Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ

Озмоишгоҳи гамма - спектрометрӣ


Озмоишгоҳи гамма-спектрометрӣ озмоишгоҳи махсусгардонидашуда буда, барои муайян намудани энергия ва шиддатнокии гамма-афканишоти намунаҳои таҳлилшаванда, аз ҷумла маводҳои радиоактивӣ истифода мешавад. Он барои таҳлили маҳсулоти хӯрокворӣ, объектҳои муҳити зист ва дигар маводҳо самаранок истифода бурда мешавад.

Соҳаҳои истифодабарӣ:

  • Санҷиши сатҳи радиатсия дар муҳити зист барои таъмини бехатарии радиатсионӣ;
  • Истифода дар тадқиқоти физикаи ҳастаӣ, астрофизика ва кимиёи радиатсионӣ;
  • Таҳлили маводҳо барои ошкор намудани ифлосиҳои радиоактивӣ.

Усулҳои кор бо гамма-спектрометр:

Гамма-спектрометр таъсири мутақобилаи гамма-квантҳоро бо модда (фотоэффект, эффекти Комптон ва тавлиди ҷуфтҳои электрон-позитрон) сабт намуда, спектрҳои энергетикии онҳоро барои таҳлили минбаъда пешниҳод мекунад.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ


Comodo SSL