Дар семинари техникӣ кормандони Филиали Агентии амнияти ХБРЯ дар вилояти Суғд, намояндагон аз шаҳри Истиқлол, ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати Ғозиён, деҳаи Адрасман, БРСММ ва САҲА иштирок намуданд.
Сухани ифтитоҳиро муовини директор Аҳмедов Матин аз номи Агентии амнияти ХБРЯ-ии АМИТ оғоз намуда, аҳамияти баргузории чорабинии мазкурро ҷиҳати огоҳонидани аҳолӣ пеш аз оғози корҳои рекултиви дар мавзеъҳои мероси уран қайд намуд.
Зимни суханронӣ ӯ қайд намуд, ки дар таҳияи нақшаи чорабиниҳо саҳми намояндагон аз шаҳри Истиқлоли ноҳияи Б.Ғафурови ҷамоати деҳоти Ғозиен ва намояндагони деҳаи Адрасман, воқеъ дар наздикии партовгоҳи уран хеле муҳим мебошад ва оиди мақсаду вазифаҳои семинари мазкур мухтасар тавзеҳ дод.
Владимир Лекаркин - Барномаи рушди СММ, Тоҷикистон, Дмитрий Прудских - намояндаи САҲА ва дигар ширкаткунандагон аз шаҳри Истиқлоли ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати Ғозиен, деҳаи Адрасмон низ бо суханҳои шодбошиӣ баромад намуданд.