ЭКСКУРСИЯ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙ - ИНТЕРНАТИИ «ҲОТАМ ВА ПВ» БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ МИНТАҚАВӢ ОИД БА ПАҲН НАКАРДАНИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ ВА НАЗОРАТИ СОДИРОТ ВА ОЗМОИШГОҲИ АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХБРЯ-И АМИТ
15 - уми марти соли 2023 дар доираи фаъолияти Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) бо мақсади бедор намудани завқу рағбати наврасону ҷавонон ба илм бо ибтикори Зарина Шоймардонова - ходими калони илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои хонандагони синфҳои 10 -11-и ТРЛИ «Ҳотам ва ПВ» (филиал дар шаҳри Ҳисор) экскурсия ташкил намуд. Толибилмони даъватшуда иштирокчиёни олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ аз фанҳои физика, химия ва математика мебошанд.
Дар оғози ҷамъомад Зарина Сайфиева - директори Маркази таълимии минтақавӣ оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом ва назорати содиротӣ, президенти Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) оид ба фаъолияти Маркази таълимӣ, аз ҷумла, перомуни доираи васеи фаъолияти Маркази минтақавӣ, омода намудани кадрҳо ба ҳозирин ва иштирокчиёни ҷамъомад муфассал маълумот дод.
Бояд қайд кард, ки семинар ва курсҳои омӯзишие, ки дар маркази мазкур мегузаранд, оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом ва назорати содироти он, амнияти кимиёвӣ, биологӣ, ядроӣ ва радиатсионӣ ва инчунин пешгирии терроризм бо истифодаи СҚО-ро дар бар мегирад.
Маркази таълимии минтақавӣ ҳар сол зиёда аз 500 нафар мутахассисонро аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҳамкасбони худ аз минтақаи Осиёи Марказӣ низ омода менамояд.
Инчунин маркази мутазаккир барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирии терроризм бо истифода аз СҚО ҳам дар Маркази таълимӣ ва ҳам дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои мухталифи сарҳадӣ ба таври мунтазам курсҳои омӯзишӣ мегузаронад.
Баъд аз боздиди Маркази таълимӣ ходими пешбари илмии Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Довгялло Яна Павловна дар мавзуи «Замин - хонаи умумии мо» дарси кушод гузаронид, ки дар хусуси мушкилоти асосии экология ва инчунин аҳаммияти муҳофизати табиат барои наслҳои оянда сухан ронда, аз он ҷумла афзуд, ки: “Дар натиҷаи рушди илму техника инсон дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ ба муҳити зист бештар таъсир расонида истодааст.
Аз ин лиҳоз, инсони муосирро зарур аст, ки нисбат ба табиати атроф ҳамеша муносибати хуб дошта, аз ҳар гуна рафторҳои ношоям худдорӣ намояд, табиат ва сарватҳои табииро оқилона ва сарфакорона истифода барад. Табиатро ба наслҳои оянда тавре боқӣ гузорад, ки ҳамон тавр пайдо шуда буд. Зеро нақши экология дар тарбияи иқтисодӣ, эстетикӣ, ҷуғрофӣ, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ ва дар маҷмуъ ватандӯстӣ хеле калон аст”.
Инчунин Довгялло Яна Павловна ҳамзамон қайд кард, ки: “Ифлосшавии атмосфера, вайроншавии қабати озон, биёбоншавии Замин, ғарқшавии пластикӣ дар уқёнусҳо танҳо як қисми хурди мушкилоти экологӣ мебошанд, ки дахолати фавриро талаб мекунанд.
Ҳаллу фасли онҳо вазифаи ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон аст, ки аз фалокати глобалии ҷаҳонӣ пешгирӣ шавад. Дар атрофи корхонаҳо ва қад-қади роҳҳо дарахт шинондан, яъне умуман кабудизор кардан зарур аст, ки ин паҳншавии моддаҳои зарарнокро нисбатан кам мекунад.
Яъне дӯст доштани муҳити зист ва тозаву мубарро нигоҳ доштани табиатро аз даврони наврасӣ бояд омӯхт в-он гоҳ дер мешавад”.