Илова ба ваколатҳои ба Агентӣ дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №134 аз 29 марти соли 2019 пешбинишуда, 17 апрели соли 2019 дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Федератсияи Россия 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои таъмини амнияти биологӣ, ки дар он Агентӣ ҳамчун мақоми салоҳиятдори самт аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия аз ҷониби Федератсияи Россия муайян гаштанд.
Бояд қайд намуд, ки таъмини амнияти биологӣ бе танзими соҳа ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, Агентӣ дар сохтори худ бо Қарори Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника, №7 аз 3 майи соли 2019 Шӯъбаи амнияти биологӣ ва химиявиро таъсис дода, мутахассисони пуртаҷрибаро ба он ҷалб намуд. Мутахассисони шӯъбаи номбурда аз рузи аввал ба таҳияи лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» машғул шуданд. Қонуни зикргардида муносибатҳои бо агенту токсинҳои биологии назоратшаванда алоқамандро тавассути маҳдуд намудани истифодаи онҳо бо мақсади таҳкими системаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ ба танзим оварда, ба ҳифзи саломатии инсон, ҳайвонот, растанию муҳити зист равона шуда, инчунин барои иҷро намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба манъи силоҳи биологӣ ва токсинӣ ва пешгирӣ намудани паҳншавии силоҳи қатли ом мусоидат менамояд. Айни замон қонун бо вазорату идораҳои марбута мувофиқа гашта, ба баррассии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гаштааст.
Инчунин бо ташаббуси мутахассисони шӯъбаи зикргардида, тартиби расмиёти дохилидавлатӣ дар хусуси ҳамроҳ шудан ба Протоколи Женева оид ба манъи истифодаи газҳои нафасгиркунанда, заҳролудкунанда ё газҳои дигари ба онҳо монанд ва воситаҳои бактериологӣ ҳангоми ҷанг (17 июни соли 1925) оғоз ёфта, мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ №1442 аз 16 октябри соли 2019 ба Протоколи зикргардида ҳамроҳ гардид ва Протоколи мазкур аз 15 ноябри соли 2019 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо намуд.
25 декабри соли 2019, вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ва инчунин Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳайати Федератсияи Россия иборат аз Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа ва намояндагони сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бо мақсади татбиқи бандҳои Ёддошти ҳусни тафоҳум қарор карда шуд, ки ҳар сол як маротиба ҷонибҳо вохурда масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти биологии ду кишвар-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Шӯъбаи амнияти биологӣ ва химиявии Агентӣ инчунин дар баланд бардоштани малакаи дониши кормандони ҳифзи ҳуқуқ кӯшиш ба ҳарҷ дода, силлабуси омӯзишии навро бо назардошти босуръат авҷ гирифтани бемории вируси сироятии коронавирус (COVID-19) ва ба «пандемия» табдил ёфтани он, тасдиқ намуд, ки он бо максади пешгирӣ аз хатари пахншавии ин беморӣ сафарбар карда шудааст. Чи хеле маълум аст, вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ҳифзи ҳаёт ва саломатии аҳолӣ, амнияти ҷомеа ва таъмини волоияти қонун мебошад. Бо назардошти ин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аксар вақт дар мадди аввали вокуниш ба бӯҳронҳои ҷомеа мебошанд, ҳатто дар мавридҳое, ки чунин бӯҳронҳо мустақиман ба ваколати онҳо алоқаманди надоранд ва пандемияи COVID-19 аз ин мисолҳо мебошад.
Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар вокуниши онҳо ба пандемияи COVID-19 бениҳоят зарур мебошад. Агентӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Академияи миллии илмҳо дар сохтори худ маркази омӯзишии минтақавӣ барои пешгирии терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом (аз ҷумла силоҳи биологӣ) барои давлатҳои Осиёи Марказӣ Қафқоз ва Афғонистон таъсис додааст, ки он аз 18 марти соли 2018 фаъолияти пурсамар бурда, дар он солона то 500 нафар кормандони гуногуни ҳифзи ҳуқуқ омӯзиш мегиранд.
Айни замон тибқи силлабуси нави таҳияшуда, ки масъалаҳои вокуниш ба COVID-19-ро дар бар мегирад, дарсҳои назариявӣ ва амалӣ барои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуда истодаанд, ки он муҳофизати шахсӣ ва ташкили психологияи устувори кормандонро зимни паҳншавии пандемияи COVID-19 бо роҳи қатъиян риоя намудани тавсияҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ва Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ, ошкор ва кам намудани паҳншавии вирусро дар бар мегирад.