ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон , як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Эмомалӣ Раҳмон
Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ ва геопалитикии таҳрезишуда равона гардидааст. Экстремизм бошад ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин шарҳ доа шудааст: «Ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад ва истифодаи он бо роҳи ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад». Дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.
Вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрўз дар назди онҳо карор доранд, ҳамеша омода бошанд. Рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористон торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо – Афгонистан вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.Имрўз терроризм ва экстремизм хамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Тавре Пешвои миллат таъкид доштанд: «Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷидди буда, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад ва таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёси содир карда мешавад». Барои тайёр намудани чунин шахсони худкуш ташкилотҳои махсус аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда, ҳисси бадбинӣ ва нафратро аз байн бурдани тарафи муқобилро дар дили он шахс ҷой мекунанд. Ҳатто ба дараҷае ба чунин шахсон таъсир мерасонанд, ки онҳо аз баҳри падар, модар, зану фарзанд ва ҳама дороияш гузашт карда, даст ба чунин кори зишт мезанад.
Коршиносон терроризмро ба се намуд ҷудо намуданд:
1.Сиёсӣ, 2.Миллӣ, 3.Динӣ. Мудҳиштарин ва фоҷиабортарин намуди онро терроризми динӣ ташкил медиҳад. Ин амали марговарест, ки дар зери ниқоби дин пинҳон шуда, зери ливои он мубориза мебарад. Намунаи барҷастаи онро муборизаи Фаластинҳо алайҳи Исроилиҳо арзёби карданд. Дар ин шакли терроризм тарафи «ҷабрдида» пайравони як дин ва тарафи муқобил пайравони динӣ дигар мебошанд, ки аксаран ин амалҳои нангин зери мафҳуми «Ҷиҳод» ба анҷом мерасад, аз ин рў фирефташудагон ва фирефтамешудагонро огаҳи медиҳем, ки худро аз ин амалҳои хатарнок дур гиранд, чунки аз ин ҳеҷ манфиате ба даст намеоранд. Бояд донист, ки он аз ғаразу манфиати ташкилот ва шахсони алоҳида иборат мебошад. Онҳо зери ниқоби дини мубини ислом даромада, гўё дар натиҷаи ваҳшиёна ба қатл расонидани «Кофирон» инсони биҳишти мешавад ва ғаразҳои барои хеш манфиатоварро амали мекунанд.
Ихтилофу зиддият, номуросоӣ, бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани чунин амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду калисо, ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд. Таассуфовар аст, ки дар Покистон, Афғонистон, Ироқ, Сурия ва як қатор давлатҳои дигар, ки нобаробариҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва зиддияти мазҳабӣ зиёд авҷ гирифтаанд, гурӯҳҳои иртиҷоӣ бо истифода аз вазъи ба амаломада ҳадафҳои душманонаи худро алайҳи мардуми бегуноҳ анҷом медиҳанд. Содир намудани амалҳои террористӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва маконе, ки издиҳоми мардум бештар ҷамъ меоянд, дар ин кишварҳо як амали маъмулӣ гардидааст. Дур шудани ҳиссиёти раҳму шафқат аз вуҷуди ашхоси бадсиришту ҷиноятпеша, аз фарҳангу маърифат ва муқаддасоту арзишҳои олии инсонӣ бехабар, боиси содир намудани сангинтарин амалу кирдорҳои разилона гардида, ҳуқуқи одамонро ба зиндагии осоишта маҳрум месозад. Дидани чеҳраҳои кӯдакони ятиму бенаво, занони аз шавҳар маҳрумгашта ва ҷавонони дар айни камолот ҷонбохта хеле риққатовару маҳзункунанда аст, ки дар натиҷаи амалҳои касифонаи гурӯҳҳои худхоҳу ҷоҳталаб рӯзи рӯшанро барои онҳо тира намудааст. Ба дунё омадани инсонҳо барои зистану аз ҳаёт баҳра гирифтан ва зиндагии шоистаро ба сар бурдан аст ва касе ҳуқуқ надорад ҳаётро аз онҳо рабояд, ба ҷуз офаридагор.
Вақти он расидааст, ки падару модарон фарзандонро доимо зери назорати қатъи гиранд. Аз ҳаргуна ҳизбҳои сиёсӣ-динӣ, гуруҳҳои ифротӣ ва иғвоангезу мазҳабҳои тафриқаангез эҳтиёт намоянд. Моҳияти динӣ мубини исломро дуруст дарк карда тавонистанро ба фарзандон омузонанд ва ҷавҳари динӣ исломро ҳамчун дини дустию рафоқат, на дини ҷангу ҷидолу хунрези ба онҳо фаҳмонанд. Дар охир ҳаминро таъкид менамоям, ки ҳар як фарди бо нангу номуси кишварро зарур аст, ки баҳри пешрафт ва рушду шукуфоии сарзамини аҷдодиамон бо гомҳои устувор, арзишҳои миллӣ, бахусус Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллиро ҳамеша ҳифз намояд.