Озмоишгоҳи дозиметрӣ
Озмоишгоҳи дозиметрӣ бахши махсус ва муҳимест, ки ба ченкунӣ, таҳлил ва назорати сатҳи радиатсия дар муҳит, инсон ва объектҳои гуногун машғул мебошад. Ин озмоишгоҳ баҳри таъмини бехатарии радиатсионӣ, назорати таъсири радиатсия ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, инчунин риояи талаботҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ, энергетикаи ҳастаӣ ва истифодаи манбаъҳои радиатсионӣ мунтазам чораҳо меандешад.
Самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳ:
- Назорати радиатсияи муҳит дар минтақаҳои гуногуни кишвар, хусусан дар манотиқи наздики манбаъҳои эҳтимолии радиатсия, аз қабили корхонаҳои саноатӣ ё минтақаҳои истихроҷи маъдан;
- Санҷиши сатҳи радиатсия дар хок, об, ҳаво ва маҳсулоти хӯрокворӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳити зист;
- Назорати сатҳи радиатсия дар муассисаҳое, ки бо маводи радиоактивӣ кор мекунанд (дар тиб барои ташхис ё табобат);
- Гузаронидани тадқиқот барои омӯзиши таъсири радиатсия ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ.