Филиали Агентӣ дар вилояти Хатлон
Сохтмони бинои нави филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар аз моҳи феврали соли 2025 бо оғоз гардида ва дар нақша аст, ки то солҳои минбаъда ба анҷом расад.
Филиали мазкур барои таъмини бехатарӣ ва амнияти маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядро дар минтақаи Хатлон мусоидат намояд.Айни замон, Филиали мазкур дар шаҳри Бохтар фаъолияти кории худро дар чунин самтҳои асосии танзимӣ ва корҳои илмӣ ба анҷом расонида истодааст.
Самтҳои асосии фаъолият:
- Мониторинги радиатсионӣ ва экологӣ дар минтақа.
- Таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ дар вилоят.
- Назорат бар истифодаи бехатари манбаъҳои радиатсионӣ дар муассисаҳои тиббӣ, саноатӣ ва илмии минтақа.
- Ташкили чорабиниҳо оид ба пешгирии хатарҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар вилоят.
- Ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ барои таъмини риояи стандартҳои байналмилалии бехатарӣ ва амнияти маводҳои ХБРЯ.
- Ташкили барномаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ барои мутахассисони маҳаллӣ дар соҳаҳои радиоэкология, технологияи коркарди моддаҳои радиоактив ва дигар самтҳои ХБРЯ.
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ:
Корҳои илмӣ-тадқиқотии филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар Хатлон дар асоси мавзӯъҳои муҳими илмӣ амалӣ мешаванд, ки он бо дастгоҳи Марказӣ ҳамоҳанг карда шуда, ба ҳадафҳои стратегии кишвар нигаронида шудаанд. Баъзе аз мавзӯъҳои асосии тадқиқотӣ:
- Тадқиқоти физикӣ-химиявии истихроҷи уран дар минтақа.
- Татбиқи усулҳои муосири таҳлили радиоэкологӣ ва мониторинг бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта.
- Тадқиқоти озмоишӣ ва саҳроӣ барои муайян кардани захираҳои уран дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи вилояти Хатлон.
- Тадқиқоти таъсири радиатсия ба биосфера ва таҳияи тавсияҳо барои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи вилояти Хатлон.
- Таҳияи усулҳои муосири коркарди моддаҳои радиоактив бо истифода аз технологияҳои нав.
Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Хатлон дар самти таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин пешбурди тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи радиоэкология ва коркарди моддаҳои радиоактив нақши муҳимро мебозад. Самтҳои асосии фаъолияти он ба мониторинги радиатсионӣ, истихроҷи бехатари уран, омодасозии кадрҳо ва ҳамкориҳо бо мақомотҳои маҳаллӣ нигаронида шудааст. Корҳои илмӣ-тадқиқотии филиал дар доираи лоиҳаҳои АМИТ, аз қабили таҳияи харитаҳои радиоэкологӣ ва технологияҳои коркарди уран, амалӣ гардида, ба саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ва ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунанд.