Меморандуми имзошуда як қатор самтҳои ҳамкориро дар бар мегирад, аз ҷумла, тадқиқоти муштараки илмӣ, мубодилаи маълумот ва таҷриба, ташкил намудани конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ-амалӣ ва инчунин амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи криминалистикаи ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ. Яке аз ҷанбаҳои асосии ин меморандум омодагӣ ва мубодилаи мутахассисони ҷавон тавассути барномаҳои муштараки магистратура, аспирантура ва докторантура мебошад.
Ҳар ду ҷониб изҳори итминон намуданд, ки ин ҳамкорӣ як қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои илмӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон хоҳад шуд ва ба рушди технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани амният дар минтақа мусоидат хоҳад кард.
Меморандум аз лаҳзаи имзои он эътибор пайдо намуда, дар тӯли панҷ сол амал хоҳад кард ва метавонад тамдид шавад. Ҷонибҳо мувофиқат намуданд, ки ҳар сол рафти татбиқи созишномаро баррасӣ намуда, самтҳои нави ҳамкориро муайян намоянд.