Қаблан ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳамроҳии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаидов Улмас Мирсаидович, озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии «Пептид»-и донишгоҳро, ки бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ба номи поягузори он, доктори илмҳои химия, профессор Ширинбек Холиқов гузошта шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Зимнан гуфта шуд, ки иқдоми мазкур ба хотираи гиромидошти профессор Ш. Холиқов тарҳрезӣ шудааст. Озмошгоҳ аз 2 ҳуҷра иборат буда, дар яке аз он китобҳои устод, маҷаллаҳои илмӣ ва дигар маводе, ки ба самти омӯзиши химияи органикӣ марбут аст, ҷойгир шудааст. Ҳуҷраи дигар бошад бо мавод, асбоб ва зарфҳои химиявӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки он барои гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ равона шудааст. Озмоишгоҳи мазкур соли 1978 бо ташаббуси шодравон Ш. Холиқов ташкил шуда буд ва то ҳол дар он зиёда аз 20 рисолаҳои докториву номзадӣ омода ва дифоъ шудаанд. Баъдан дар толори калони факултет бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои гуногуни илмию таълимии ҷумҳурӣ конференсия доир гардид.