АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
29.01.2025
29 январи соли ҷорӣ дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Арзёбии термодинамикии равандҳои радикалӣ дар ашёи хоми минералӣ ва партовҳои урандори Тоҷикистон», семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Семинари илмӣ таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов баргузор гардид, ки дар он унвонҷӯён, ходимон ва олимони ҷавони илмӣ аз Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ ва Озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи семинар академики АМИТ, Улмас Мирсаидов дар мавзӯи «Арзёбии термодинамикии равандҳои радикалӣ дар ашёи хоми минералӣ», баромад намуда, дар робита ба партовҳои маъданҳои урандор, инчунин коркарди маъданҳои бор ва алюминийдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро баён дошт.
Сипас, Бобоёров Меҳровар - ходими калони илмии шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ вобаста ба хусусиятҳои термодинамикӣ ва анҷом додани ҳисобҳо маъруза намуда, таваҷҷуҳи ҳизиринро ба вуҷуд доштан ё надаштани эҳтимоли ҷараёни реаксия ҷалб намуд.
Дар интиҳои семинар мулоҳизаронӣ сурат гирифта, иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.