Зимни баргузории ҷамъомад, Матин Ахмедов муовини директор ва Олимҷон Азизов мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ – ҳамчун ёрдамчиёни ҳамоҳангсози миллӣ ба сардухтури Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, Ҳусейнзода Зафар Ҳабибулло таҷҳизоти ташхисӣ (ултрасадо) ва табобатӣ (рентгентерапия) ҷиҳати сари вақт ташхис ва пешгирӣ намудани бемориҳои саратоншиносӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақаҳои тобеи он аз номи Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) ҳадя намуданд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар доираи лоиҳаҳои мазкур се нафар корманди Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ дар давлатҳои Федератсияи Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар самтҳои ташхиси нурӣ, тамографияи резонанси магнитӣ (МРТ) ва табобати нурӣ омӯзиш гирифтанд.
Мақсад аз татбиқи лоиҳаҳои мазкур ин сари вақт муайян ва пешгирӣ намудани бемориҳои гуногуни саратоншиносӣ дар ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ мебошад.
Дар солҳои оянда дар доираи лоиҳаи мазкур хариди дигар таҷҳизоти ташхисию табобатӣ ва омӯзондани кормандони касбии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ аз ҷониби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) банақша гирифта шудааст.