Маълумот дар бораи санҷиш

Шуъбаи санҷиш ва чораҳои маҷбурсозии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон воҳиди сохтории муҳим дар доираи фаъолияти ин Агентӣ мебошад, ки масъулияти назорат, санҷиш ва татбиқи чораҳои маҷбурсозӣ дар самти таъмини амнияти радиатсионӣ ва ядроиро ба ӯҳда дорад.
Шуъба дар фаъолияти худ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Оид ба бехатарии радиатсионӣ”, “Оид ба истифодаи энергияи атомӣ”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ”, “ Оид ба танзими давлати дар соҳаи таъмини бехараии радиатсионӣ”, “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ”, Низомномаҳо ва Фармонҳои директори Агентӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсиониро амалӣ менамояд.

Вазифаҳои асосии Шуъбаи санҷиш ва чораҳои маҷбурсозӣ, ин таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ мебошад.
Кормандони шуъба ҳангоми гузаронидани санҷишҳо чораҳои заруриро оид ба пешгирӣ ва огоҳии далелҳои вайронкунии қонунгузорӣ, ҷуброни зарари ба давлат расонидашуда, ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор, қатъи муваққатии амали иҷозатнома ва татбиқи чораҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда тадбирҳо меандешанд. Шуъба дар салоҳияти худ боздоштани амали иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатномадиҳӣ, бозхонд намудани иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, рад кардан аз додани иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо, пешбурди феҳристи иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозии додашуда, қабули огоҳиномаҳо, аз иҷозатномадор, дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, шахсе, ки аз расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ, инчунин огоҳсозӣ гузаштааст талаб намудани маълумот оид ба риояи шартҳои иҷозатдиҳӣ ва талабот ва шартҳои тахассусӣ, санҷиши риояи талабот ва шартҳои додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ ва таъйини ҷазои маъмурӣ нисбат ба шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудааст бар душ дорад.
Шуъба бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), дар самти иҷозатномадиҳӣ, санҷиш ва риояи ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Созишномаи паҳн накардани яроқи ядроӣ (NPT) фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Мавриди зикр аст, ки дар солҳои 2024-2025 оид ба пешбурди низоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидори хусусӣ ва давлатӣ, аз тарафи нозирони шуъбаи санҷиш ва чораҳои маҷбурсозӣ дар умум 85 санҷиши нақшавии субектҳои хоҷагидор гузаронида шуд, ки аз ин шумора 15 субекти хоҷагидори хусусӣ ва 70 субекти хоҷагидори давлатӣ ба шумор мераванд. Дар ин давра аз тарафи нозирони шуъба нисбат ба шахсони масъули 36 муассисаи тиббӣ бинобар сабаби риоя нагардидани талаботҳои бехатарии радиатсионӣ тибқи моддаи 124-и Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима ба маблағи 549000 сомонӣ ба фоидаи давлат ситонида шуда, ба буҷаи давлатӣ ворид гардид.