Ҳар як шахс новобаста аз вазифа метавонад роҳбар бошад, барои ин мудир будан шарт нест. Малакаҳои роҳбарӣ ҳам барои роҳбарон ва ҳам барои кормандони оддӣ заруранд.
Тавре Нигора Нафизовна қайд намуданд, сарварӣ, маҳоратӣ илҳомбахшӣ, ҳавасмандкунӣ, пайдо намудани забони умумӣ, ташаббус ва масъулиятшиносист. Сифати роҳбар ин малакаҳои ба истилоҳ нарм мебошад, яъне ин қобилияти ҳамдард будан, гӯш намудан ва шунидани тарафи муқобил, эҷодкорӣ, масъулият, қобилияти омӯзиши ва интиқол додани дониш, пайхас намудан ва дарёфти истеъдод дар дигарон. Роҳбар табиӣ сифатҳое доранд, ки ба онҳо имкон медиҳанд, ки ҳар як шахсро дар даста ва маҷмӯъ гурӯҳ мустаҳкам намояд. Онҳо манфиятдоранд, ки ба ҳар як аъзоёни дастаи худ барои рушд ва нуфуз кӯмак расонад.
Нигора Нафизовна бо ёрии як чанд машқҳои начандон душвор нишон доданд, ки чи гуна метавон роҳбаро дар гурӯҳ муайян намуд ва инчунин бо саволҳои муайян метавон фарқ миёни роҳбар ва сардор (босс) – ро пайдо намуд.