АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
E-mail Воридоти иштибоҳ!
Парол Пинҳон кардан Хатогӣ!
E-mail Здесь сообщение об ошибке!
Рамз Скрыть Здесь сообщение об ошибке!
Панҷшанбе, 21 ноябри cоли 2024
Саволи мустақим ба Директор
БОЗДИДИ ИШТИРОКЧИЁНИ БАХШИ МИЛЛИИ «ХОНУМИ ЯДРОӢ» АЗ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ КУШОДАИ «АЗОТ» ВА НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «САРБАНД» -И ШАҲРИ ЛЕВАКАНДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
11 - уми майи соли 2023 аъзои Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» аз Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ва инчунин Неругоҳи барқи обии «Сарбанд»-и шаҳри Леваканди вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Лозим ба тазаккур аст, ки ҳадаф аз сафари гурӯҳӣ ин пеш аз ҳама оммавӣ гардонидани фаъолияти занони олим ва мутахассисони соҳаҳои мухталифи илму техникаи Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон баҳри боз ҳам рушд ва инкишоф бахшидани ташаббус ва ҳамкории бонувон бо мақсади баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва инчунин бо занони дигар вилояту шаҳрҳои ҷумҳурӣ ба роҳ мондани робитаҳои илмию фарҳангӣ маҳсуб меёбад.
Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди пешрафти назаррас дар самти ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дигар соҳаҳои гуногун, бонувон ҳанӯз ҳам дар соҳаи касбӣ, аз ҷумла дар соҳаи илму технология ва инноватсия табъизро низ аз сар мегузаронанд. Аз ин рӯ, оммавигардонии заноне, ки дар ин самт кор мекунанд, як вазифаи муҳим ва таъхирнопазир барои эҷоди сармояи зеҳнӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Ҳангоми ворид шудан ба Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи ҶСК «АЗОТ» иштирокчиёни Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» директори техникии завод Тоҷиддин ГАДОЕВ истиқбол гирифт, ки дар тамоми давраи сафар дар майдони истеҳсолӣ ҳамроҳи ҳайати гурӯҳ қарор дошт.
Тибқи нақшаи барномаи сафар директори генералии корхона Шарипов Умедҷон Шарофиддинович меҳмононро хайрамақдам гуфта, зимнан қайд кард, ки комбинат дар байни корхонаҳои калонтарини саноати химиявии ҷумҳурӣ яке аз нахустин корхонаҳое мебошад, ки он ҳанӯз соли 1967 бо ду хатти технологии истеҳсолкунандаи маҳсулоти амиак ва карбамид дар давоми сол бо иқтидори истеҳсолии 110,0 ҳазор тонна аммиак ва 180,0 ҳазор тонна карбамид ба кор шуруъ карда буд.
Лозим ба зикр аст, ки комбинати мазкур инчунин мочевина барои соҳаи кишоварзӣ, гази карбон (СО2) барои саноати хӯрокворӣ ва эҳтиёҷоти техникӣ, оксигени газ (О2) барои дору ва металл кафшер, азоти моеъ (N2) барои чорводорӣ, аммиаки моеъ (NH3) барои чархаҳои яхдонҳои саноатӣ низ истеҳсол мекунад.
Маҳсулоти ҶСК «АЗОТ» на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ фурӯхта мешавад, балки берун аз он ба хориҷи дуру наздик низ содир карда мешаванд. Зимни баромади пурмуҳтавои худ Умедҷон Шарифов перомуни кору фаъолияти кормандони бахши муҳандисию техникӣ, аз ҷумла фаъолияти бонувоне, ки дар комбинати мазкур солҳои тӯлонӣ софдилона кор мекунанд ва инчунин дар бораи саҳми онҳо дар пешрафти истеҳсолот суханронӣ намуд.
Номбурда ҳамзамон қайд кард, ки имсол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти истеҳсолии корхонаи мутазаккир дидан намуда, ба корҳои таъмиру навсозии истеҳсолот баҳои мусбат доданд.
Бояд қайд кард, ки айни замон дар корхона таҷҳизоти муосири системаҳои идоракунии Centum VP ва ProSafe RS истифода мешаванд. Базаи моддию техникии пойгоҳҳои истеҳсолӣ бо истифода аз таҷҳизоти ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ, аз ҷумла Siemens, Samson, Emerson, Metran ва ABB, асбобҳо ва системаҳои муҳофизати фавқулода пурра иваз карда шуданд.
Президенти мамлакат зимни боздид аз корхона бо раванди истеҳсолот, истифодабарии таҷҳизоти муосир ва технологияҳои муосири насбшуда таваҷҷуҳи кормандони соҳаро ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва омода намудани мутахассисони ҷавони соҳибихтисос ҷалб намуд.
Дар рафти вохӯрӣ бо бонувон Раиси шаҳри Леваканд – Бунафша Файзиддинзода ширкат варзида, нақши занону кормандони корхонаҳои мазкурро дар самти ободонии шаҳр махсус қайд намуда, фаъолияти занонро дар таҳкими ҳамкории судманд бо сохторҳои тобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва инчунин мактабҳои олии ҷумҳурӣ хуб арзёбӣ намуд.
Сипас, Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна доир ба ҳадафҳои сафари иштирокчиёни Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ва инчунин нақши занони олимаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди илму технология ва дар бораи фаъолияти омӯзгориашон дар самти омода кардани кадрҳои коргарии Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» сухан ронда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфид изҳори сипоси худро баён намуд.
