Таъсири аз ҳад зиёди нурҳои офтоб бо шохиси баланди ултрабунафш ва сӯхтагии ба он алоқаманд дар овони кӯдакӣ ва наврасӣ яке аз омилҳои хатарнокест, ки боиси рушди саратони пӯст дар оянда мегардад. Миқдори муайяни нурҳои ултрабунафш барои саломатӣ, бахусус тавассути истеҳсоли витамини D, истеҳсоли серотонин ва беҳтар шудани рӯҳия, инчунин мустаҳкам кардани системаи масуният хело ҳам муфид аст.
Таъсири манфии шуоъҳои ултрабунафшро бо тадбирҳои мухталифи одӣ ва муассир пешгирӣ кардан мумкин аст. Бо индекси ултрабунафш аз 3 ё аз он ҳам баландтар, якчанд роҳҳои муҳофизати мураккаб аз таъсири нурҳои офтоб ба ҷисми инсон тавсия дода мешавад.
Ҳамин тавр, доктор Нигора Нафизовна Абиджанова инчунин перомуни мушкилоти рӯзмарраи бемории саратони пӯст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯйи паҳншавии саратони ашаддӣ дар ҷойи сеюм қарор дорад, назди ҳозирин муфассал сухан ронда, ҳамзамон дар хусуси хатарҳои марбут ба ин намуди беморӣ ва омилҳои пешгирикунанда, аз он ҷумла роҳҳои истифодаи дурусту оқилонаи муҳофизати худ ва дигаронро аз таъсири нурҳои офтобӣ тавасути истифода аз сарпӯшҳои офтобии рангаш сафед, айнаки муҳофизатӣ ва чатр, ки ба кам кардани хатари саратони пӯст мусоидат мекунанд, тавсия намуд.