Баҳисобгирӣ ва назорати маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ
Баҳисобгирӣ ва назорати маводҳои ядроӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №396 аз 29 августи соли 2023 «Дар бораи Тартиби ташкили низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводҳои ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар» ба танзим дароварда шудааст. Қарори махкур бо мақсади таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, пешгирӣ аз паҳншавии ғайриқонунии маводҳои ядроӣ ва риояи ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи Созишнома оид ба паҳн накардани яроқи ядроӣ, қабул шудааст. Тибқи қарори мазкур, мақоми танзимгар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ муаян гардидааст.
Мақсад ва вазифаҳо:
Ташкили низоми ягонаи давлатӣ барои баҳисобгирии маводҳои ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар.
Назорати истифода, нигоҳдорӣ, интиқол ва нобудсозии ин маводҳо барои пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ ё хатарҳои радиатсионӣ.
Таъмини риояи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА).
Талаботи асосӣ:
Ҳамаи маводҳои ядроӣ ва манбаъҳои радиатсионӣ бояд дар феҳристҳои махсус сабт шаванд. Маводҳои мазкур бояд мунтазам ҳисоб карда шуда, маълумот дар бораи миқдор, ҷойгиршавӣ ва вазъи онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳод гардад.
Назорати давлатӣ тавассути санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавии иншоотҳое, ки маводҳои ядроӣ истифода мебаранд, амалӣ мегардад.
Чораҳои зарурӣ барои муҳофизати маводҳо аз дуздӣ, гумшавӣ ё истифодаи ғайриқонунӣ андешида мешаванд.
Ташкили мониторинги доимии сатҳи радиатсия дар муҳити зист, об, хӯрокворӣ ва маводҳои сохтмонӣ.
Ӯҳдадориҳои байналмилалӣ:
Қарор оид ба иҷрои Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Қатъномаи 1540-и Шӯрои амнияти СММ (Қарори ҲҶТ №54 аз 9 феврали 2016) мусоидат мекунад, ки ба пешгирии паҳншавии силоҳи ядроӣ ва маводҳои марбут нигаронида шудааст.
Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла АБНА ва Идораи миллии амнияти ядроии ИМА (DOE/NNSA), барои муҷаҳҳаз кардани марказҳои муайянкунии маводҳои ядроӣ ва радиатсионӣ.