Иншоот аз тарафи намояндагони расмии Британияву Тоҷикистон аз назар гузаронида шуд ва кормандони техникӣ ҳозиринро бо системаи модернизатсияшудаи муҳофизати ҷисмӣ ва бехатари шинос карданд.
Мақсади асосии лоиҳаи мазкур ба стандартҳои МАГАТЭ мувофиқ овардани системаи бехатарӣ ва муҳофизати маводҳои радиоактивии НҶГПР мебошад. Сохтори НҶГПР бо роҳи зерин модернизатсия карда шуд: насби видеокамераҳои назоратӣ, муайянкунандаҳои (датчикҳои) воридшавии ғайри қонунӣ ва ҳаракат, назорати минтақаи НҶГПР бо воситаи интернети ноқили оптикӣ аз ш. Душанбе, сохтани бинои нави нигоҳдорӣ барои РИТЕГ-ҳо ва дигар партовҳои радиоактивӣ, сохтани бинои марказии назорати минтақа, гузаронидани хати барқи доимамалкунанда, гузаронидани хати қубури об ба иншоот ва ғайра.
Маблағи лоиҳаи модернизатсияи системаи муҳофизати ҷисмӣ ва бехатарии НҶГПР 500 ҳазор ЕВРО-ро ташкил дод, ки аз ҷониби Њукумати Британияи Кабир ба воситаи буҷаи МАГАТЭ маблағгузорӣ карда шуд. Кормандони МАГАТЭ аз рафти амаликунии лоиҳа назорати доимӣ мебурданд.