Озмоишгоҳи муайянкунии маводҳои таъиноташ дуҳадафа ва назорати содироти маводҳои ХБРЯ
Самти фаъолияти озмоишгоҳи мазкур фарогири назорат ва идоракунии маводҳои кимиёвӣ, таъиноташон дуҳадафа ва дигар моддаҳои хатарноки токсикӣ мебошад, ки метавонанд барои мақсадҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла истеҳсоли силоҳи қатли ом истифода шаванд. Мубориза ва пешгирӣ, барои содироти ғайриқонунии чунин маводҳо яке аз вазифаҳои асосии озмоишгоҳ ба шумор меравад.
Бо мақсади муайянсозӣ ва мониторинги маводҳои хатарнок, таҳлили мукаммали химиявӣ бо истифода аз хроматографи моеъи баландсифат (High-Performance Liquid Chromatography – HPLC) анҷом дода мешаванд. Усулҳои мазкур имкон медиҳанд, ки бо дақиқии баланд таркиб ва консентратсияи моддаҳои гуногун муайян карда шавад. Гузаронидани таҳлилҳои химиявӣ бо истифода аз хроматографи моеъи баландсифат яке аз усулҳои муассири ташхис ба ҳисоб рафта, барои пешгирӣ ва ошкор кардани воридшавии маводҳои назоратшаванда мусоидат мекунад.
Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқот дар ин самт дар озмоишгоҳи мазкур 14 маводи илмӣ нашр гардида, аз ҷумла 6 мақола дар маҷаллаҳои тавсиянамудаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 фишурдаи маърӯзаҳои илмӣ-амалӣ дар маводҳои конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 2 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 1 санад дар бораи ҳосил намудан ва озмоиши миқдори таҷрибавии шишаи моеъ гирифта шудааст.