Зарина САЙФИЕВА – роҳбари Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» дар навбати худ ҳозиринро бо таърихи таъсисёбӣ, фаъолият ва ҳадафҳои асосии филиали мазкур ошно намуда, инчунин ба роҳбарияти Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд барои мусоидат дар баргузории вохӯрии бонувони аъзои Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ва намояндагони Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Сипас, иштирокчиёни «Хонуми ядроӣ» - Ҳакимова Нодира Умаровна, Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна, Мамадюсуфова Мену Ғуломҳайдаровна ва Абдуллоева Саодат Ҳакимовна дар навбати худ дар бораи роҳу воситаҳои ҳамкории байниҳамдигарӣ мубодилаи афкор карданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Зарина Сайфиева ба роҳбарияти Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушоди «АЗОТ» барои тақвияти ҳамкорӣ изҳори сипос арза дошта, ҳамзамон ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Инчунин ҳангоми бо рафти кори истеҳсолот шинос шудан дар дохили корхона бо фаъолзанони комбинат низ як ҷаласаи машваратӣ барпо гардид, ки дар рафти баргузории он занон аз ҷумла кормандони бахши истеҳсолӣ
Шоҳида Рӯзиева - муҳандис оид ба автоматикунонӣ ва идоракунии раванди истехсолот, Сурайе Раҳимова – масъули дастгоҳи сехи тозакунии гази табиӣ, Райҳонгул Наимова - устои релеи муҳофизатӣ ва автоматикунонии равандҳои технологии истеҳсолот, Бахтӣ Юсупова ва Фарзона Исоева - кормандони масъули сехи карбамидбарорӣ, Нисо Яҳёева - сардори озмоишгоҳи истеҳсолӣ, Шаҳло Маҳмадалиева ва Собира Ҷӯрахонова - мутасаддёни озмоишгоҳи тозакунии об, Анна Кирдляшкина – муҳандис - конструктор, Момогул Музаффарова - устои сехи истеҳсоли аммиак ва Меҳринисо Раҳимова - мутасаддии дастгоҳҳои сехи корхонаи ҷудокунии ҳаво фаъолона иштирок карданд.
Ҳамин тариқ, зимни баргузории ин ҷамъомади муфид иштирокчиёни он дар бораи фаъолият, комёбиҳои истеҳсолӣ ва шахсии худ сухан ронда, инчунин дар рафти суҳбатҳо зарурати боз ҳам бештар ҷалб намудани занонро ба истеҳсолот ва ҳамзамон омодаву тарбия намудани кадрҳоро махсус қайд намуда, барои ҳамкорӣ ба Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» низ мароқи бештар баён намудаву изҳори сипоси худро изҳор карданд.
Баъд аз шиносоии истеҳсолӣ бо роҳбарияти ҶСК «АЗОТ» аъзои Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» аз Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” боздид ба амал оварданд. Гурӯҳи меҳмононро дар даромадгоҳи Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” директори генералӣ - Ҷамшед Маҳмадхонов самимона истиқбол гирифт. Зимни мулоқот мавсуф зикр кард, ки Неругоҳи барқи обии ”Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин иншооти бузурги энергетикӣ дар дарёи Вахши Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Сохтмони ин неругоҳи барқи обӣ дар асоси Пойгоҳи барқи обии “Шаршара” соли 1956 оғоз гардида, чархаи якуми он соли 1962 ба кор андохта шудааст. Айни замон дар НБО “Сарбанд” 162 нафар коргарон, аз он ҷумла 25 нафар занону духтарон, коркунони муҳандисию техникаш аз 75 нафар иборат мебошанд. Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва истифодаи боэътимоди неругоҳ мунтазам дар наҳри (канали) васлкунӣ корҳои муҳофизатии соҳилҳо гузаронида шуда, корҳои рехтани бетон аз сатҳи 455 то 460,5 метр дар ҳаҷми 1800 м3 ва дарозиаш 90 метр ба нақша гирифта шудаанд.
Зимни вохӯрӣ аъзои Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» аз роҳбарияти неругоҳ дар бораи татбиқи илм дар фаъолияти ин неругоҳ, бехатарӣ ва тобоварӣ ба зилзила, инчунин саҳми занон дар бунёди ин неругоҳ ва ҳамкориҳои муштарак пурсон шуданд.
Дар интиҳои ҷамъомад Зарина Сайфиева – роҳбари Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» кормандони илмию техникӣ, аз ҷумла занони дар неругоҳи барқию обӣ коркунанда ва роҳбариятро барои иштирок дар рафти баргузории Конфронси байналмилалии «Нақши занон дар рушди илм, инноватсия ва технология», ки моҳи августи соли 2023 дар назар аст, даъват намуд. Ҳамин тариқ, мулоқот ва сафар ба шаҳри саноати Леваканд хеле хотирмону муфид доир гардид, ки дар лавҳи хотироти иштирокчиёнаш якумр боқӣ хоҳад монд.
Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33
Рақами телефон: +992 37 227 83 83
Почтаи электронӣ: info@cbrn.tj
Таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
Иҷозатномадиҳӣ
Санҷиш
Чораҳои маҷбуркунӣ
Идоракунии сифат
Омӯзиши мутахассисон
Омодагӣ ба ҳолатҳои садамавӣ ва эътино ба он
Муассисаи хизматрасонии техникӣ
Ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар сатҳи миллӣ
Ҳамкориҳои байналмилалӣ