Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ

Шуъбаи амнияти киберӣ, кафолатҳо, омодагӣ ва вокуниш ба садамаҳои ХБРЯ


Шуъбаи мазкур ба ҳимояи инфрасохтори муҳими Маркази минтақавии амният, бехатарӣ ва кафолати ХБРЯ-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ вобаста ба таҳдидҳои киберӣ равона шудааст. Шуъбаи мазкур масъулияти таъмини амнияти системаҳои иттилоотӣ, ки дар идоракунии озмоишгоҳҳо, хизматрасонии ҷамъиятӣ ва назорати маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ истифода мешаванд, бар уҳда дорад. Бо назардошти афзоиши вобастагии Тоҷикистон ба технологияҳои рақамӣ, шуъбаи амнияти киберӣ барои пешгирӣ аз ҳамлаҳои киберӣ, ҳифзи маълумоти ҳассос ва таъмини устувории инфрасохтори рақамӣ фаъолият менамояд. 



Ҳамзамон шуъба оид ба тназими кафолатҳо вобастба ба истифодаи осоиштаи маводҳои ядроӣ ва радиоактивиро пешбарӣ менамояд. Кафолатҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии радиатсионӣ” ва созишномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба паҳн накардани яроқи ядроӣ, амалӣ мешаванд. 




Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои миллии омодагӣ ба ҳолатҳои садамавӣ ва вокуниш ба онҳоро таҳия ва амалӣ мекунад. Нақшаҳо барои сатҳи минтақавӣ ва маҳаллӣ таҳия шуда, дар иншоотҳое, ки технологияҳои радиатсионӣ ва ядроӣ истифода мешаванд, татбиқ мегарданд ва нақши шуъба дар  самти мазкур ингузаронидани санҷишҳои нақшавӣ ва ногаҳонии омодагӣ ба чунин ҳолатҳо мебошад. 

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