Аризаи маҷозӣ (онлайн)
Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон раванди иҷозатномадиҳӣ ба тариқи платформаи «e-license» амалӣ карда шуд. Он бо мақсади иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалӣ намудани технологияҳои муосир ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии давлатӣ, инчунин стратегияи рақамикунонӣ амалӣ мегардад.
Платформаи раванди гирифтани иҷозатномаҳоро барои истифодабарандагони манбаъҳои ионофар сода, шаффоф ва осон мегардонад. Бо истифода аз «e-license» ҳуҷҷатгузорӣ ва муроҷиатҳо ба таври электронӣ (онлайн) амалӣ гардида, зарурати ҳузури ҷисмонӣ аз байн меравад ва вақт сарфа мешавад. Иқдоми мазкуо қисми талошҳои давлат барои рушди ҳукумати электронӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат аст, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ борҳо таъкид гардидааст.
Дар доираи сиёсати рақамикунонӣ ташаббусҳое, чун таъсиси низомҳои электронии хизматрасонӣ ба соҳаи иҷозатномадиҳӣ ва афзоиши дастрасии хизматрасониҳо ба шаҳрвандон мусоидат менамоянд. Инчунин ин иқдом ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мувофиқ буда, яке аз ҳадафҳои асосии он муосирсозӣ ва рақамикунонии идораҳои давлатӣ, аз ҷумла муассисаҳои илмии он мебошад.
Воқеан «e-license» на танҳо ба осон кардани раванди гирифтани иҷозатномадиҳӣ барои мардум мусоидат менамояд, балки дар таҳкими давлати муосир ва ҷалби ҷаҳониён ба ин сарзамин замина мегузорад.
Истинод барои ворид шудан ба барномаи «E-license».