АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
E-mail Воридоти иштибоҳ!
Парол Пинҳон кардан Хатогӣ!
E-mail Здесь сообщение об ошибке!
Рамз Скрыть Здесь сообщение об ошибке!
Панҷшанбе, 21 ноябри cоли 2024
Саволи мустақим ба Директор
Озмуни "Дастархони таомхои миллӣ"
7 марти соли 2024 бахшида ба рӯзи модарон дар Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи фаъолияти Филиали миллии «Хонуми ядроӣ» ҷиҳати таҳкими ҳувияти миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон ва духтарони ҷавон дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ бо мақсади эҳё ва нигоҳ доштани анъанаҳои таомҳои миллӣ, таблиғи ғизои солим ва тарзи ҳаёти солим, озмӯни ҳарсолаи «Дастархони таомҳои миллӣ» баргузор гардид.
Акс: Бахши милии “Хонуми ядроӣ”
Озмӯни мазкур байни магистрантҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии мудири шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи АМИТ Азизхонова Рухшона доир гардида, аз омода намудани хӯроки миллӣ ва мурифии он иборат буд.
Дар суханронии ифтитоҳии худ Илҳом Мирсаидзода – директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, доктори илмҳои техникӣ ба хамаи довталабон барои иштирок дар озмун ва муносибати эчодкоронаашон ба ороиши таомҳо ташаккур баён кард. Ӯ ҳамчунин муҳим будани ҳифзи суннатҳои миллиро дар омода кардани таомҳо, бахусус насли наврас қайд кард. Ӯ дар остонаи ҷашни миллии Рӯзи Модар ва Наврӯзи баҳорӣ ҳамаи ҳозиринро табрик гуфта, ба иштирокчиён сулҳу саломатӣ, саодатмандӣ ва хонаободӣ таманно намуд.
Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна — доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи М.Осимӣ ҳамчун аъзои ҳайати ҳакамон дар бораи шартҳои озмун байни иштирокчиён ва доварон мухтасар суханронӣ намуд. У ҳамаи штрокчиёнро бо идҳои дар пешистода муборакбод намуда, ба довталабон барори кор орзу намуд.
Иштирокчиёни озмун бахшҳои пешниҳодгардидаро сарбаландона иҷро намуда, кушиш намуданд, ки ҳайати ҳакамонро на танҳо бо таомхои болаззати миллии Тоҷикистон, балки бо либосхои миллии мантақаҳои гуногуни ҷумхурӣ баромадҳои шавқовар намуданд. Мусобиқа бо баромадҳои рангини эчодӣ хотима ёфт.
Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33
Рақами телефон: +992 37 227 83 83
Почтаи электронӣ: info@cbrn.tj
Таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
Иҷозатномадиҳӣ
Санҷиш
Чораҳои маҷбуркунӣ
Идоракунии сифат
Омӯзиши мутахассисон
Омодагӣ ба ҳолатҳои садамавӣ ва эътино ба он
Муассисаи хизматрасонии техникӣ
Ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар сатҳи миллӣ
Ҳамкориҳои байналмилалӣ