АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
Муҳимтарин нишонаи ватандӯстии ҳар як фард ифтихор аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва талош ба хотири таҳкими минбаъдаи онҳо мебошад
Истиқлолу озодӣ арзишмандтарин неъмате мебошанд, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. Вақте, ки ин суханҳоро вирди забон меорем, ҳар яки моро муҳаббати бузурги ватандорию ватандӯстӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ фаро мегирад.
Агарчӣ миллати соҳибфарҳанги тоҷик, ҳамчун як миллати соҳибдавлат ва тамаддунофар дар давраҳои гуногуни мавҷудияти таърихии худ андешаи истиқлолхоҳӣ доштанд, зидди тохтутозҳои бегонагон ва носозгориҳои бешумори замон мубориза бурда, ваҳдат ва арзишҳои зиндагии худро ҳифз карда, ба наслҳои баъдӣ мерос гузоштанд.
Хушбахтона 9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва изҳорот «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки ба гардиши рӯзгору таъриху сарнавишти мардум тағийроти куллиеро ворид намуд. Инак ҳамасола ин рӯз ҳамчун рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Аз он санаи таърихӣ, акнун 33 сол пушти сар мегардад. 33 соле, ки на танҳо ҳар солаш, балки ҳар соату ҳар рӯзаш дар саҳфаҳои китоби Тоҷикистони ҷавон, вале куҳантаърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаасту намунаи хуби омӯзиши таҷриба ба шумор меравад.
Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. Истиқлолият мафҳуми арзишманд ва калидие мебошанд, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии мардум беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд.
Мардуми шарафманди тоҷик бо хиради азалӣ ва талошҳои фарзонафарзандони миллат, сангинтарин рӯзҳоро пушти сар карданд ва зина ба зина бо бартараф намудани мушкилот, ба комёбиҳо ноил гардиданд. Дар солҳои сипаришудаи Истиқлоли миллӣ мо тавонистем сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, заминаҳои гузариши нави низоми сиёсиву иктисодӣ, иҷтимоиву фархангӣ ва бунёди таҳкурсии давлати соҳибистиклоли тоҷиконро ба даст орем. Бо вуҷуди ҳама мушкилоти ҷойдошта тавонистем пайванди ҷомеаи худро бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ташкил медиҳад, таъмин намоем.
Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик, дастоварди бузургу муқаддас ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки ин руйдоди бузургро бо эҳсоси ифтихору сарфарози ҷашн мегирем. Истиклоли давлатӣ барои миллати тамаддунсози мо падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дар бар мегирад. Қабл аз хама дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандориии миллати сарбаланду хирадпешаи тоҷик мебошад. Ҳамин аст, ки ин падидаро нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.
Агар ба таърихи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки дар ин муддат тамоми соҳаҳои ҷомеа марҳила ба марҳила рӯ ба рушд ниҳоданд ва муҳимтарин ҳадафҳои миллию стратегӣ бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, барои кишвар имконият фароҳам оварданд, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар таҳким ёбанд ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд. Тавре Пешвои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ бахшида ба 32-юмин солгарди ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 сентябри соли 2023 ироа гардид, баён доштанд: «Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвар мебошад. Имрӯз аз таърихи пурифтихори давлати соҳибистиқлоламон дар зарфи сию ду соли сипаришуда хуб мушоҳида мегардад, ки ин марҳала дар муқоиса бо таърихи бостонии халқамон муҳлати чандон тӯлонӣ нест, вале бо миқёси корҳои дар ин муддат амалигардида камназир ба ҳисоб меравад. Тоҷикистони азизи мо баъди эълони истиқлолият роҳи бунёди давлатдории навини миллиро пеш гирифт ва дар шароити бисёр ҳассосу фоҷиабор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ соҳиби рамзҳои давлатӣ гардид, ки муаррифгари давлати тозаистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ ва боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошанд.».
Дар воқеъ таъкидҳои пайвастаи роҳбари давлат аз ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар талаб мекунад, ки то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.
Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки тайи чанд соли охир ва хусусан дар ин соли таърихӣ барои Тоҷикистон, мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти тоҷик барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги умумимиллӣ — сивусесолагии Истиқлоли давлатӣ тамоми қаламрави кишварро ба майдони бузурги заҳмати созанда ва фаъолияти бунёдгарона табдил додаанд ва ҳамарӯз аз ин ё он гӯшаи диёр, паёми неки бунёдкорию созандагӣ мерасад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба раванди тозакорию созандагиҳо ва бунёду азнавсозӣ дар ҳама бахшу соҳаҳо пешниҳоди барномаҳои дар ибтидо се ҳадафӣ стратегӣ — «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар» ва «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» такони ҷиддӣ бахшид. Ҳадафи чоруми миллӣ ин «саноатикунонии босуръати кишвар» низ идомаи се ҳадафи зикргардида аст, ки муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар мамлакат оид ба рушди дигар соҳаҳо, аз ҷумла ба баланд бардоштани иқтисодиёт таъсири мусбат расонид. Ҳамин аст, ки рушди иқтисодии кишварро омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият меҳисобанд. Бо дар назардошти ин омилҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд гардиданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд омаданд, ки ин боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа шуд. Дар атрофи ин чор ҳадафи умумимиллӣ корҳои бузургу созандае то имрӯз ба сомон расиданд ва ҳатто мо имрӯзҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ берун шудем, амнияти озуқавории кишвар таъмин гардид ва истиқлолияти энергетикӣ ба даст оварда шуд.
Дар воқеъ раванди навини таърих дар охирҳои асри ХХ ва ибтидои асри ХХI бар дӯши давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар тӯли ин солҳо мардуми тоҷик давлатдории навини худро заминагузорӣ намуда, соҳиби истиқлолияти воқеии сиёсӣ гардид ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ эътироф шуд. Маҳз истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустаъқил эътироф гардад.
Тавре Пешвои миллат 23 сол муқаддам зимни суханронии худ ба ифтихори 10-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 сентябри соли 2001-ум изҳор доштанд: «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқук ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».
Дар ҳақиқат Истиқлолияти давлатӣ замина фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари сиёсати дохилии кишвар, ҳамзамон сиёсати хориҷии худро такмил диҳад ва бо аксар давлатҳои хориҷӣ муносибатҳои хуби ҳамкориро дар бахши сиёсату иқтисод, тиҷорату энергетика, нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ, ҷавонон, саноат ва амният ба роҳ монад. Дар ин ҷо метавон аз «сиёсати дарҳои боз», ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, ёдовар шуд. Тавассути ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ шуд, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ бештар устувор созад.
Падидаи муҳим ва фарҳабахши дигар, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон, сиёсати хориҷии онро боз ҳам бештар такони мусбат бахшид, ин пешниҳодҳои саривақтию ҳадафмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ вобаста ба масоили об мебошад.
Тазаккур додан ба маврид аст, ки то кунун дар ин самт 6 пешниҳод аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан СММ ҷонибдорӣ гардидааст. Ҳатто СММ онҳоро дастгирӣ ва дар доираи онҳо қатъномаҳо қабул намуд, ки ин аз мавқеи устувор ва нуфузи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003, Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, 2025, “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 2025-2034 “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардида буд, ахиран 13 август Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро қабул намуд.
Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми СММ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки масъалаи об ва таъмини он яке аз масъалаҳои муҳими инсоният ба шумор рафта, фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд. Дар ин баробар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир ҷиҳати роҳи ҳалли онҳо пешниҳодҳо манфитабахш ироа карда, мавқеи худро муайян менамояд.
Ҳамин тариқ Истиқлолити давлатӣ нишони барҷастаи пойдории давлат, бақо ва симои миллат, рамзи ҳувияти миллӣ, машъали фурӯзони ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Бо дарназардошти таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, аз ҷумла яроқнокшавии бошитоб, торафт вусъат гирифтани «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, моро зарур аст, ки барои ҳифзи амнияти миллӣ, ки шарти муҳимтарини устувории давлат ва зиндагии осудаи мардум мебошад, беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем. Яъне мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак ва дар роҳи ҳифзи амнияти давлат ва дастовардҳои замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ омода бошем.
Мо бояд доим сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем ва ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро ба хотири рушди давлатамон ва ободии сарзамини аҷдодиамон равона созем. Муҳимтарин нишонаи ватандӯстии ҳар як фард ифтихор аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва талош ба хотири таҳкими минбаъдаи онҳо мебошад. Ҳар шахсе, ки худро соҳибватан медонад ва мафҳумҳои истиқлолу озодиро муқаддас мешуморад, бояд ҳамаи андешаву амали худро ба он равона созад, ки омодагӣ ба ҳар як ҷашни истиқлол, бахусус, 35-солагии ин рӯйдоди сарнавиштсоз ба марҳалаи нави болоравии эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва вусъати созандагиву ободкорӣ мубаддал гардад.
Олимҷон АЗИЗОВ - мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, номзади илмҳои техникӣ
Заробудин ШИРИНОВ - мутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Почтаи электронӣ:
info@cbrn.tj