Дар Паёми имсолаи худ Пешвои муаззами миллат бештар атрофи мушкилиҳо ва тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон, норасии кадрҳои баландихтисос ва мутахассисон дар ҳама соҳаи мамлакат, аз ҷумла дар соҳаи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ ва инчунин тарбия ва омодасозии олимону ихтироъкорон ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Лозим ба тазаккур аст, ки ҳар як Паёми Президенти мамлакат, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, бо хусусиятҳои ба худ хос, ҷанбаҳои амиқу таҳлили натиҷагирӣ ва ояндабинӣ, пешниҳодҳои тоза ва тарҳу барномасозиҳои дурбинона фарқият дошта, собитгари он аст, ки ин ҳуҷҷати фарогир ва муҳимтарин суханронии сол заминасози фатҳи зинаҳои боз ҳам баландтари пирӯзӣ, тавсеаву равнақи иқтисодӣ ва муваффақият буда, ҳамагуна дастоварду комёбӣ аз мазмуну муҳтавои ин ҳидоятномаи мукаммали раҳнамо ибтидо мегиранд.
Кулли кормандони муассисаи мазкур Паёми Президенти мамлакатро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба хушнудӣ пазируфтанд ва ҳамаи дастуру пешниҳодҳои муфиди Сарвари давлатро дар рафти фаъолияташон дар амал ҳамаҷиҳата татбиқ хоҳанд намуд.