Курси таълимии минтақавии АБЭА (МАГАТЭ) дар мавзӯи «Усулҳои моделкунии таъсири омилҳои радиоактивӣ ба муҳити атроф ва аҳолӣ»
Аз 26 то 30-юми сентябри соли 2011 дар Душанбе курси таълимии минтақавии Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (АБЭА) дар мавзӯи «Методологияи моделкунии таъсири омилҳои радиоатсинӣ ба муҳити атроф ва аҳолӣ» гузаронида шуд, ки дар он намояндагони давлатҳои Латвия, Литва, Болгария, Албания, Юнон, Венгрия, Македония, Полша, Словакия, Хорватия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муаллимони курси мазкур мутахассисони бо таҷрибаи Британияи Кабир, Куба ва АБЭА буданд.
Мақсади курс аз намоиш ва шиноскунии иштирокчиён бо усулҳои нави моделкунии таъсири омилҳои радиатсионӣ ба одамон ва муҳити зист иборат буд. Якчанд барномаҳои компютерӣ оиди моделкунӣ аз рӯи ин усулҳо таҳия гардидаанд, мисли, CROM, ERICA, RESRAD BIOTA ва ғайра.