Аз санаи 23-юми май то 26-уми майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби маъмурияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Агентии ХБРЯ-и АМИТ) дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) бо мақсади густариши барномаҳои ҳамкории техникии АБНА нишасти ҳамоҳангсозони миллии иртиботӣ баргузор гардид.
Дар нишасти мазкур намояндагони зиёда аз 30 давлати аъзои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба таври ҳузурӣ иштирок карда, ҳамзамон беш аз 35 давлати аъзои АБНА тариқи маҷозӣ ба ҳамоиш пайваст шуд. Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ташкил карда шуд.
Сипас, директори Агентии ХБРЯ-и АМИТ Илҳом Мирсаидзода, қайд намуд, ки дар ҳамоиши мазкур мутахассисони лоиҳаҳои марбут ба солимгардонии партовҳои коркарди маъдани уран, амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, соҳаи тандурустӣ, таҷҳизонидани марказҳои саратоншиносӣ бо таҷҳизоти муосир бо мақсади пешгирӣ кардани бемориҳои саратон, ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи радионуклитҳо ва технологияҳои радиатсионӣ барои муайян кардани синни пиряхҳо, ҳифзи ин пиряхҳо, инчунин лоиҳаҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.