“ҶАВОНОН ҚУВВАИ БУЗУРГ, НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД” ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Бо ин мақсад дар арафаи Рӯзи ҷавонон имрӯз дар шаҳраки академӣ бо иштироки Қобилҷон Хушвахтзода - президенти АМИТ, раёсат ва олимони ҷавони институтҳои АМИТ таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат” роҳпаймоии осоишта баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, ки бо иштироки шумораи зиёди ҷавонон доир гардид, кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ фаъолона ширкат варзида, бо шукургузори аз фазои сулҳу субот ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ояндасози миллат бо шиору овезаҳо ва аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин аз ин чорабинӣ истиқбол намуданд.
Дар доираи роҳпаймоии осоишта, ҳамзамон дар саҳни бинои Маркази омӯзишии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ чорабинӣ идома ёфт. Қобилҷон Хушвахтзода - президенти АМИТ зимни сухани ифтитоҳӣ, тамоми олимони ҷавон ва ҳозиринро харамақдам гуфта, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, аз сиёсати ҷавонпарварона ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки дар ҷомеаи муосир нақш ва мақоми ҷавонони фаъол, донишманду ватандӯст бағоят муҳим буда, пешрафти давлат ва имкониятҳои зеҳнии ҷомеаро бидуни онҳо тассавур кардан ғайриимкон аст. “Рисолати шумо низ ҷавонони азиз аз он иборат аст, ки кору пайкори созандаи фарзандони барӯманди миллати тоҷикро, ки имрӯз дар хизмати халқу ватананд шарафмандона идома диҳед”,-иброз дошт Президенти АМИТ.
Дар интиҳои чорабинӣ, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон як қатор олимони ҷавон ва фаъоли АМИТ бо “Ифтихорнома” ва “Сипосномаҳои” Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.