21 ноябри соли 2023 дар доираи фаъолияти Бахши миллии “Хонуми ядрои” барои табодули дониш ва таҷриба Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе якҷоя бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиационӣ ва ядроии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» дар мавзуи «Биоматериалҳои сохтории ғайриорганикӣ», семинари илмӣ барпо гардид. Маърузаро доктори илмҳои химия, профессори факултети материалшиносии Университети давлатии Москва ба номи М. Ломоносов Кнотко Александр Валерьевич хонданд.
Директори филиал Сергей Викторович Трофимов бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, қайд кард, ки семинар дар доираи татбиқи Барномаи давлатии «Бист соли омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва математика», ба солгарди дар пешистодаи 270-солагии Университети Москва ва 15-солагии Филиали Университети давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбе, ташкил карда шудааст.