Дар пайравӣ аз иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати экологӣ” дар шаҳри Душанбе, таҳти №114 аз 27 феврали соли 2024 дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъат ёфта истодааст.
Кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо як масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва шаҳрнишинӣ саҳни ҳавлӣ, гирду атрофи биноҳои маъмурӣ ва ҷӯйборҳои маркази таълимӣ ва озмоишгоҳи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ-ро аз ҳар гуна партовҳои ифлос тоза намуданд.