Дар бораи мо

«МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ АМНИЯТ ВА БЕХАТАРИИ МАВОДҲОИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНӢ - АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД, КИ СИЁСАТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИРО ДАР САМТИ МАЗКУР АМАЛӢ МЕНАМОЯД»
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини омодагӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба аъзошавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии Байналмилалии нерӯи атoмӣ (АБНА), имзои Созишнома оид ба кафолатҳо вобаста ба Аҳдномаи паҳн накардани силоҳи ядроӣ ва Созишнома оид ба таъсиси минтақаи озод аз яроқи ядроӣ дар Осиёи Марказӣ, Қарори № 338 аз 04 августи соли 1999 «Дар бораи ташкил намудани Комиссия барои ҳамкорӣ бо Агентии Байналмилалии Нерӯи Атoмӣ»-ро қабул намуд.
Раиси ин Комиссия академик Ӯ. Мирсаидов, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1995–2005), таъин гардид. Ба Комиссия вазифа вогузор шуда буд, ки пешниҳоди асоснокро оид ба ҳамкорӣ бо Агентии Байналмилалии Нерӯи Атомӣ (АБНА) таҳия намуда, инчунин тадбирҳои заруриро ҷиҳати дар муҳлати кӯтоҳ таъмин намудани аъзошавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АБНА амалӣ созад. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои қабули Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти АБНА омода гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд. Дар натиҷа, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори № 359 аз 26 июни соли 2001 Оинномаи АБНА-ро эътироф намуд ва аз 1 ноябри соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман узви Агентии Байналмилалии Нерӯи Атомӣ гардид.
Баъди эътирофи Оинномаи Агентии Байналмилалии Нерӯи Атомӣ (АБНА) ва қабул гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти он, зарурати ташкили сохтори дахлдор оид ба илм ва танзим дар соҳаи амнияти радиатсионӣ ба миён омад. Бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 сентябри соли 2002, дар таркиби Раёсати Академия нахуст Агентӣ оид ба энергияи атомӣ таъсис дода шуд (иҷозатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 3594 аз 16 декабри соли 2002). Минбаъд, дар асоси ҳамин Агентӣ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ таъсис ёфт (қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон № 112 аз 25 декабри соли 2002). Директори муассиси Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ академики АМИТ Улмас Мирсаидович Мирсаидов мебошанд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» - ро таҳти № 42 аз 1 августи соли 2003 қабул намуд.
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми танзимгари давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ муайян карда шудааст, ки сиёсати ягонаи давлатиро амалӣ намуда, фаъолияти дигар мақомоти ваколатдорро ҳамоҳанг месозад.
Тибқи қарори Маҷлиси Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон № 117 аз 5 ноябри соли 2021 номи Агентӣ ба Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иваз гардид.
Агентӣ фаъолияти худро дар ду самт амалӣ менамояд - дар доираи қонунгузории амалкунанда ҳамчун мақоми танзимгари давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ ва бо дарназардошти тобеияти идоравӣ дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ-тадқикотиро пеш мебарад.
Дар Агентӣ дар умум 102 нафар кормандон фаъолият намуда, аз онҳо 15 нафар роҳбарони илмӣ, 45 нафар кормандони илмӣ, аз он ҷумла, 14 нафар докторони илм, 19 нафар номзадҳои илм ва боқимонда кормандони ёрирасон мебошанд. Инчунин дар ҳайати Агентӣ се филиал дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият менамояд.