми самимӣ эҳсос кардам, ки ин инсондӯстӣ, меҳмоннавозӣ ва хайрхоҳӣ хоси мардуми тоҷик аст – қайд кард ӯ дар сухани худ.
Аз 13 то 15 июни соли 2019 сарони як қатор давлатҳои хориҷ, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа, Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам, Амири Давлати Қатар, Президенти Туркия, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сафари корӣ бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар ҳошияи баргузории ин чорабинии сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳо мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом дода, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориро бо ин кишварҳо баррасӣ карданд.
Соли 2019 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе 45 маротиба бо сарони давлатҳо, роҳбарону намояндагони воломақоми кишварҳо ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки ба Тоҷикистон ташриф оварданд, вохӯрию суҳбатҳои судманду созанда анҷом доданд.
Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен, Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхин, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин, Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров, Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Падамжа Хандевал, Роҳбари Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ, муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов, роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ, Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия, Раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Мирослав Лайчак, Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу аз ҷумлаи онҳоянд.
Соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба моҳҳои март, июл ва ноябр аз 30 сафири навтаъйин эътимоднома қабул карданд.
Аз ҷумла, 15 март дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 сафири навтаини Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Шоҳигарии Дания, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка, Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла, Ҷумҳурии Конго ва Ҷумҳурии Гана, 31 июли соли 2019 аз сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Гурҷистон, Ҷумҳурии Корея, Босния ва Гертсеговина, Ҷумҳурии Колумбия, Австралия ва Ҷумҳурии Федералии Демократии Эфиопия ва 20 ноябр аз 11 сафири навтаъйиншудаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Япония, Украина, Шоҳигарии Нидерландия, Ҷумҳурии Португалия, Ҷумҳурии Литва, Ҷумҳурии Кипр, Шоҳигарии Таиланд, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш ва Ҷумҳурии Нигер эътимоднома қабул карданд.
Соли 2019 дар Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ баргузор шуданд.
Баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” ва Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” аз ҷумлаи ҳамоишҳои сатҳи баланд мебошанд, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид.
15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Барои иштирок дар кори ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ - Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Ҷумҳурии Арабии Миср, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Ҷумҳурии Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Давлати Қатар, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Давлати Фаластин, Федератсияи Россия, Шоҳигарии Таиланд, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир - Ҷумҳурии Индонезия, Ҷумҳурии Филиппин, Ҷумҳурии Белорус, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик - Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва меҳмони ҳамоиш - Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиёро, ки ин навбат таҳти раёсати Тоҷикистон сурат гирифт, ифтитоҳ карда, ҳамаи иштирокчиёнро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои раёсати ҷониби Тоҷикистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё сарони давлатҳои аъзои машварат, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои нозир ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам суханронӣ карданд.
Баромадкунандагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии гарм, меҳмоннавозии самимӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳори сипос карда, ба натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Баъд аз анҷоми кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз ҷониби иштирокчиён “Эъломияи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё” қабул карда шуд.
Ҷараёни кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 650 нафар намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ, хабарнигорони рӯзномаву маҷаллаҳо, радиоҳо, телевизионҳо ва агентиҳои иттилоотӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Белорус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Россия ва Ироқ инъикос карданд.
Соли 2019 чун солҳои пешин бо як зумра чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ барои шаҳрвандони мамлакат соли бобарор, таърихӣ, хотирмон ва пур аз рӯйдодҳои фараҳбахш буд.
Ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун”, оғози татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Норак”, оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”, оғози навсозии роҳи “Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин”, оғози лоиҳаи “Таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт”, таҷлили ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз рӯйдодҳои муҳими соли 2019 маҳсуб меёбанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли ҷорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Қонун “Дар бораи авф” нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, татбиқ мегардад. Аз ҷумла, нисбат ба ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон.
Ҳамаи ин иқдомҳо ва ташаббусҳои созанда Тоҷикистон ва мардуми бофарҳанги тоҷикро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати бунёдкор, ботадбир ва соҳибтамаддун муаррифӣ кард.
Ба хотири истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 таҷлил мегардад, бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе бунёди даҳҳо адад иншооти таъйиноти гуногун идома дорад.
Соли 2019 таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030”, барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар нақшаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт пешравиҳои муҳиму назаррас ба амал омаданд.
4 декабри соли 2019 таҳти рақами 1380 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ба тасвиб расид.
Тибқи ин фармон интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2020 таъйин мегардад. Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 таъйин карда мешавад.
Умед аст, ки соли 2020 низ мардуми шарафманди тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушду пешрафти мамлакати азизи хеш талошҳои бунёдкоронаро бо садоқат ба давлату миллат идома медиҳанд.
Почтаи электронӣ:
info@cbrn.tj