Магистратура, аспирантура ва докторантура
1. Дараҷаи доктори фалсафа (PhD) аз рӯи ихтисоси 6D072000 (05.17.01) - Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ
• Шакли таҳсил: Рӯзона
• Муҳати таҳсил: 3 сол
Тавсиф: Ихтисоси 6D072000 (05.17.01) ба технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ нигаронида шуда, барномаи таълимии PhD дар ин самт ба омӯзиши илмиву тадқиқотии равандҳои физикӣ-химиявӣ, технологияҳои истеҳсоли моддаҳои ғайриорганикӣ ва коркарди маводҳои хом, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба коркарди партовҳои радиоактивӣ ва саноатӣ равона гардидааст. Барномаи мазкур ба таҳияи маводҳои нав, такмили технологияҳои саноатӣ ва истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, муҳити зист ва бехатарии радиатсионӣ нигаронида шудааст.
• Талабот барои қабул:
- Дипломи магистратура дар ихтисосҳои марбут ба химия, физика ва технологияи моддаҳо ё соҳаҳои шабеҳ.
- Пешниҳоди кори илмӣ тадқиқотӣ ва гузаштани озмуни дохилшавӣ.
- Дониши хуби забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ).
• Самтҳои асосии тадқиқот:
- Технологияи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ барои истеҳсоли моддаҳои ғайриорганикӣ.
- Тадқиқоти хосиятҳои физикӣ-химиявии маводҳо.
- Идоракунии партовҳои радиоактивӣ ва таъмини амнияти радиатсионӣ.
2. Дараҷаи магистратура аз рӯи ихтисоси 1М-33.01.03 - Радиоэкология
• Шакли таҳсил: Рӯзона
• Муддати таҳсил: 2 сол
Тавсиф: Барномаи магистратура дар ихтисоси радиоэкология (1М-33.01.03) ба омӯзиши таъсири радиатсия ба муҳити зист, мониторинги радионуклидҳо дар муҳити биологӣ, идоракунии партовҳои радиоактивӣ ва таъмини бехатарии радиатсионӣ нигаронида шудааст.
•Талабот барои қабул:
- Дипломи бакалавр дар ихтисосҳои марбут ба биология, химия, физика ё экология.
- Гузаштани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва мусоҳиба.
• Мазмуни барнома:
- Курсҳо оид ба асосҳои амнияти радиатсионӣ, қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи амнияти радиатсионӣ, дозиметрия, таъсири радиатсия ба организми инсон ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи радиатсионӣ.
- Дарсҳои амалӣ дар лабораторияҳои ААХБРЯ, аз ҷумла кор бо мониторҳои радиатсионӣ ва системаҳои ошкоркунии маводи радиоактивӣ.
- Таҷрибаомӯзии илмию техникӣ дар озмоишгоҳҳои Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва дигар муассисаҳои марбут.